Чанд шаб боз хоб мебинам, ки ҳомиладораму шикамам дамидааст ва худ ба худ фикр мекунам, ки чаро ҳеҷ таваллуд намекарда бошад.
Ростӣ, ману шавҳарам чанд вақт боз ҷудо зиндагӣ мекунем ва аслан дар фикри ҳомиладор шуданду фарзанд ба дунё овардан нестам. Ҳайронам, ки чаро худро дар хоб ҳамеша ҳомиладор мебинам. Таъбири хоби ман чист?
Посух
Ҳомиладорӣ дар хоб фоли нек аст. Дар як ҳадис, ки Табаронӣ ривоят намудааст, омадааст: “Магар хушбахт нест зане, ки аз шавҳари поку ҳалолаш, ки аз ӯ розист, ҳомила шудааст ва барои ҳар як рӯзе, ки тифлашро дар батни худ гирифта мегардад, он қадар савоб мегирад, ки бо савоби шахсе, ки як моҳи дароз рӯза дошта, шабҳоро бо ибодати парвардигор саҳар кардааст, баробар аст. Вақте ки дарди зодан сар мешавад, ганҷи беинтиҳое, ки Аллоҳ ба ин зан ҳадя мекунад, тамоми мавҷудоти замину осмон дар ҳисобаш оҷиз мемонанд...”
Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки агар зани ҷавони муҷаррад хоб бинад, ки ҳомиладор шудааст, ишқи нав пайдо мекунад, вале то расидан ба васли ёри худ хеле азоб кашида, аз дурию дарди ҳиҷрон ва рашк оби дида мерезад. Аммо барои зани калонсол ҳомиладорӣ дар хоб чандон хуб набуда, ба дарду ран6ҷ ва беморӣ ишорат мекунад.
Ҳомиладорӣ дар хоб барои чунин занон метавонад як навъ огоҳӣ аз ҷониби Аллоҳ бошад, ки ташвишҳои зани хобдида зиёд мешавнад, вале одами қарздор зани ҳомиладорро хоб бинад, аз гирдоби қарз раҳоӣ меёбад ва ё шахси қарздода пули додаашро ба ӯ мебахшад.