Formula novemver 2024
Ишқи духтари тоҷику бачаи ҷӯгӣ (қисми4)
2614


   -Корат рӯзи дароз хоб. Ягон дӯзд хонаро дуздида барад ҳам, хабар намешавӣ. Хайрият, ки Санавбар ҳасту ягон дузду ҷӯгиро аз ҳавлӣ даромадан намемонад,-норозигӣ кард язнаам аз занаш.

Апаам зуд чизеро дарк кард, ки:
   -Кадом дузду ҷӯгӣ?-гуфта кунҷковона ба ман синча карда нигоҳ кард.
Ман сарамро поён афкандам. Фаҳмидам, ки ба даст афтодаму апаам ҳама чизро пай бурд.
-Кадом дузду ҷӯгӣ,-дубора пурсид апаам.

Ҳозир омадам, Санавбар як ҷӯгиписарро ба ҳавлӣ даромадан намемонд,-ҷавоб дод язнааму тарафи ҳоҷатхона рафт.
-Ҳмм. Маълум. Вақт ёфта бо ҷӯгӣ, кӣ буд-Саноқулат хилват кардӣ-ҳа?-оҳиста , вале бо зарда гуфт апааму ба “ҳа”-ю “не”-и ман нигоҳ накарда, ба ошхона даромад.
   Дар вохӯрии навбатиам бо Саноқул апаам нохост аз хона баромаду ӯро дашномкунон пеш кард. Маълум, ки апаам маро таҳти назорати пинҳонӣ гирифта, ҳар як қадамамро поида менишастааст.
-Чизу чораатро ҷамъ куну таёр шав, худи ҳозир туро ба хонаамон бурда мемонам,-амр дод ба ман.
 Ман ҳам итоаткорона ба хона даромадаму барои ба хонаамон рафтан тайёр шудам. Нишонии хонаи худамонро ҳам ба Саноқул дода будам. Дилам пур буд, ки ӯ маро ҳатман ба он ҷо рафта меёбад. Вале дилпуриам бармаҳал будааст...
     Баробари ба хонаамон расидан апаам ба ҳамагон эълон дошт, ки шавҳараш ба рухсатӣ баромадаасту барои ҳамин то аз нав ба кор баромадани вай ,маро ба хонаамон овардааст, лекин фурсати қуллай ёфта, модарамро ба кунҷи хилвате бура, аз “кору бори”-ман ӯро воқиф кард. Модарам номаълумакак теғ кашида ба ман нигаристу чизе нагуфт. Аммо хуб медонистам, ки ӯ фақат барои сиррамро дар пеши аҳли хонавода, махсусан янгаҳоям фош накардан хомӯш асту маро дар танҳоӣ хуб “гӯштоб”-мекунад.Ва ҳамин хел ҳам шуд...
   Аз хонаи апаам омаданамро ду моҳ мешуду аз Саноқул дараке набуд. Дилам аз фироқаш ба дард омада, сарам вазнину чашмонам пурашк буданд.         Дамдӯзду хаёлӣ гашта, рӯз ба рӯз лоғар мешудам.Ин ҳол аз чашми аҳли оилаамон пинҳон намонд. Онҳо пурсонам мешуданд, ки чӣ дарде дорам. Аммо модарам, ки аз савдои дилам бохабар буд, худро бепарво нишон дода,-дар хонаи апааш одат карда буду ин ҷо зиқ мешавад,-мегуфт ба онҳо.
-Шарофат, берун баро, чизҳои фурӯшӣ оварданд,-рӯзе шунидам овози янгаи калонамро, ки янгаи дуюмамро садо медод.
   Ман, ки даруни хона рӯ ба девор дароз кашида будам,ҳис кардам, ки Саноқул омадааст, давида ба берун баромадам.
Чеҳраи ошноро дидаму дасту пойҳоям суст шуданд. Дигар чизеро дар хотир надорам. Чашм кушода худро болоӣ сурфаи рӯй ҳавлӣ дидам. Падарам дуохониям мекарду модарам даст ба пешониям гузошта ашк мерехт. Сару рӯй ва либоси танам дар об тар буданд.
-Хайрияте, чашмашро кушод,-шунидам овози янгаамро.
-Духтарам ба ту чӣ шуд, ҳамаро талхакаф кардӣ?-пурсид падарам, дуохонияшро тамом карда.
   Ҷавобе надодам. Ман бо нигоҳ Саноқулро меҷустам. Вале ӯ набуд. Чашмам ба чашми модарам бархӯрд. Ӯ маънидорона сар меҷунбонда оҳ мекашид...
   Ба хонаамон хостгорон омаданд.Модару зани амаки Саноқул. Янгаҳоям мақсади ду ҷӯгизанро фаҳмида, хандаашонро пинҳон карда наметавонистанд. Модарам бе ягон дудилагӣ норозӣ буданашро ба онҳо баён карду хотирашонро ҷамъ кард.
-Дугонаҷон, дил-дили зайнаб-мегӯянд. Духтару бача якдигара маҳқул кардагӣ,-модарамро розӣ кунонданӣ мешуд модари Саноқул, аммо модарам гапи онҳоро гӯш ҳам накарда, аз хонаамон пешашон кард.
Янгаҳоям аз дарди дилам бехабар шӯхӣ мекарданд, ки ҷӯгиписар аз ҳуш рафтани Санавбарро дар пешаш дида, гумон кардааст, ки ҳусну ҷамоли вай беҳушаш кардаасту рафта хостгор фиристодааст”. Ба суханони онҳо лабханд мезадаму “Оре, ишқи вай маро бехуд кардааст”-мегуфтам дар дил.
   Саноқул дигар наомад. Олам пеши чашмонам ба тамом зулмотро мемонд.      Умеди дидорбиниямро бо вай тамоман аз даст додам. Ва андӯҳи ин фикр ба асабам беасар намонду беморам сохт. Ман дигар ақлбохтаро мемондам. Бехабар аз худ-худ ба худ ҳарф мезадаму номи Саноқулро гирифта, зор-зор гиря мекардам. Аз хонаамон баромада рафтани мешудам. Ҳатто боре даст ба худкӯшӣ заданӣ шудам. Хайрият, ки бародарам маро ресмон дар даст тарафи оғил рафтанамро дида, зуд аз пасам рафта, саддӣ роҳам гашт.
     Ҳамагон андеша доштанд, ки ба ман ҷин ё парӣ ёр шудасту Саноқул номи ҳамон ҷин ё парист. Падарам пайваста дуохониям мекарду ба дуохонии худ қаноат накарда аз дигар ҷойҳо муллоҳои номиро гирифта ба хонаамон меовард, то ба дардам даво ёбанд.Дасту поямро барои аз хона баромада нарафтанам бо маслиҳати яке аз ин муллоҳо баста буданд. Модарам аз тарси бадномии ман дар мавриди дил бохтанам ба ҷӯгиписар ба касе даҳон намекушоду соатҳо пешам нишаста, насиҳатхониям мекард. Аммо, маро он замон гӯши шуниде ба насиҳат набуд...
   Апаам ба аёдатам омада, тани лоғар, рангу рӯи заъфарон ва дасту пои бастаамро дида, фиғон кашид. Ӯ маро ба сина пахш мекарду –хоҳаракам, барои тану ҷони сиҳати ту ҳамаи кори аз дастам меомадаро мекунам”-гӯён сару рӯямро бӯсаборон мекард. Яқин тақсири бемории маро аз худ медонист, ки аҳволамро дида, ҷигараш ба сӯзиш омада буд...
-Оча, Санавбарро аз даст медиҳем, бояд ба дадам ҳақиқатро гӯем,-ба гӯшам омад овози апаам, ки паст паст сухан мекард.
-Чӣ хел мегӯем? Фаҳмад, ки ин беақл аз ишқи як ҷӯгӣ ба ин ҳол афтодааст, девона мешавад...
-Дадам одами боақл, мефаҳмад. Шумо чӣ, мурдани духтаратона мехоҳед?
-Астағфуриллоҳ, ин гапа нагӯ,-кадом модар мурдани фарзандро мехоҳад? Аз рӯзе, ки ин духтар ба ин ҳол афтодааст, мурдаи берун аз гӯрам,-гуфт модараму ҳақ-ҳиқ ба гиря даромад...
-Санавбарҷон, адреси ҳамон Саноқулро медонӣ?-рӯзе бо эҳтиёт пурсид модарам.
 Ман нишонии Саноқулро, ки худаш ҳангоми дар хонаи апаам буданам гуфта буд, ба модарам гуфтам...
   Хабари ба хонаи Саноқул-ино рафтани падару бародарамро ба ман апаам расонд. Моҳе пас тӯйи хоксоронае карда, ману Саноқулро ҳамхона гардонданд.Аз он рӯз 25- сол сипарӣ гашт. Ҳарчанд интихоби ман ба пайвандон писанд набуд, аммо барои онҳо саломатии ман аз ҳама авлотар буд, ки ноилоҷ барои издивоҷи мо розигӣ доданд.
Ману Саноқулам соҳиби чор фарзандему ба наздикӣ соҳиби набераи дуюм гаштем. На ман на шавҳару кӯдаконам ба талбандагӣ машғул намешавем. Саноқулам бо хоҳиши ман дӯкони заргарӣ кушоду аз кори авлодияш –гадоӣ батамом даст кашид.Ӯ сохтани ороишотро ба ману фарзандон низ омӯзонд, ки зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб сару бар мешавад.
   Ростӣ ба аёдати хешу табор кам дар кам мераваму онҳо низ ба хонаи ман кам меоянд. Аммо муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки ман бо шавҳару фарзандон хушбахтаму аз шаҳди муҳаббат комам ширин аст.
                      
           Таснифи Наргиси Муродалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД