Аз ин кор моҳе гузашт. Ба хонаамон ҷӯгиҳо гоҳу ногоҳ меомаданд,. Вале аз Саноқул дигар дарак набуд.
Ману апаам, ки ба вай ҳам ҳалқаҳо писанд омада буданд, гоҳ-гоҳ дар мавриди вай, ки ҳалқаҳоро муфтакак ба ман дод, байни худ шӯхӣ мекардем.Номаш дар забонам буду апаам ӯро ҳазломез “язна”-ном карда буд.
-Язна, дигар намеомада бошад, ки ин дафъа ягон чаллаашро гирӣ,-мегуфт апааму ҳарду завқ бурда механдидем.
Ман боре ошиқ нашуда будаму аз он ки фикрам ба чашмони зебои Саноқул ҳамеша банд буд, андешаманд будам.”Мабодо ошиқ шуда бошам”-меандешидам худ ба худу гиребон гирифта “астағфуриллоҳ”-мегуфтам. Дар назарам дӯст доштану ошиқ шудан ба ҷӯгӣ даҳшат буд...
Ҳамроҳи апаам дар ошхона нон мепӯхтему кӯдакон дар пӯшти хона бозӣ доштанд.
-Очаҷон, ҷӯгиҳо омаданд,-давон ба ошхона омад, духтарчаи калонии апаам Сабринаи шашсола.
Намедонам, чӣ қувва буд, ки маро давон аз ошхона берун кард.Гӯё ман медонистам, ки ин дафъа дар байни ҷӯгиҳо Саноқул аст.
Саноқул ҳамроҳи як писари хурдсолтаре омада буд. Ӯ маро диду салом дода, табассум кард. Ба ӯ менигаристаму мисли девонаҳо механдидам.
-Барои чӣ ин қадар дер омадӣ?-пурсидам беихтиёр.
Ҷавобе надод. Аммо дар чашмони зебояш шарорае барқ зад, ки онро нигоҳи чашмони ман дастгир кард.
Ману апаам ороишоти нуқрагини Саноқулро ба даст гирифта медидему аз назокату зебоии онҳо лаззат мебурдем. Ҳар як ороишот бо нозукии махсус сохта шуда буд.
-Инҳоро кӣ мезозад?-пурсид апаам аз вай.
-Инҳоро худам сохтам. Падару бародарон ва хоҳарам ҳам месозанд. Ин кори мо меросист,-ҷавоб дод Саноқул.
Он рӯз апаам барои худашу духтарчааш гӯшвор харид. Саноқул бошад ба ман ин дафъа ба неву нестонам нигоҳ накарда, дастмонаи зебое тӯҳфа кард...
Симои Саноқул-чашмони зебову табассуми ба худаш зебанда аз лавҳи назарам дигар дақиқае дур намешуд.Шабу рӯз фикрам банди вай гашта, ёдаш диламро ба сӯзиш меовард. Аз пӯшти ӯ тамоми ҷӯгиҳоро дӯст медоштагӣ шудам. Вақте онҳо меомаданд, баҳри дилам худ ба худ кушода мешуду зуд рафтанашонро намехостам. Дигар тарзи либоспӯшӣ, ҳарф задан ва гирумонашон бароям дилнишин буд. Мехостам аз онҳо дар мавриди Саноқул чизе пурсам, вале барои ин ҳатто аз худ шарм медоштам.
Ишқи ҷӯгиписар сарҳади дили маро убур карда, муқимии он ҷо гашта буд.Дигар олам бе рангинии хаёлҳои рангине, ки онҳоро симои Саноқул ҷило мебахшид, якранг менамуд.Хаёлию дамдӯзд гашта будаму ҳамеша нигаронии роҳаш будам. Аммо Саноқул намеомад.
-Санавбар, рӯзе нест, ки номи ҳамон ҷугиписарро нагирӣ, мабодо ошиқаш нашуда бошӣ?-боре пурсид апаам.
Ба ҷои посух додан ба саволаш гириста фиристодаму давида ба хона даромадам.
Апаам “дарди бедавоям”-ро фаҳмида аз пӯштам ба хона даромада аввал хуб хандид. Сипас насиҳати зиёдеам хонд, ки ҳушамро ба сар гирам.
-Худата девона накун. Агар дадаму бародаронам фаҳманд, маро боб мекунанд, ки нигоҳубинат карда натавонистам. Ошиқ шудан чӣ: боз ба кӣ?! Ба ҷӯгӣ!!!-ситеза кард ӯву аз хона баромада, дарро аз пасаш бошаст пӯшид.
Фаҳмидам, ки дӯст доштани Саноқул ба апаам писанд наафтодааст. Аз авзояш маълум буд, ки бисёр хашмгин шудааст ва ҳеҷ гумон ҳам надоштааст, ки ман ошиқи ҷӯгиписар мешавам.
Аз он ки сиррам ба апаам кушода шуд, баъд сахт афсӯс хӯрдам. Метарсидам, ки агар Саноқул боз биёяд, ӯро пеш мекунад, аммо...
Рӯзе дар лаби оби ҷӯйбори канораи роҳ берун аз ҳавлӣ нишаста, табақу коса мешӯстам.
-Салом-шунидам овозерову як қад парида ба қафо нигаристам.
Чашмонам барқ заданд. Қариб мувозинатамро гум карда, меафтодам. Дар масофаи ду-се қадам аз ман дуртар Саноқул меистод. Ӯ ин дафъа борхалта дар китф тани танҳо омада буд.
-С-с-салом,-тӯтила шуда ҷавоб додам ба ӯву осемасар тарафи ҳавлӣ нигаристам.
Метарсидам, ки апаам баромада маро бо вай мебинаду ӯро пеш мекунад.
-Барои чӣ ин қадар дер-дер меоӣ?-пурсидам аз Саноқул.
-Корам бисёр, вале агар хохӣ, ҳар ҳафта меоям,-ҷавоб дод табассумкунон.
-Мехоҳам, фақат...
-Чӣ фақат?
-Вақти нисфирӯзӣ биё, дар ин вақт апаам бо кӯдаконаш даруни хона аст,-гуфтамашу табақу косаамро гирифта, зуд ба ҳавлӣ даромадам.
Аз ҳаяҷон, шарм ва хурсандӣ дилам дар қафаси сина сахт-сахт мезаду гумон мекардам, ки овози тук-тукашро тамоми олам шунида истодааст. Он лаҳза дар тамоми олам агар ду хушбахт бошад, якеаш ман ва агар як то бошад, ман будам.
Ишқро “меҳмони нохондаи дил”- мегӯянд, ки рост будааст.Ишқи Саноқули ҷӯгӣ ҳам ба хонаи дили ман бедаъват меҳмон шуда буд. Ва дили ман бо ин меҳмони нохонда унс гирифта,дигар бадар рафтанашро ба ҳеҷ ваҷд намехост.
Саноқул ба ваъдааш вафо карда ҳар ҳафта ба деҳа, аниқтараш ба дидорбинии ман меомад. Ману ӯ фурсати ниҳоят кам дар ихтиёр доштем, ҳамагӣ барои чанд дақиқа ба худ иҷозат медодем, ки рӯ ба рӯ истода ҳарф занем. Аммо ҳамин чанд дақиқаи барои ман ба қиммати тилло баробар ҳам бароям кофӣ буданд, ки аз шаҳди хушбахтии ишқу умед баҳравар шавам. Ману Саноқул дигар дар мавриди ҳамддигар ҳама чизро медонистем. Мо бо ҳам аҳди муҳаббат бастем ва қавл додем, ки ба висол хоҳем расид.
“Офтобро ба домон пӯшида намешавад”-мегӯянд дар урфият, рӯзе Саноқул омада буду бо вай чун ҳарвақта берун аз ҳавлӣ сӯҳбат мекардем. Ҳамин вақт язнаам бо мошини сабукрав омада монд. Ӯ ману Саноқулро дида, чизе нагуфт, мазмун гул барин қайсингулаш бо ҷӯгӣ чӣ алоқа дошта метавонад?!
-Рав аз ин ҷо, аз дасти инҳо дар ягон ҷо рӯз нест,-гуфт язна ба Саноқулу халтаи озуқавориро ба дастам дод.
Бо ишораи чашм ба Саноқул хайрухуш карда, ба ҳавлӣ даромадам. Язнаам борҳои барои рӯзгор овардаашро аз мошин фароварда, ронандаро рухсат намуду аз паси ман ба ҳавлӣ даромад. Апаамро аз хоб бедор кардам. Ӯ бо шавҳараш вохӯрӣ карда, барои ҷо ба ҷокунии борҳои овардаи вай ба кӯмаккунӣ даромад.
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)