Нозанини марғуламӯ
Файзинисо нахустфарзанди оилаи Самихон ва Зайнаб буд. Пас аз Файзинисои ҳафтсола дар ин хонавода як писару як духтари дигар ба воя мерасид. Духтарак хурдсол бошад ҳам, ба қавли ҳаққу ҳамсоя аловдаста буд, ҳангоми ба кор банд будани модараш додару хоҳарашро доягӣ мекарду ҳар супориши модарро давдавон иҷро менамуд.
Файзинисо бар замми чақонию дидадароӣ он қадар зебо буд, ки аз тамошояш дили кас сер намешуд. Аҳли кӯча нозанини марғуламуро зиёд дӯст медоштанд, модар ҳамеша Худоро зора мекард, ки чашми бад аз рӯйи духтаракаш дур бошад...
Ҳамсояи дасти росташон холаи Сафаргул, ҳамаша таъкид мекард, ки Файзинисо, файзи хонадони ӯ хоҳад шуд. Ӯ духтаракро барои писари дӯстдору кенҷагияш Хайрулло келин карданӣ буд. Хайрулло аз Файзимоҳ чор- панҷ сол калон буд, аз ин гапи модар аввалҳо шарм медошт, вале оҳиста-оҳиста духтаракро аз бачаҳои беодоби кӯча муҳофизат мекарду дар баъзе корҳои модараш кӯмак низ менамуд. Амаки Самихон сардори бригадаи пахтакорӣ буд, дар даврони Шӯравӣ ин вазифаи пурмасъуле буду мард шабу рӯзашро дар сари кор мегузаронид. Холаи Зайнаб бошад ба тарбияи се фарзанди хурдсол ва кору бори хона банд буд. Аммо ба сари модар он чизе омад, ки метарсид…
Гул дар гулхан
Як рӯзе, ки барои занҳои деҳот маъмулӣ аст, Зайнаб хамир шурида монду аз паси кору бори дигари хона шуд. Файзинисо бошад ҳамроҳи додараку хоҳаракаш дар айвон машғули лухтакбозӣ буд. Онҳо аз лухтакҳои чӯбини бофтаи модараш шаҳу арӯс тайёр намуду тӯй доштанд. Модар бо хотири ҷамъ корҳояшро ба субут расониду хамирашро зувола карда дар танӯр оташ гиронд, Файзинисо чун ҳарвақта ба сараш рӯймол бастаю дастакони сафедакашро шӯстааз модар хоҳиш кард то барояш каме хамир диҳад то кулча тайёр кунад. Модар ҳавсалаи духтарашро дида хоҳишашро рад накард, нонҳои модар ҳам тайёр шуданду кӯлчаҳои кӯдаконаи Файзинисо ҳам. Модар онҳоро ба танӯр басту то сурх шудани онҳо ба ҳота даромад то барои шакароб кабудӣ чинад. Файзинисои кунҷков аз набудани модар истифода карда сари танур омаду тунукаи болои онро як тараф карда хост кулчаашро бинад. Ӯ дид, ки кулчаяки сохтааш нав рангашро иваз карда истодааст, вале боз дар лаби танур кашол шуда дурустар дидани шуду…
Файзинисо рӯйнокӣ ба болои хирмани лахчаҳои сӯзон зад дар як лаҳза атрофро бӯйи ғализи пусту мӯй ва гушти одамӣ фаро гирифт. Зайнаб ҷонҳавл сӯйи танур давида духтаракашро аз танур берун овард, аз доду войи модари бечора дар як дам рӯйи ҳавлӣ пури одам шуд. Ба чеҳраи обилазори Файзинисо нигаристан даҳшатовар буд. Ҳамсояҳо Зайнабу духтарашро ба беморхона бурда, ин ҷо ҳамаро сару бар карданду кафанворӣ тайёр намуда интизор нишастанд, вале…
Ҳусни барбод
Файзинисо азобҳои зиёде кашид, вале вақташ буд нашуда будаасту зинда монд. Ба зинда мондан зинда монд, вале акнун духтараки соҳибҷамол булаҷаб менамуд. Рӯяш кашидаву сиёҳ, як бари рӯяш пурра пачақ ва абрувонаш рехта буданд. Бар замми ин ангуштони як дасташ ба ҳам часпида буданд…
Падару модар шукри зинда мондани духтари нозанинашонро карда, ҳатто ба нуқсонҳои даҳшатбори рӯю дасти ӯ аҳмият намедоданд. Ҳамсолонаш дар аввал аз вай худро канор мегирифтанд, вале оҳиста-оҳиста ба дугонаи ҷабри тақдир дидаашон одат карданд. Файзинисо дар мактаб то синфи ҳашт хонд, рӯз аз рӯз қад кашида ба духтари қадрасе мубаддал мегашт, панҷаҳои часпидаи дасташ дигар инкишоф наёфтанду як дасташ маъюб монд.
Он вақтҳо дар музофот духтурони соҳибкасбе, ки ин гуна ҷарроҳии нозукро гузаронад набуд. Аммо Файзинисо хеле ҳунарманд ва тозарӯзгор буд. Тамоми кору бори рӯзгорро бо як чаққонӣ ба субут мерасониду дар вақтҳои холигӣ ба гулдӯзӣ кардан машғул мешуд. Модар ба духтари маъюб, вале чевари гулдасташ нигариста хуни дил мехӯрд. Холаи Сафаргул ба ин оила хеле меҳрубон буд, вале дигар Файзинисоро келинам намегуфт.
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД