Хусурам худкушӣ мекунад...
02.11.2025
Oila.tj
403

Ман келини хурдии марде ҳастам, ки зиндагӣ хораш намудааст. Гиряҳои мӯйсафеди хусурамро дида, дилам хуншор мешавад. «Занамро дӯст медоштам ва то ҳол дӯсташ медорам, вале Худованд ӯро аз ман барвақт рабуд» мегӯяду рӯяшро ҷониби дигар мегардонад, то ашки чашмонашро набинем.

Барояш беҳтарин хӯрокҳоро мепазам, либосҳояшро шуста, дарзмол карда медиҳам, вале чеҳраи мӯйсафедро ғубори ғам ҳеҷ тарк намекунад...

Кораш мудом акси хушдоманамро гирифта бо он сурати бе ҷон дарди дил кардан аст. Ба шавҳарам гуфтам, ки шояд дили мӯйсафед зан мехоҳад, қарзи фарзандиятонро ба ҷо оварда, падаратонро зан диҳед.

Шавҳарам розӣ шуд, вале хусурам ин пешниҳоди моро шунида қариб буд, ки девона шавад.

«Ман ба кампирам дар тӯли 40-соли зиндагиямон хиёнат накардам, акнун мекунам?! Шумоён марги маро мехоҳед, барои ҳамин ин гапро фикр карда баровардед»,- гӯён, қиёматро қоим кард мӯйсафеди вафодор.

Ғами зани ба хок рафтааш имрӯз мӯйсафеди моро аз по афтондааст. Ба назди чандин табибон бурдем, вале касе ба дардаш дармон ёфта наметавонад, зеро дарди ин мӯйсафед дарди ишқ аст.

Метарсам, ки ягон рӯз қасди ҷони худ накунад. Илтимос, ба мо маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем?

УМРИНИСО, н. Шаҳритуз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД