toyota motors
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 9)
04.06.2026
Oila.tj
471

Аз идомаи мактуб бармеомад, ки Гулноз ошиқи марде шуда ва ин ишқ ноком хоҳад монд. Марди дӯстдоштааш, ки дар мактубҳо бо номи Ҷовид ёд мешавад, соҳиби зану фарзанд аст ва имкони қабули муҳаббати Гулнозро надорад.

Гулноз инро хуб медонист ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки муҳаббаташро пинҳон намояд. Ӯ инро дар хотироти худ ишора карда буд: «Бо вуҷуди он ки Ҷовидро сахт дӯст медорам ва аз ӯ мактубҳои пур аз меҳру самимият мегирам, боз ҳам наметавонам рози диламро пеши ӯ ифшо намоям. Бигзор ӯ эҳсос кунад, ки муҳаббаташ яктарафа аст ва худ низ аз ин муҳаббат даст кашад. Хубтар аст, ки ман муҳаббати худро қурбон кунам ва ин қурбониро барои хушбахтии тифлакони Ҷовид бахшам. Фарзандони Ҷовид танҳо бо ӯ хушбахтанду ворид шудан ба зиндагии онҳо боиси бадбахтии Ҷовид ва ҳам тифлакони бегуноҳ хоҳад гашт. Ҳуқуқи ворид шудан ба ҳаёти ӯ ва ситонидани хушбахтии фарзандонашро надорам».

Аз мутолиаи мактубҳо як муаммои нокушода аён шуд: оне ки Гулноз дӯст дошта буд, наметавонист қотили ӯ бошад. Мактубҳои таҳдидомез аз шахси дигар меомаданд ва маълум буд, ки Гулноз заррае нисбат ба ӯ муҳаббат надошт ва новобаста ба муҷаррад буданаш таклифи ӯро қабул намекунад. Танҳо муайян намудани шахсияти ӯ метавонист қотилро ошкор созад.

Муфаттиш дафтарҳоро варақгардон мекард. Адҳам дар кунҷи дигари хона китобҳоро аз назар мегузаронид, варақҳои пайдошударо мехонд. Нохост чашми муфаттиш ба Адҳам афтид, ки баъзе варақҳоро ҷудо карда, ба ҷузвдони худ мегузошт. Аз чеҳраи Адҳам аён буд, ки ӯ чизеро меҷӯяд ва мушаввашхотир аст. Китобҳоро хеле саросема варақгардон мекард. Муфаттиш аз ин рафтори Адҳам ба ҳайрат афтода, дар дилаш шубҳа пайдо шуд. Ба назараш чунин намуд, ки Адҳам аз сирре огоҳ аст ва намехоҳад онро ба вай ифшо намояд. «Шояд ӯ асрори қатли арӯсашро донад?»,- аз дил гузаронд ва ба хотири он ки Адҳам аз шубҳааш пай набарад, гуфт:

- Биё меравем. Барои имрӯз кофист. Ҳарчанд эҳсос мекунам, ки ту бештар аз мо ҳарчи зудтар кушода шудани асрори қатли Гулнозро мехоҳӣ, дар ин кор бояд собир бошӣ ва ба эҳсосот дода нашавӣ. Ман муваққатан дари ин хонаро муҳр мезанам ва ташхисгаронро даъват намуда, тамоми мактубҳо ва дигар чизҳои ёфтаамонро ба прокуратура мебарем. Мактубҳои Гулноз ниҳоят асрори қатли ӯро мекушоянд. Ноутбукашро низ бо худ мебарем ва мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Аз ҳама мактубҳо ва туҳфаҳо изи панҷаҳоро низ бояд гирем. Лутфан, ту коғазҳои дар ҷузвдон мондаатро ҳам болои миз гузор. Ҳар як варақ ва ҳар як калимаро бояд ҷиддан омӯзем.

Адҳам бо дили нохоҳам ду номаро ба рӯйи миз гузошт. Маълум буд, ки ӯ номаҳои зиёд гирифтааст. Муфаттиш сумкаи ӯро кофта, чанд мактуби дигарро низ аз он берун овард, онҳоро ба рӯйи миз ниҳод ва ҳарду аз ҳуҷра баромаданд. Муфаттиш дари ҳуҷраро муҳр зада, гуфт:

- Биё ба шифохона меравем. Агар падари Гулноз ба ҳуш омада бошад, аз ӯ баъзе чизҳоро мепурсам.

Онҳо ба шифохона рафтанд. Падари Гулноз дар ҳолати вазнин қарор дошт ва ба гуфти табибон, рӯзҳои охири ҳаёташро мегузаронд.

Ба саволҳои пайдарпайи Адҳам оид ба вазъи саломатии падарарӯсаш духтур гуфт:

- Се рӯз хавф дорад. Агар аз ин се рӯз гузарад, хавфи марг бартараф мешавад. Ин аст, ки то се рӯз мо ҳеҷ пешгӯӣ карда наметавонем. Ҳар чӣ аз дастамон ояд, анҷом медиҳем.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД