1xbet
Ҷавонмарги ҷавонмардам, дареғо...
13.08.2025
Oila.tj
1467

Ҳеҷ нагуфтӣ, ки куҷо меравӣ,

Дур зи падару модар ҷудо меравӣ.

Хонаи дил накарда ба ту вафо,

Аз бари мо сӯи Худо меравӣ.

Субҳи 18-уми августи соли 1987 ҷавонмарде аз беморхонаи деҳаи Дарғ, сӯи деҳаи Каздон бо шитоб ба хонаи ҳоҷи Саидолими Каздони омада, аз таваллуд шудани тифлаке шодиёна гирифт. Ҳоҷӣ Саидолим баъди гусели меҳмон ба ҷониби қибла гашта, чунин суханро гуфтанд: сад шукри парвардигор мекунам, ки давомдиҳандаи кори ман ба дунё омад. Хешу таборе, ки дар хона буданд, ҳама ҳайрон гаштанд аз суханони Саидолим.

Рӯз аз рӯз ин тифлаке, ки номашро бобояш Саъдибой гузошта буд, бузург мешуд ва аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Вақто, ки ҳафтсола шуда, ба синфи якум ба мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафт, ӯ аллакай Қуръонро хатм карда буд.

Бо гузашти солҳо ӯ мактаби миёнаро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни супорид ва соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Солҳои донишҷӯйиаш ҳам мисли оби равон гузаштанд. Баъди соҳиби дипломи олӣ гаштанаш бо роҳхати Вазорати маориф дар мактаби мимёнаи №44-и ноҳияи И. Сомонӣ ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба кор шуруъ кард. Аз он рӯзе, ки Саъдибой корро дар мактаб шуруъ намуд, ҳурмату эҳтироми мардум ба ӯ даҳчанд зиёд гардид. Афсӯс, ки ӯ ба беморие дучор гашту ҳеҷ як табибе ба дарди ӯ дармон наёфт. Умр вафо накарду ӯро ҷавон бурд. Инак, аз фавти ӯ як солу шаш моҳ мешавад. Чӣ тавре шоира Фарзонаи Хуҷандӣ гуфтааст:

Нақши мо дигару нақшаи боло дигар аст,

Муҳри Исо дигару муҳри таъоло дигар аст.

Ҳарчӣ барнома кашидам, хати батлон зада буд,

Хати қисмат дигару хостаи мо дигар аст.

Бале, ҳар чӣ мо мехоҳем, он намешавад, ҳар чӣ Худо хоҳад, ҳамон мешавад. Соати 3-и шаби 15-уми марти соли 2024 дар моҳи шарифи Рамазон дар синни 37-солагӣ дар рӯи дастони падар ҷонро ба ҷонофарин супорид. Он рӯз ба қалби ман турбати санге гузошт ва мисраҳои аз дили сӯхтааш гуфтаро дар ин санг хаттотӣ кард:

Ҷавонмарги ҷавонмардам, дареғо,

Гули пажмурдаи зардам, дареғо.

Бимонди доғи худро бар дили ман,

Саропо ҳасрату дардам, дареғо...

Инак, рӯзи 18-уми август рӯзи мавлудат мебошад, аммо ҷойи ту холист...

Писари ягонаам Саъдибой, ҷисмат аз байни мо рафт, вале меҳру муҳаббат то абад бар мост, аз ин рӯ, ҳар рӯз дуо мекунам, ки ҷойи писари азизу ягонаам ҷаннат бошаду хонаи охираташ обод!

Падари ҷигарсӯхтаат Мирбоқии Ҳоҷисаидолим

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД