Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз имкони ба даст овардани даромади иловагиро пайдо мекунед. Фаъолияти нав қувваи зиёдатонро талаб намекунад. Нафароне, ки ба тағйироти қатъӣ омода ҳастанд, охири рӯз амал карданашон беҳтар аст. Онҳое, ки дар ҷустуҷӯйи ҷои кор ҳастанд, кори табъи дилро пайдо мекунанд. Аз вазъи саломатӣ ташвиш накашед, масунияти шумо мустаҳкам аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар ин рӯз иштиҳоятон баста мегардад, вале инро нишонаи ягон бемор шуморида, маҷбуран хӯрок нахӯред. Рӯзҳои наздик имкони пулкоркуниро пайдо месозед. Маблағи бадастовардаатон аз фаъолнокии шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ ба танбаливу бекорӣ роҳ надиҳед. Дӯстон бо шумо дидорбинӣ кардан мехоҳанд, бо вуҷуди серкорӣ ҳатман барояшон вақт ҷудо кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ҷавзоҳое, ки мошин меронанд, дар ин рӯз бояд хеле боэҳтиёт бошанд. Бо вуҷуди ба маслиҳати нафаре ниёз надоштанатон, барои ҳарфи оқилонаву кумак изҳори миннатдорӣ кунед, вагарна минбаъд мушкили худро дар танҳоӣ рафъ намудан лозим меояд. Барои аз саломатии худ дилпур будан ҳатман ба табиб муроҷиат намоед. Бо ҳар сабаби ночиз асабонӣ нашавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аввали рӯз душвор бошад ҳам, хатоҳои дар гузашта содирнамудаи худро ислоҳ мекунед. Нафареро ранҷонида бошед, бахшиш пурсед. Минбаъд кӯшиш намоед, ки дили нафареро наранҷонед. Ҳангоми ибрози ақида кардан ба нуқтаи назари дигарон низ диққат диҳед. Нафаре аз шумо изҳори муҳаббатро интизор аст, вале дудилагиятон барои гузоштани қадами ҷиддӣ монеъ мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Аввали рӯз аз танбаливу бекории атрофиён асабатон хароб мегардад. Бо кори зиёд андармон шуданатон хуб аст, вале наздикони худро низ фаромӯш насозед. Миёнаи рӯз чӣ тавр сарф кардани маблағи худро нафаҳмида мемонед. Охири рӯз аз рафтори шахси дӯстдоштаатон норозӣ мегардед. Вақте расидааст, ки ӯро аз осмон ба замин фароварда, уҳдадориҳояшро ёдовар шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Реҷаи рӯзро риоя кунед. То нимаи шаб кор кардану ба ҷои истироҳат заҳмат кашидан лозим нест. Ҳама кор вақти худро дорад. Ғами саломатии худро хӯрда, ҳама корро пайи ҳам иҷро кунед. Нафареро насиҳату ба коре талқин накунед. Аз худ омӯзгор натарошед, беҳтараш бо маслиҳат кумак расонед. Як ҳарфи ноҷо ё садои баланд тамоми рӯз табъатонро хира мегардонад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳар гаперо, ки дар дил доред, ба забон наоред, вагарна чанд нафарро меранҷонед. Миёнаи рӯз имкони ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Ҳангоми пушидани дар ва маҳкам кардани қулф бодиққат бошед. Охири рӯз барор ҳамсафари шумо мегардад. Нафарони зиёде аз шумо маслиҳату кумак мепурсанд. Бо мушкили дигарон машғул шуда, саломатии худро дар хатар нагузоред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Тамоми фикру хаёлатон ба шахси дӯстдоштаатон банд гашта, хаёлан дар олами орзуҳо парвоз мекунед. Миёнаи рӯз дар саломатиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, ин кори хеле хатарнок аст. Танҳо табиби кордон ва ташхиси дақиқ ба дарди шумо даво меёбад. Барои саломатӣ пулро дареғ надоред. Дар муносибатҳои ошиқонаатон баъзан нофаҳмӣ рух медиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аслан шуморо асабонӣ кардан кори осон нест, вале дар сурати пеш омадани монеаҳо касе наметавонад сади роҳи қаҳру ғазаби шумо гардад. Ҳар хабаре, ки мешунавед, дурустияшро санҷида, ҷонибдори нафаре нагардед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед. Агар чизе асабатонро хароб мекарда бошад, дар ин бора ба касе чизе нагӯед. Барои ба дили наздикони худ роҳ пайдо кардан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бо вуҷуди берангу бемаънӣ будани аввали рӯз шахси дӯстдоштаатон хотиратонро шод мегардонад. Зуд-зуд ҳавои хонаи худро тоза карда, ҳатман ба сайругашт бароед. Аз ҷойҳои пур аз чанг, аз қабили китобхона ва осорхонаҳо дурӣ ҷӯед. Имрӯз эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемории аллергия вуҷуд дорад. Миёнаи рӯз бо пешгирӣ намудани бемориҳои илтиҳобӣ машғул шавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Барои бартараф намудани мушкили дигарон вақти зиёдеро сарф мекунед. Иқдоматон хуб аст, вале корҳои худро низ ба анҷом расонед. Охири рӯз табъатон болидаву ба тағйиротҳо омода мегардед. Ҳар ғалате, ки содир мекунед, сари вақт ислоҳ кунед. Бо наздиконатон беҳуда муноқиша накунед, бо сар задани нофаҳмӣ аввалин шуда, гузашт кунед. Ҳангоми сафару саёҳатҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ба ҳоли меъдаи худ раҳм намоед, пайваста аз чизе хӯрдану нӯшидан худдорӣ намоед. Миёнаи рӯз даромади пулӣ имкон дорад. Хусусан нафароне, ки вақтҳои охир заҳмати зиёд кашидаанд, маблағи хуб ба даст меоранд. Молеро, ки имрӯз харидорӣ мекунед, муддати мадид ба шумо хизмат мерасонад. Рӯзи шанбе бо ғур-ғури беҳуда табъи наздиконро хира нагардонед.