goodwell
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 10)
05.06.2026
Oila.tj
477

Пешгӯии духтур рост баромад. Субҳи рӯзи сеюм падари Гулноз ба ҳуш наомада, ҷон дод.

Барои оилае, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш арӯси бистучорсолаи худро ба хок супорида буд, аз даст додани шахси дигар зарбаи сахт шуд. Онҳо шоҳсутуни хонадонашонро низ ба хок месупоранд. Маълум буд, ки падар дарду доғи марги пурмуаммои фарзандро таҳаммул карда натавонист ва баъд аз хондани мактубҳои ошиқона фишори хунаш якбора баланд гардида, фалаҷ шуд ва ҷон дод.

Баъди падар фарзандон ба хулосае омаданд, ки ғайр аз он ки муфаттишон тафтишоти худро идома медиҳанд, онҳо низ пажӯҳиши махсус мебаранд.

Бародари калонии Гулноз - Одил, ки нав аз муҳоҷират омада буд, гуфт:

- Ман як рӯзноманигори шинос дорам, ки тадқиқоти зиёде анҷом дода, мӯйро ҳатто аз олудатарин хамир ҷудо кардааст. Ман ӯро ба ин кор ҷалб менамоям. Шумо ҳар чӣ медонеду шунидаед, бояд ба ӯ нақл кунед.

Одил ба идораи ҳафтаномае, ки дар он Шаҳбози ҳамсабақаш кор мекард, рафт ва ӯро аз мақсадаш огоҳ намуд. Ҳарду ба чойхонаи соҳили дарё роҳ гирифтанд ва гӯшаеро интихоб карданду нақшаи минбаъдаи корро кашиданд.

Шаҳбоз гуфт:

- Ман бояд бо ҳар нафаре, ки Гулноз дар робита буд, ҳамсуҳбат шавам. Тамоми хешу таборатон ва ҳамсинфону дугонаҳои Гулнозро пурсам, аз ҳама муҳимаш, ту бояд ба муфаттиш чизе нагуфта, маро чун шоҳиди холис ҳангоми муоинаи ҳуҷраи Гулноз ба он ҷо даъват кунӣ. Ман бояд аз муҳтавои мактубҳое, ки муфаттишон дар он ҷо пайдо мекунанд, огоҳ шавам. Ин чиз хеле муҳим аст.

Одил розӣ шуд.

Шаҳбоз як ҳафта аз редаксия ҷавоб гирифта, рӯзи дигар аллакай ба пурсиши аҳли оила, ҳамсояҳо ва ҳамсинфону дугонаҳои Гулноз оғоз намуд. Ҳар яке гумонбари худро дошт ва рӯйхати гумонбарон торафт зиёд мешуд. Яке мегуфт, ки дар ин куштор ҷавоне даст дорад, ки ӯро дӯст медошт, дигаре янгаи Гулнозро дар куштор шарик медонист ва аз зиддиятҳои миёни Гулнозу янгааш нақл мекард. Савумӣ аҳли оилаи домод ва ҳатто худи ӯро гунаҳкор медонист ва мегуфт:

- Гулноз Адҳамро дӯст намедошт, борҳо ба ин тӯй муқобилият нишон дод. Адҳам ҳатто таҳдид карда буд, ки дар сурати бо ӯ оиладор нашудан ҳам ӯ ва ҳам дӯстдоштаашро ба қатл мерасонад.

Шаҳбоз пурсид:

- Яъне, шумо гуфтан мехоҳед, ки аз муҳаббати Гулноз бо шахси дигар Адҳам огоҳ буд?

- Бале.

- Пас, чаро дидаву дониста Адҳам ба Гулноз хонадор шуд? Охир, ӯ медонист, ки Гулноз шахси дигареро дӯст медорад?

- Ин тӯй ба таври баҳсӣ сурат гирифт ва дар ин баҳс Адҳам ғолиб омад...

Одил рӯзи тафтиши хонаи хоби Гулнозро аниқ карда, Шаҳбозро низ ба хона даъват намуд. Муфаттиш ба иштироки ӯ ҳангоми муоина иҷозат дода, гуфт:

- Ту бояд танҳо чун шоҳид назорат кунӣ. Ба чизе даст нарасонӣ ва чизеро ба даст нагирӣ.

Шаҳбоз розӣ шуд.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД