1xbet
Марги дорбоз (ҚИСМИ 1)
272

Дар сирк ҳамаи кормандон дар тааҷҷубу ҳайрат буданд. Муноқишаҳои хусуматомезу муносибати сарду нафратангези Ҷамолу Ҷамила рӯз дар миён гӯиё поён надошт. Оқибати ин муҳорибаҳои забонии онҳо маълум набуд, ки ба чӣ меанҷомад. Онҳо интизор буданд, ки ҷанги лафзии ду дилдода кай ба охир мерасад.

Баъзе хайрандешону некбинон тахмин мекарданд, ки дере нагузашта ҳар ду ҷавон бо ҳам оштӣ мешаванд ва рӯзҳои наздик, насиб карда бошад, шоҳиди тӯйи арӯсию домодиашон мешаванд. Зеро ки Ҷамол аз рӯзи нахустини ба кор омадани Ҷамила аз қафои ӯ кашола шуда мегашт ва ҳар лаҳзаи муносиб бо ширинзабонӣ дили духтарро ба худ моил карданӣ мешуд. Аммо буданд нафароне, ки оқибати нохушеро пешгӯйӣ мекарданд. Ва тахмини онҳо ба ҳақиқат табдил ёфт. Ҳангоми намоиши ҷашнии моҳи ноябр Ҷамила аз болои тор сарозер ба фарш афтида, ҳамон замон ҷон ба ҷонофарин супурд. Дар ин фалокат аҳли кормандони сирк Ҷамолро гунаҳкор шумориданд ва милиса ӯро ба ҳабс гирифт.

Пешбурди парвандаи ҷиноятиро ба муфаттиши прокуратура Сафаров супурданд ва ӯ амр кард, ки гумонбарро ба дафтари кориаш ҳозир намоянд. Ва инак, рӯ ба рӯйи муфаттиш ҷавонмарди болобаланди хушсурат бо чеҳраи маҳзун рост меистод.

- Марҳамат, шинед,- Сафаров бо нигоҳи сарди кунҷковона сар то пойи ӯро аз назар гузаронд.

- Ташаккур,- паст овоз баровард Ҷамол.

Пурсиш оғоз ёфт. Муфаттиш маълумоти шарҳи ҳоли гумонбарро рӯйи варақ сабт намуд. Шарҳи ҳоли бенуқсоне дошт ҷавонмард. Даҳ сол боз дар сирк ҳамчун ширинкор фаъолият намуда, аллакай дар байни мухлисон бо ҳаҷву ҳазлу шӯхиҳои намакинаш соҳиби обрӯю иззат гардида буд. Ҳар бор бо барномаҳои наву тоза хотири тамошобинонро шод мегардонд. Соҳиби чанд ифтихорнома шуда, фармонҳои инъомҳои пулӣ дафтарчаи меҳнатиашро зеб медоданд.

- Бо кадом сабаб, - одатан муфаттиши оромтабиат тоқат накарда, овозашро баланд сар дод, - бо кадом асос духтарро ба худкушӣ расондед?

- Медонед, чӣ,- гумонбар дастонашро ба ду тараф ёзонда, илтиҷоомез садо баровард,- ман… ман… ӯро ба худкуши маҷбур накардаам.

- Вале ӯ мурд?

- Мурд… афсӯс…

- Ҳангоми Ҷамила дар болои таноб буданаш шумо ба сӯяш давида дод зада, ӯро тарсондед? Ҳамин тавр?

- Бале. Ҳамин тавр. Ман инро инкор намекунам, - шитобкорона розӣ шуд гумонбар.

- Пас барои чӣ ҷинояти содиркардаро ба гардан намегиред?

- Охир, ман ӯро ба худкушӣ нарасондаам,- Ҷамол нигоҳи чашмони маҳзунашро ба фарш дӯхт.- Аз ҳама аламовараш он аст, ки дар ин маврид беилоҷам. Имконияти худро ҳимоя кардан надорам. Дар ҳақиқат ҳама чунин гумон доранд, ки ман ин ҷиноятро содир кардам. Агар ман ба ҷойи шумо мешудам ба ҳамин хулоса меомадам. Ҳолати ғайриоддӣ. Аммо ман… ман ӯро накуштаам.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД