new banner new years
Ишқи духтари тоҷику бачаи ҷӯгӣ
3742

 

Духтари муллои деҳа будаму ҳафт пӯшти падариву модариам ба қавле саидзодагон буданд ва дар байни мардум обурӯю эҳтироми беандоза доштанд. Дар оилаамон мо ҳашт нафар фарзанд аз чизе танқисӣ надоштем.
   Ман духтари дуюму фарзанди охирини хонадон будам. Шаш бародар ва ягона апаам бисёр дӯстам медоштанд. Ду бародари калон ва апаам соҳиби хонаҳои ободи худ буданд. Апаам дар деҳи боло, зиндагӣ мекарду ман бештар дар хонаи вай будам, зеро шавҳараш дар шаҳр кор мекарду шабҳо бо 3 кӯдаки хурдсол апаам танҳо буд.
 Мактаби деҳаамон ҳаштсола буду барои хондан дар синфи нуҳуму даҳум бояд мо ба мактаби ҳамсоядеҳ мерафтем.Аммо бештари духтарон баъди хатми мактаби ҳаштсолаи деҳаамон аз хондан даст мекашиданд. Аниқтараш наздикон розигӣ намедоданд, ки ба мактаби ҳамсоядеҳ, ки дар масофаи чор-панҷ чақрим аз деҳаи мо ҷойгир буд, раванд.
   Ман ҳам синфи ҳаштумро тамом кардаму дигар аз давом додани таҳсил даст кашидам. Акнун барои дар хонаи апаам будан монеъае вуҷуд надошт.Зеро пештар муаллимон барои аз дарсҳо қафо монданам ба хонаамон меомаданду аз ҳамин боис маҷбур мешудам, ки ба хонаамон равам.
   -Бе Санавбар ҳам корҳои хонаро келинҳо мекунанд. Бигзор апаашро ҳамроҳӣ кунад,- мегуфт модарам ба бародари калониам.
Бародари калонам аз он, ки ман ҳамеша дар хонаи апаам меистам, гоҳ-гоҳ норозигӣ баён мекард.
-Духтари калони қадрас бояд дар хонаи худашон бошад, на дар хонаи язна,-гуфтанҳои бародарам апаамро ҳамеша ба хашм меовард.
-Ӯ дар хонаи язнааш ҳам бошад,дар он хона фаромӯш накунед, ки апааш ҳам зиндагӣ мекунад,-ҷавоб медод малулона.
   Хулоса, ман дигар дар хонаи апаам будам. Кӯдаконашро нигоҳубин мекардаму ба дигар корҳояш низ ёрдам дода меистодам.
   Апаам аз тафси ҳавои тобистон ҳар рӯз кӯдаконро ба хона дароварда, мехобонд.Ӯ худаш ҳам одате дошт, ки ҳар нисфирӯзӣ қатори кӯдаконаш як-ду соат мехобид.Вале маро рӯзона ҳеҷ хоб намебурд, бинобарин ҳангоми хоби онҳо ба ягон кори худам овора мешудам.
Фасли тобистон ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, назар ба дигар фаслҳо   ҷӯгиҳо –зану мард, пиру ҷавон бештар ба деҳаҳо барои талбандагӣ меомаданд.

Он рӯз апаам чун одати ҳарвақта бо кӯдаконаш даруни хона хобида буду ман дар сояи дарахти чормағзи калони ҳавлӣ шерозпоча дӯхта менишастам. Ба ҳавлӣ се ҷавонписари ҷӯгӣ даромаданду талаб намуданд, то барояшон чизе хайру садақа кунам. Ростӣ пеш аз ин ман ҳамеша ба ҷӯгиҳо рӯи хуш намедодаму суханони пасту баландашон мегуфтам. Аммо он рӯз ягон сухани бад аз даҳонам берун набаромад. Баракс, гӯшвору ангӯштарӣ ва дастмонаҳои нуқрагинеро, ки яке аз ҷӯгиписарон барои харидорӣ карданам пешам гузошт, ба даст мегирифтаму ба ҷӯгиписар беихтиёр дамбадам менигаристам. Ӯ сабзина буд,вале чашмони кабудфоме дошт, ки ин ба худаш бисёр мезебид.
-Бисёр зебо, аммо пул надорам,-изҳор кардам бо таасуф.
-Саноқул, хай ба духтари хушрӯ як чиз туҳфа кунӣ, ҳеҷ гап намешавад,-ба ҳамроҳи зеварфурӯшаш ба таври худ шухӣ кард ҷӯгиписари дигар.
-Ҳа, туҳфа кун,-раваду дилаша ёбию янга шавад,-гапи рафиқашро об дод ҳамроҳи сеюм.
Саноқули зеварфурӯш намедонист, ки чӣ кор кунад. Дилаш намешуд, ки маҳсули меҳнаташро бепул диҳад, вале суханони ҳамроҳонашро ҳам ношунида гирифта наметавонист.
   Ман ба гуфтугузори онҳо завқ бурда хандида,- аз ҷӯгиҳо чиз гирифта намешавад,онҳо фақат аз мардум мегиранд,-гуфтам.
Ин суханам ба иззати нафси Саноқул расид, ки:
-Хато мекунӣ,-гуфт ва аз ман талаб кард, ки худам ягон ороишотро бароям хуш кунам.
Бе ягон истиҳола даст ба ҳалқаҳои қафасии баргакдоре бурдам, ки бо санъати хосае хело зебо сохта шуда буд.
-Шуд, ҳамин аз ту. Фақат бо як шарт;онро худам ба гӯшат меандозам.
Ман хандон бе ягон дудилагӣ розӣ шудам.
Саноқул ҳалқаро ба гӯшҳоям гузарониду “насиб кунад”-гуфт...

(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД