35 years of independency
Толеъномаи 5 ноябри соли 2026
794

Толеъномаи 5 ноябри соли 2026

Ҳамал

Имрӯз барои ошноӣ ва муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Аммо барои оғози муносибатҳои нав пайванди устувори худро зери хатар нагузоред. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ кунед, рӯзе мерасад, ки ба дастгирии онҳо ниёз пайдо мекунед. Дар кор ташаббускор бошед ва аз ёрии дӯстон истифода баред. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ низ имкониятҳои хуб фароҳам меоянд. Варзиш кунед, вале аз машқҳои вазнин худдорӣ намоед.

Савр

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ эҳтиёткор бошед. Ранҷишҳои беҳуда ва якравӣ метавонанд байни шумо ва ҳамсафари зиндагиятон нофаҳмӣ ба вуҷуд оранд. Ба суханони нешдори ҳамкорон аҳамият надиҳед ва нагузоред, ки дигарон шуморо асабонӣ кунанд. Барои харидани ашёе, ки дер боз мехостед, рӯзи муносиб аст. Аммо аз ҳама муҳим, оромии рӯҳии худро нигоҳ доред ва бо худ созиш дошта бошед.

Ҷавзо

Агар муҷаррад бошед, барои оғози муносибатҳои нав шитоб накунед. Бигзор воқеаҳо бо роҳи худ пеш раванд. Дар оила тағйироти ғайричашмдошт ба амал омада метавонанд. Ба вазъияти нав мутобиқ шавед ва худро ба даст гиред. Эҳтимол, масъулияти роҳбарии корҳои оилавӣ ба дӯши шумо гузошта шавад. Ба маслиҳати одамони соҳибтаҷриба гӯш диҳед. Имрӯз вақти хубест барои ҳалли масъалаҳои молиявию корӣ ва ба анҷом расонидани корҳои нотамом. Агар бемор бошед, эҳтимоли беҳтар шудани вазъият вуҷуд дорад, аммо худро аз ҳад зиёд хаста накунед.

Саратон

Дар муносибатҳои ошиқона шумо одат кардаед, ки ҳамеша ба хоҳишҳоятон аҳамият медиҳанд. Акнун вақти он расидааст, ки худатон низ ба ниёзҳои ҳамсафари зиндагиятон таваҷҷуҳ кунед. Аз баҳсу мунозира, махсусан дар масъалаҳои пулӣ, худдорӣ намоед. Эҳтимол, касе аз паси шумо суханҳои нохуб паҳн кунад. Ба чунин ҳолатҳо оромона муносибат кунед. Аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Асад

Орзуҳои аз ҳад зиёд дар бораи ҳамсафари идеалӣ метавонанд ба муносибатҳои ҳозираи шумо таъсири манфӣ расонанд. Ба шахси дӯстдоштаатон бо диққат нигаред, шояд хислатҳои хуби ӯро, ки қаблан пай намебурдед, кашф кунед. Муносибататон бо баъзе шиносон низ метавонад беҳтар шавад. Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои дерина ва қабули қарорҳои муҳим вақти муносиб аст. Ҳамчунин метавонед ба корҳои дарозмуддат оғоз бахшед ва вазъи молиявии худро баррасӣ кунед. Ба саломатии гурдаҳо низ диққат диҳед ва дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат намоед.

Сунбула

Дар пеш тағйироти ҷиддӣ қарор доранд, ки метавонанд зиндагии шуморо ба куллӣ дигар кунанд. Фурсати мусоидро аз даст надиҳед. Бегоҳ ба корҳои хона машғул шавед. Кӯшиш кунед, ки бо касе муноқиша накунед, ҳоло барои расидан ба мақсад ба дастгирии дигарон ниёз доред. Дар масъалаҳои корӣ метавонед аз рақибон маълумоти муҳим ба даст оред, аммо сирру асрори худро ба онҳо нагӯед. Ба саломатии ҷигар диққат диҳед ва аз нӯшокиҳои спиртии сахт худдорӣ намоед.

Мизон

Имрӯз ҷозибаву дилрабоии шумо бештар мегардад ва метавонед ба осонӣ диққати дигаронро ҷалб кунед. Нимаи дуюми рӯзро ба аҳли оила ва корҳои хона бахшед, зеро наздиконатон шояд ба ёрии шумо ниёз пайдо кунанд. Агар корҳоятон бо душворӣ пеш раванд, ноумед нашавед. Бо кӯшишу заҳмати бештар ҳатман ба натиҷаи дилхоҳ мерасед. Имрӯз барои бастани шартномаҳо ва анҷом додани муомилоти молиявӣ низ рӯзи мусоид аст. Эҳтимол, вазъи саломатиатон беҳтар шавад.

Ақраб

Имрӯз барои истироҳати фаъол, мулоқот, меҳмонӣ ва сафар рӯзи мусоид аст. Агар оиладор бошед, дар ҳамсафари зиндагиятон хислатҳои наверо кашф мекунед, ки боиси хушҳоливу ифтихори шумо мешаванд. Шояд барои кор кардан чандон ҳавас надошта бошед, бинобар ин худро маҷбур накунед. Ҳамчунин вақти муносибест барои хариди ашёи гаронбаҳо. Қуввату неруи шумо зиёд аст ва метавонед корҳои гуногунро ба нақша гиред. Дар давоми рӯзи оянда аз шахси шинос маслиҳати муфиде хоҳед гирифт.

Қавс

Агар касеро дӯст доред, аз изҳори муҳаббат ва таъини мулоқот шарм надоред. Эҳтимол, маҳз имрӯз бо шахсе вохӯред, ки дер боз интизораш будед. Дар муносибатҳои оилавӣ оромиро нигоҳ доред ва ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Барои оғози корҳои нави корӣ ҳоло вақти муносиб нест. Беҳтараш ҳуҷҷатҳо ва ҳисобу китобҳои худро ба тартиб дароред. Аз сармоягузории дарозмуддат низ худдорӣ кунед. Субҳ эҳтимоли сарчархӣ ва дилбеҳузурӣ вуҷуд дорад, бинобар ин ғизои сабук истеъмол намоед.

Ҷаддӣ

Имрӯз сабру таҳаммул ба шумо кӯмак мекунад, ки нофаҳмиҳои хурдро дар муносибатҳои оилавӣ ба осонӣ бартараф созед. Ба тарбияи фарзандон бештар аҳамият диҳед ва барои инкишофи қобилиятҳои онҳо вақт ҷудо кунед. Хариди ашёи зарурӣ барои хона низ метавонад ба муҳити оила таъсири хуб расонад. Дар кор имкони шиносоӣ бо шарикони нав ё ба даст овардани муваффақият вуҷуд дорад. Вақти нақшаро канор гузошта, ба амал гузаштан расидааст. Агар қаблан мушкили саломатӣ доштед, имрӯз аҳволатон беҳтар шуда метавонад.

Далв

Муносибати дӯстонаро бо ишқ омехта накунед, зеро ин иштибоҳ метавонад боиси ноумедии шумо гардад. Ҳанӯз шахси муносибатонро наёфтаед, аммо шиносоии нав дар пеш аст. Имрӯз барои ба тартиб даровардани хона ва харидани ашёи нав вақти хубест. Дар ҷои кор бо роҳбари худ баҳсу мунозира накунед, ҳатто агар мутмаин бошед, ки ҳақ ҳастед. Вазъи молиявиятон хуб мемонад, аммо аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Ба саломатӣ низ аҳамият диҳед, чашмонатонро аз хастагии зиёд нигоҳ доред.

Ҳут

Агар баъзе масъалаҳои ногуфта оромии шуморо халалдор карда бошанд, ҷуръат пайдо кунед ва онҳоро рӯшан созед. Эҳтимол, бо хешовандони наздик нофаҳмӣ ба миён ояд. Дар ин ҳолат касеро гунаҳкор накунед ва кӯшиш кунед, ки бо роҳи оромона масъалаҳоро ҳал намоед. Ба ҳар кор бо ҷиддият муносибат кунед, зеро шитоб метавонад боиси иштибоҳ гардад. Ҳоло вақти таваккал кардан нест. На пул қарз гиреду на ба касе қарз диҳед. Агар бемории кӯҳна авҷ гирад, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД