1xbet
Қисмати зан (ҚИСМИ 2)
970

Зан чеҳраи манфури ду-се нафареро, ки дилашро озурда буданд, бо кароҳият пеши рӯ овард. Дар симои онҳо ба кулли мардумон хост нафрат кунад. Аммо...

Чеҳраи меҳрубону самимии даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо одамони неку асиле, ки на як рӯзу ду рӯз, ё як солу ду сол, балки даҳсолаҳову бистсолаҳову чилсолаҳо, ё тамоми умр мешинохт, ба ёдаш расиду гиреҳи ҷабинаш худи ба худ кушода шуд.

- Барои ду-се нафар ношуд, ки ҳамагӣ чанд рӯзе, ё моҳе, ки давоми як сол бархӯрд кардаӣ, набояд аз тамоми инсонҳо дилсард, пурнафрин, дилмонда гардӣ! - хитоб кард ба худ. Ӯ акнун аз он, ки Худованд бо чанд инсони дар инсонӣ кӯтоҳидошта рӯ ба рӯяш гардонд, дар умқи дил, то ҷое қаноатмандӣ эҳсос кард.

Агар чунин иттифоқҳо намеафтоданд, шояд ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ касони асилро аз ноасилон фарқ намекард. Бо бархӯрд бо касони "алоҳида" қадру манзалат, иззату эҳтиром ва эътибори инсонҳои ҳақиқии медониставу мешинохтааш, ки тӯли солҳои дароз ҳамеша бо ӯ муносибати якмарому поку самими доштанд, барои зан як бар сад афзуд.

- Худоё, шукри будани инсонҳои нек, асил, якрӯю якмаром... Шукр, ки онҳо ҳастанду шаби зулмони рӯзи равшан, ғамҳо дур ва дил пур аз шодиву сурур мегардад, вагарна бевуҷуди чунинҳову вуҷуди чунонҳо шабу рӯз якранг-тираву тору зулмонӣ, қалбҳо аз ғаму ғӯсса ҳама пурхун мебуд, - андешид зан...

... Зан ба хона даромаду ба шавҳараш, ки руйи ҷойгаҳ нимхез буд, нигарист.

- Дастархон кушоям, - оҳиста пурсид аз вай.

- Не, баъдтар мехӯрам, - ҷавоб дод, шавҳару бо азоб аз ҷой боло шуд...

Доштани тани солим дар ҳақиқат, давлати бузург, бебаҳотарин сарват, пурнишоттарин ҳолат аст. Инсон танҳо ва танҳо, фақат бо тани солим метавонад дар зиндагӣ барои худу дигарон коре карда бошад. Беморӣ одамро ба худ нобовар, аз зиндагӣ дилмондаву дилсард, бечораву ҳақир ва ба андешаи бемор, пеши дигарон музтару сархам мегардондааст.

Зан инро бо бемории шавҳар хуб фаҳмид, хело хуб!

Вале бо изни раҳмату меҳрубонии Худованд, сабру таҳаммул, дилдориву дилбардорӣ тавонист, то шавҳари бемори аз по тамоман фитодаашро дубора ба пой рост бинаду дар дили вай шӯълаи хомӯшгаштаи умедро ба зиндагӣ аз нав фурӯзон намояд.

- Худоё, сад ҳазорон шукронаат, беҳисоб шукронаат, - оҳиста гуфт зану бо меҳр ба шавҳараш, ки омада, сари дастархон нишаста буд, нигарист. Шавҳар аз туғёнҳои дили зан бехабар, "бисмиллоҳ” - гӯён даст тарафи дастархони навкушода бурд.

Зан аз ҷой боло шуду аз паси корҳои рӯзгор боз рӯйи ҳавлӣ баромад...

Ба ёдаш аз ториҳои номаълум кампираки нобинои қариб садсолаи деҳаашон расид, ки аз нӯҳсолагӣ нобино гашта. Ӯро на шавҳар буду не фарзанде, лекин дар кӯлбаи лойини аз волидайн мерос монда, тани танҳо зиставу бо он ки Зоти Пок бенавояш намегузорад, мудом шукргузор аст.

Пеши назараш ким-кадом чеҳраҳои номаълуму ношиноси бедасту бепо, лолу ношунаваҳо падидор гаштанд, нафароне омаданд, ки байни обу оташанд, зери бори гаронанд, дар чоҳу зиндонанд, таги доранд, аммо ҳамагӣ бо имову ишора рӯ сӯйи осмон, бо зикри номи Худо, шукргузорӣ менамуданд. ОҲ-Ҳ-Ҳ!.!!

Аз хиҷолат саропои зан оташ гирифт, рӯ сӯйи осмон карду бо фарёди бесадо, нолид:

-Худоё! Мани кӯтоҳақлро бубахш! Бубахш, ки гоҳу ногоҳ пешат бечоранолӣ аз бечораҳолии хеш мекунам. Бениёзам! Бубахш, ки бо ҳамаи ниёзҳои додаат, ман ба лутфу марҳаматат, раҳмату мағфиратат, илтифоту ҳимматат, ба иноятат, ба қиматат,боз ҳам то вопасин нафас ниёз дорам, эҳтиёҷ дорам. ХУДОЁ!

Ногоҳ ба назараш чунин намуд, ки лаҳзае осмон, замину замон аз буда, фарохтар, зеботар, дилработар гардиданд. Буттаву алафҳои хазонгашта ҳама шукуфон гаштанд. МУЪҶИЗА!

Вуҷуди зан таккон хӯрд. Нерӯи нодиданӣ, вале эҳсосшавандае ба ӯ тобу тавон бахшид. Аз ин ҳама худро тавонно ҳис кард. Дилаш лабрези таманно гашт, қаноатманд шуд, тасалло ёфт!

Зиндагӣ бо ҳама бурду бохт, шебу фароз, афтодану хестан, хандидану гиристан, шикастану ҷаъму ҷӯр шудан, зиндагӣ гашта. Пас, бояд онро ба он соне, ки ҳаст, пазируфту бояд дар он устувор зист.

Наргиси МУРОДАЛӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД