arzon replenishment
Ба раисамон ошиқ шудам
5004

Салом хонандагони азиз! Дар миёни чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, қалам ба даст гирифтам, то аз шумоён маслиҳат бипурсам.

Ман як духтараки ҷавони 24-сола ҳастам. Соле қабл як донишгоҳи бонуфузро хатм карда, дар як корхонаи давлатӣ ба кор даромадам. Роҳбари корхонаамон бисёр инсони хуб ва марди наҷиб аст. Аз рӯзи аввал вай "духтарҷон" гӯён, тамоми чизҳои намефаҳмидагиамро бо суханони хуш ба ман мефаҳмонад ва ҳамеша дилбардорӣ мекунад, ки зиқ нашавам, оҳиста-оҳиста тамоми нозукиҳои корро фаҳмида, мутахассиси олиҷаноб мешавам.

Суханони меҳрубононаи раис дили маро обу адо карда, ба ин марди бофарҳанг, самимӣ ва бисёр хушгуфтор ошиқи зор шуда мондам. Медонам, ки раис ҳамсоли падарам аст ва зану фарзанд дорад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ишқи ӯро аз дил берун карда наметавонам.

Хонандагони азиз, шояд шумо маро лаънат карда, духтари бешарму беҳаё хонед, вале чӣ кунам, ки ман ба фармони дилам, на дил ба фармони ман аст. Шефро чунон дӯст доштаам, ки шаб то саҳар танҳо дар андешаи ӯ ҳастам.

Дар оташи ишқи раис сӯхта, обу адо шудам ва қарор додам, ки ҳарчӣ бодо бод, ӯро аз дарди дилам огоҳ месозам. Бо ҳамин мақсад паёмаки пур аз меҳре барояш фиристодам, вале аз раис ягон ҷавоб наомад. Вай чунон вонамуд месозад, ки гӯё аз ҳоли дили мани зор тамоман хабар надорад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам.

Хонандагони азизи «Оила», шумо ба мани ошиқ чӣ маслиҳат медиҳед? Аз кор равам ё бо ягон баҳона ба назди раис даромада, ошкор гӯям, ки дӯсташ медорам?
О.

Поделиться новостью
Шарҳ
(9)
Неъматчон 2023-06-16, 12:37
Аз Паси шефат нашав. Ҳеҷ вақт хушбахт намешави
Посух
Муслимп 2023-06-16, 17:04
Аклатро хурди чи ба Марди бачадор ошик мешави шарм дор
Посух
Мохинав 2023-06-21, 15:33
Агар ин мард раис намебуд хичвакт дусташ намедошти ошики пулу молаш хасти
Посух
Huseinboi 2023-06-28, 17:41
Лучше корро бас кунед. Ҳамаш хуб мешавад. Мегуянд "Аз дил биравад касе ки аз дида бирафт". Вакте надидеду камтар дидедашон охиста охиста фаромуш мешавад
Посух
Мммэ 2023-07-11, 07:48
Манам раис факат зан надорам ва аз раиси Шумо накл кардаед ман чавонтар хастам
Посух
Ммм 2023-07-11, 07:49
Манам раис лекин зан надорам хуб мешуд оила барпо менамудем
Посух
Мухиддин 2023-07-11, 07:51
Ман хам раис лекин зан надорам хуб мешуд хамрох оила барпо менамудем
Посух
Саид бек 2023-09-13, 14:31
Точикистон ба пеш
Посух
Зангир. 2023-09-21, 15:25
Шуи ту бояд дар Точикистон кор кунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД