Хушбахтии оилавӣ аз утоқи хоб, тахту бистар ва тушаку болишт сарчашма мегирад. Дар байни мардуми тоҷик масали машҳуре ҳаст: «Ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар механдад!» Ин масал ба ҳамсароне дахл дорад, ки дар рахти хоб ба ҳамдигар меҳрубонанд. Агар зану шавҳар меҳрубониро аз ҳамдигар дареғ надоранд, гоҳе сари ин ё он масъала бо ҳам бигу-бугу кунанд ҳам, як бӯсаи гарм ба рӯйи гулхани қаҳру ғазабашон оби оштӣ мепошад. Байни зану шавҳароне, ки аз вуҷуди якдигар лаззат мебаранд, пархошу ҷанҷол хеле кам иттифоқ меафтад. Баръакс, зану шавҳарҳое, ки дар робитаи ҷинсӣ бо якдигар носозгоранд, ҳамеша асабӣ буда, дунболи баҳона мегарданд ва барои ҳар як майда-чӯйда ба ҳамдигар дарафтода, то рамақе дар ҷон доранд, рӯю мӯй мекананд ва носазо мегӯянду ҳафтаҳову моҳҳо қаҳрӣ мешаванд. Дар дил нисбат ба ҳамдигар нафрат дошта бошанд ҳам, онҳо ба хотири фарзандонашон зиндагиро давом медиҳанд. Магар метавон чунин заношӯиро зиндагӣ номид? Ҳаргиз не! Зиндагӣ бояд мояи хушбахтӣ бошад, на ранҷу азоб, вале мурғи бахт ҳеҷ гоҳ дар кошонае, ки зану мардаш дар даруни ҷогаҳ бо ҳамдигар забон ёфта наметавонанд лона намегузорад. Дар дунё шахсеро ёфтан душвор аст, ки дар орзуи хушбахтӣ набошад. Ҳар як инсон мехоҳад хушбахт бошад, вале баъзан одамон умри худро дар ҷустуҷӯйи калиди бахт ба поён расонида, бехабар мемонанд, ки ин калиди сеҳрнок дар таги ҷогаҳи хобашон, дар зери болине ниҳон буд, ки ҳар шаб бо ҷуфти хеш дар он сар мениҳоданд. Мехоҳед хушбахт бошед, пас фарҳанги муносибатҳои ҷинсиро омӯзед. Инак, 14 сирри хушбахти оилавӣ.
1. Эҳтироми шахсияти якдигар барои бақои фарҳангу тамаддуни хонавода зарурист.
2. Тозагии хонаву бистар, покии тану руҳ шарти муҳими хушбахтии оилавӣ аст.
3. Зан набояд дар муқобили мард сард ва бетафовут бошад. Бонуи хонадон бояд ишвагарӣ, таннозӣ ва ҳароратро силоҳи худ созад.
4. Пероҳани хоби зан барои мард аҳамияти хоса дорад. Пероҳани нозук ва мутаносиб ба андом ва атри хушбӯй ҷазабаи занро фузунӣ бахшида, шавқи мардро дучанду сечанд хоҳад намуд.
5. Меҳрубонӣ ва навозиш аз ҳар ду ҷониб шарти муқорибати ҷинсӣ мебошад.
6. Мард бояд саъй кунад, ки занро сари шавқ биёрад ва омода ба амали омезиши ҷинсӣ намояд.
7. Мард бояд танҳо дар фикри қаноати худ набошад.
8. Баъд аз амали омезиши ҷинсӣ мард бояд чанд лаҳзаи дигар занро навозиш кунад.
9. Робитаи ҷинсӣ бояд бо майл ва хоҳиши ҳарду тараф сурат гирад. Агар зан бо ягон далел, аз ҷумла беҳавсалагӣ, хастагӣ, беморӣ ва ғайра хоҳиши мардро рад кунад, мард набояд исрор намояд ё бо роҳи зӯроварӣ дурри мақсуд ба даст биёрад.
10. Ду моҳ пеш аз таваллуд кардан набояд робитаи ҷинсӣ сурат гирад, зеро ба бадани зан фишор омада, мумкин аст тифл осеб бинад.
11. Баъд аз омезиши ҷинсӣ бояд мард ҳатман пешоб намояд ва бо ин роҳ маҷрои пешобгузарро аз моддаи ҷимоъ пок созад. Албатта ба дунболи он шустушӯ бо оби гарм лозим аст.
12. Баъд аз сарфи ғизои шом бо шиками пур омезиши ҷинсӣ намудан зарар дорад.
13. Ҳангоме, ки зан либос иваз мекунад, мард набояд ба тани урёнаш хира шавад, яъне нигарад.
14. Покдоманӣ, иффат, бовафоӣ, вазифаи шаръии ҳар зан аст.