Arzon march 2024
Дар ишқи лақайбача обу адо шудам...
3509

 

Ҳамагӣ 18 сол дорам, вале ба як лаққайбача ошиқ шуда, ҳаётмро бо дасти худам сӯхтам. Падару модарам “магар дар дунё дигар одам намондааст, ки ту ба як лаййай мерасӣ” гӯён, хостгории онҳоро ҳеҷ қабул кардан намехостанд, аммо ман ду поямро ба як мӯза андохтам, ки агар маро ба ҳамин бачаи лаққай надиҳед, дигар шӯ намекунам. Модарам ночор монда, падарамро розӣ кард ва маро бо ҷиҳози бисёр ба хонаи бахтам гусел намуданд, вале...

Баъди тӯй хушдоманам пӯстинашро чаппа пӯшида, сояи маро аз девор метарошидагӣ шуд. Вай ошкоро мегуфт, ки аз духтари тоҷикро келин карданаш пушаймон аст. Аламам омада мепурсидам, ки холаҷон, ман чӣ гуноҳ дорам, агар ягон хато карда бошам, бигӯед, то ки ислоҳ шавам. Хушдоманам дар ҷавоб қошу қавоқашро гиронда, бо нафрат мегуфт:

-Ягон гуноҳ надорӣ, вале ҳар кас бояд миллати худашро гирад...

Аввалҳо шавҳарам маро дӯст медошт ва ошиқона рафтор мекард, вале нафрату бадбинӣ ва бадгӯиҳои модараш оҳиста-оҳиста дили ӯро аз ман хунук кард. Билохира шавҳарам ҳам бо ман душман шуда, маро дар назди ҳама паст мезадагӣ шуда монд. Чанд маротиба гуфтам, ки зиндагӣ бозича нест, аз рӯи гапи дигарон шуда ману ту набояд ҳаёти худро талх созем, вале шавҳарам бо писханд ба ман нигариста мегуфт:

-Дар ин хона гапи модарам қонун аст, чизе, ки хоҳад, ҳамон мешавад!

Оқибат кор ба ҷое расид, ки бо балвои модараш шавҳарам маро ба хонаи падару модарам оварда партофт. Барои вайрон нашудани зиндагиам аз дастам чӣ коре, ки меомад, кардам, аммо шавҳарам ба ҳама кӯшишҳои ман бепарвоёна нигариста мегӯяд, ки тақдири ману ӯро танҳо модараш ҳал мекунад. Ҳамсарам ба падарам рӯирост гуфтааст, ки агар модарам хоҳад, шояд омада духтаратонро барам, вале “занатро сар деҳ” гӯяд, маҷбурам, ки талоқашро диҳам.

Айни ҳол дар хонаи волидонам чун шавҳардори бе шавҳар зиндагӣ карда истодаам. Шавҳарам талоқи маро надодааст, вале ягон бор ба суроғам намеояд. Намехоҳам дар 18-солагӣ номи бади бевагиро гирифта аз зиндагӣ навмед гардам, вале намедонам оилаамро аз шикаст чӣ хел наҷот диҳам. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат карда истодаам, то ки ба ман ягон маслиҳати судманд диҳед.

М., аз н. Восеъ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД