Мусобиқаи «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» аз 29-уми август то 8-уми сентябри соли 2025 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар мусобиқаи дуюми байналмилалӣ дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон рақобат менамояд.
Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон дохиланд. Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканд ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.
29-уми августи соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ифтитоҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Барои мухлисоне, ки чиптаи ин бозиро мехаранд, туҳфаи арзишманд - автомобили BYD E2 омода шуда, ба бозӣ гузошта мешавад. Пеш аз оғози вохӯрӣ мухлисони футбол ва тамошобинонро барномаи рангини консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик интизор аст.
Ин чорабинӣ соати 20:00 оғоз шуда, баъд аз он бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон доир мегардад. Чиптаҳоро барои ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «В»-и мусобиқа метавонед аз платформаи echipta.tj харидорӣ намоед. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад.
Баъдан футболбозони тоҷик 1-уми сентябр бо дастаи мунтахаби Афғонистон ва 4-уми сентябр бо дастаи мунтахаби Эрон рақобат мекунанд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал байни ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар шаҳри Ҳисор доир карда мешавад.