Formula september
Писари 4-солаи Садриддини Наҷмидддин амрикоиҳоро қоил мекунад? (Видео)
21.05.2019
Р. Азимӣ
4825

 Муддати се сол мешавад, ки машҳуртарин ситораи эстрадаи тоҷик-Садриддини Наҷмиддин дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда истодааст.


Хушбахтона яке аз шогирдони Садриддин-Зоири Сафарзод меҳмони сомонаи “Оила” гашт. Аз фурсат истифода бурда, мо дар бораи фарзандони ин ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик пурсидем. Зоири Сафарзод чунин қисса кард:

-Садриддини Наҷмиддин ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Верҷинияи ИМА зиндагӣ дорад. Духтари калонияш Соноз ҳамроҳи бародараш Маҳмудҷон ва хоҳараш Манижа дар беҳтарин мактабҳои Амрико таҳсил мекунанд. Албатта ҳар падар орзуи хушбахтию пешравии фарзандонашро дорад ва Садриддин ҳам ба хотири бачаҳояш Амрикоро ихтиёр намудааст, то ҷигарбандонаш дар пешрафтатарин мактабҳои дунё хонда, одамони номдор шаванд. Боварӣ дорам, ки фарзандони Садриддин ба Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико дохил мешаванд ва сарфи назар аз он ки дар кадом гӯшаи дунё зиндагӣ мекунанд, номбардори миллати тоҷик мегарданд.

-Ягон фарзанди Садриддин истеъдоди сарояндагӣ дорад ё не?

-Писари хурдии Садриддин-Кароматулло бо лаҳни кӯдакона кам-кам суруд мехонад. Садриддин ба хотири зинда кардани номи хунёгари санъати тоҷик, шодравон Кароматуллои Қурбон ба писараш ин номро гузоштааст. Кароматуллои хурдакак ба падараш тақлид карда суруд мехонад.

Боварӣ дорам, ки руҳи Кароматуллои Қурбон ва истеъдоди аз падар мерос гирифтааш мададгор мешаванду дар оянда ин кӯдаки хушзавқ сарояндаи номдор гашта, обрӯи тоҷиконро дар Амрико ва умуман арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.  

 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Somon 2019-05-25, 08:14
Chi xel mavzuhoi fachu fuchi bemani, zulaixo shabnam sadridini tfu
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Somon 2019-05-25, 08:14
Chi xel mavzuhoi fachu fuchi bemani, zulaixo shabnam sadridini tfu
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД