goodwell
Толеънома 9-уми ноябри соли 2026
865

Ҳамал

Имрӯз бо туҳфаи пурмазмун ба шахси дӯстдошта меҳру муҳаббати худро нишон диҳед. Агар худро танҳо эҳсос кунед, бо наздикон суҳбат намоед. Дар ҷои кор рӯз орому осуда мегузарад ва барои ҳалли корҳои шахсӣ фурсати муносиб фароҳам меояд. Кӯшиш кунед, ки байни кору оила мувозинат нигоҳ доред. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар шавад, вале даромади худро ба ҳама ошкор накунед. Барои раҳоӣ аз фикрҳои манфӣ худро бо корҳои муфид машғул созед.

Савр

Эҳтимол шахсе, ки дар гузашта дӯсташ медоштед, дубора дар ҳаётатон пайдо шавад. Қарор дар бораи идомаи муносибат ба худи шумо вобаста аст. Дар касбу кор тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад ва машғули корҳои муқаррарӣ мешавед. Агар имконияти молиявӣ пайдо карда бошед, қарзҳои пешинаатонро баргардонед ва қадри одамонеро, ки дар рӯзҳои душвор ёрӣ расонидаанд, бидонед. Аз асабоният ва фишори равонӣ дурӣ ҷӯед.

Ҷавзо

Барои беҳтар шудани муносибатҳои оилавӣ ба зиндагӣ рангу таровати нав бахшед ва бо шахси дӯстдошта бештар вақт гузаронед. Навхонадорон метавонанд ба нақша гирифтани таътили муштарак шурӯъ кунанд. Дар кор аз ғайбат, баҳсҳои сиёсӣ ва дахолат ба корҳои дигарон худдорӣ намоед. Имрӯз барои оғози фаъолияти нав ва пайдо кардани манбаи иловагии даромад имконияти хуб доред. Аз рафтуомад ба ҷойҳои хавфнок, махсусан шабона, эҳтиёт кунед.

Саратон

Имрӯз эҳтимоли шиносоии нав ва сар задани муносибатҳои ошиқона вуҷуд дорад. Аммо эҳсосотро аз масъалаҳои корӣ ҷудо нигоҳ доред. Эҳтимол каме якравӣ кунед ва ин рафтор атрофиёнро ба ҳайрат гузорад. Фурсати хуб барои амалӣ сохтани нақшаҳои дерина фаро мерасад. Агар фаъолу боэътимод бошед, метавонед ба натиҷаҳои назаррас ноил шавед. Ба саломатии дилу рагҳо диққат диҳед ва дар ҳолати зарурӣ аз муоинаи духтур гузаред.

Асад

Шахси дӯстдоштаатон эҳтимол аз камбуди таваҷҷуҳи шумо норозӣ бошад. Барои муносибатҳои оилавӣ ва ошиқона вақти бештар ҷудо кунед ва зиндагиро аз якрангӣ раҳо созед. Рӯзи мусоид барои сафар, шиносоиҳои нав, омӯзиш ва пайдо кардани манбаи иловагии даромад аст. Ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва шартномаҳоро бодиққат санҷед, то ба мушкил дучор нашавед. Ба фишори хун, ғизои солим ва оромии асаб аҳамият диҳед.

Сунбула

Имрӯз ҳар як қарори шумо метавонад ба муносибатҳо ва корҳои минбаъда таъсир расонад. Аз суханони сахт ва рафтори ноҷо худдорӣ кунед, то шахси наздикатонро наранҷонед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимол баъзе нофаҳмиҳо ба вуҷуд оянд. Сафарҳо барои гирифтани таҷриба ва маълумоти нав мусоиданд. Дар кор тағйирот ё сафари хизматии ғайричашмдошт имкон дорад. Худро аз кори вазнин ва фишори зиёд эҳтиёт кунед.

Мизон

Агар асабонӣ бошед, каме аз баҳсу гуфтугӯ канора гиред ва ба корҳои хона машғул шавед. Шахси наздик метавонад аз шумо маслиҳат пурсад, аммо шояд бештар ба дастгирӣ ва ҳамдардии шумо ниёз дошта бошад. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳо ва ҳалли масъалаҳо мусоид аст. Аз хариди гаронбаҳо ва муомилаҳои калони молиявӣ худдорӣ кунед. Сайругашт дар табиат ва машқҳои ҷисмонӣ ба саломатӣ ва оромии рӯҳии шумо фоида мерасонанд.

Ақраб

Дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед ва барои муайян кардани ояндаи муносибатҳо ба худ вақт диҳед. Аз ҷанҷолу баҳс худдорӣ намоед, зеро барқарор кардани муносибатҳои вайроншуда душвор мешавад. Барои соҳибкорон рӯзи мусоид аст: имкони бастани шартномаҳои судманд ва пайдо кардани шарикони нав вуҷуд дорад. Эҳтимол аз сармоягузориҳои пешина фоида ба даст оред. Қисме аз даромади худро барои корҳои хайр сарф кунед. Бештар ба ҷамъият бароед ва ба варзиш машғул шавед.

Қавс

Имрӯз ҳодисаи ғайричашмдошт метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад. Аз рафтори саросемавор, асабоният ва қарорҳои беандеша худдорӣ кунед. Эҳтимол хоҳиши иваз кардани доираи дӯстону шиносонро пайдо намоед, зеро ҷаҳонбинӣ ва шавқу рағбататон тағйир меёбад. Дар фаъолияти корӣ ва пешрафти касбӣ тағйироти ҷиддӣ интизор нест. Эҳтимоли даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад, ки метавонад барои нақшаи сафар муфид бошад. Ба фишори хун ва саломатии худ диққат диҳед.

Ҷаддӣ

Дар муносибатҳои нави ошиқона аз ҳад зиёд умед набандед, зеро эҳтимол ин робита дер давом накунад. Барои расидан ба ҳадафҳоятон аз монеаҳо натарсед ва бо иродаю ташаббус амал кунед. Рӯзи серташвиш аст, бинобар ин корҳои муҳимро аз ҳад зиёд ба нақша нагиред ва ба касе ваъдаи саросемавор надиҳед. Дар масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Пешниҳодҳоро бо шарикони боэътимод баррасӣ кунед. Аз ҷароҳатҳои хурди рӯзгор эҳтиёт бошед.

Далв

Эҳтимол шахсе аз муносибатҳои пешина дубора ба ҳаётатон баргардад. Инчунин шахси писандида метавонад худаш барои наздик шудан қадам гузорад. Дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред ва нагузоред, ки эҳсосот бар ақлатон ғолиб оянд. Агар аз кори худ норозӣ бошед, барои тарки он шитоб накунед. Қарорҳои муҳими ҳаётиро беҳтараш ҳадди ақал як ҳафта мавқуф гузоред. Имрӯз неруи зиёд доред, аммо аз истеъмоли шириниҳои зиёд худдорӣ намоед.

Ҳут

Аз қадами аввал гузоштан натарсед. Шиносоии нав ва таҷрибаи тоза ба шумо боварӣ мебахшад ва дар муносибатҳои ошиқона таъсири мусбат мерасонад. Имрӯз бештар ба ҳалли масъалаҳои шахсӣ ва оилавӣ машғул шавед, зеро корҳои дигар метавонанд каме интизор шаванд. Дар охири ҳафта аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед, махсусан агар даромади иловагӣ надошта бошед. Рӯзҳои истироҳатро бо наздикон гузаронед ва онҳоро бо тамоми хислатҳояшон қабул намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД