Рӯзе дугонааш Чеҳра ба ҷои кори ӯ омад. Онҳо хеле гарму ҷӯшон вохӯрӣ карда, аз аҳволи якдигар пурсон шуданд.
Чеҳра дар бораи фарзандонаш ва ҳамсари меҳрубонаш нақлҳои аҷиб карда, ба Шаҳноз саволомез нигоҳ кард.
- Дугонаҷони азизам, Чеҳра, ман аз муваффақиятҳои ту шодам. Корҳои ман низ хеле пеш рафтанд. Раҳмат ба ту, ки ба ман маслиҳат додӣ, ки гӯшанишинӣ накунам. Вақти бекорӣ надорам.
- Дугонаи азизам, дар бораи ҳаёти оилавӣ гап зан,- гуфт Чеҳра.
- Он хатои аввалин барои тамоми ҳаёти ман басанда аст. Ман дигар ҷуръат карда наметавонам. Ба ягон мард бовар надорам.
- Дугонаҷони азизам, боз ҳам хато мекунӣ. Охир на ҳама чун Воҳид булҳавасанд. Ишқи пок дар рӯи замин ҳаст. Маҳз муҳаббат аст, ки ҳаёт зебост. Охир ҳаёти мо бе фарзанд маъно надорад.
- Чеҳраҷон, синну солам ҳам барои таваллуд кардан мувофиқ нест,- гӯён Шаҳноз афсӯс хӯрд.
- Дер нашудааст. Шарт нест, ки ту таваллуд кунӣ. Аз хонаи кӯдакон як тифлакро гирифта калон кун. Ин беҳтарин кор мешавад.
Баъди чунин суҳбатҳо дугонаҳо бо якдигар хайрухуш карданд. Дар гӯши Шаҳноз суханони дугонааш такрор ба такрор садо медоданд. Ӯ ба хулосае омад, ки тифлакеро ба тарбия гирад. Шаҳноз соҳиби духтарчаи нозанин шуд. Тифлаки дурӯзаро Қатра ном монд. Аз кори кардааш шод буд. Агар Қатра хандад, механдид, агар гиряд, ҳамроҳаш кӯдаквор мегирист. Барои Шаҳноз зиндагии наве оғоз гардид. Дар давоми рӯз даҳ-дувоздаҳ бор ба хона занг зада, аз ҳоли Қатра мепурсид, кор тамом шудан баробар ба хона метохт. Янгаи
меҳрубонаш - ҳамсари бародараш ёвари ӯ буд.
Аввалин табассум, аввалин сухан, аввалин қадамкании Қатра барои Шаҳноз ид буд. Аз бахти баландаш меболид. Баъди ноумедиҳои зиёд дар дили Шаҳноз як шуълаи умед аланга зад. Ӯ соҳиби фарзанд аст, ӯро дар хона мунтазиранд, ин аст шодии зиндагӣ.
Хурсандии Шаҳноз дер давом накард. Рӯзе Қатра аз мактаб ба хона гирён омад. Ҳарчанд янгааш пурсон шуд, ӯ чизе нагуфта, ба хонаи дарун даромаду бо садои баланд гирист.
Ин ҳолатро ба Шаҳноз телефон карда гуфтанд. Ӯ баъди фурсате ба хона расида, саволомез ба янгааш нигоҳ кард.
- Намедонам, Қатра аз мактаб омада, ба пурсишҳоям чизе нагуфт,- ҷавоб дод келини хонадон.
Шаҳноза ба хонаи дарун даромада, аз Қатра сабаби гиряашро пурсид:
- Ба ту чӣ шуд, духтарам?
Қатра аз ҷо бархоста, ба чашмони Шаҳноз нигариста, пурсид:
- Модари ман кист?
Рӯзи равшан дар назари Шаҳноз шаби тор шуд. Сараш чарх зад. Дилаш беҳузур шуд. Ба Қатра наздик шуда, ӯро ба оғӯш гирифт ва ҳарду баланд гиристанд.
- Қатраҷонам, ин суханро ба ту кӣ гуфт? Манам модари ту. Калон шавӣ, ман ҳамаашро ба ту мегӯям. Ҳозир ором шав, манам модарат.
Баъди ин суханҳо Қатра Шаҳнозро сахттар ба оғӯш гирифт. Шаҳноз метарсид, ки мабодо касе онҳоро аз ҳам ҷудо бисозад.
Шаҳноз ба фикр фурӯ рафт. Ин ҷудоиандозӣ кори кӣ бошад? Майна об мекард. Охир ӯ роҳбари яке аз ташкилотҳои калонтарини ноҳия аст ва имрӯзҳо садҳо корафтодагон ба наздаш медароянд, хоҳиши на ҳамаи онҳоро иҷро карда метавонад. Ба ёдаш омад, ки ду рӯз пеш зане аз назди ӯ норизо баромад. Бори сеюм бо ҳамон хоҳиш наздаш даромаданӣ буд, ки Шаҳноз ба ӯ фаҳмонд, ки аз уҳдаи иҷрои ин кор намебарояд. Қонунро вайрон кардан намехоҳад. Пеш аз рафтан он зан гуфта буд:
- Ту қонунро вайрон кардан нахоҳӣ, ман хонаи туро вайрон мекунам!
Он рӯз Шаҳноз ба суханони он зан аҳамият надода буд. Фақат имрӯз фаҳмид, ки ӯ чиро дар назар доштааст…
Шаҳноз аз Худои мутаол хоҳиш мекард:
- Худоҷон, наход як гуноҳи дар ҷавонӣ кардаам тамоми умр маро дунболагир бошад? Қатраамро аз ман ҷудо накун, илтиҷо дорам, тавалло мекунам...
(Давом дорад)
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА