Ҳоҷии шайтон ҳаётамро сӯхт
1546

Аз шавҳари якумам бо сабаби бадмастиаш ҷудо шуда, ба хонаи падарам баргаштам ва ба худ аҳд намудам, ки ин дафъа ба ягон марди муъмину мусулмони намозхону худотарс ба шавҳар мебароям.

Хостгорҳои зиёде тӯли се соли дар хонаи падарам буданам дарамонро кӯфта бошанд ҳам, ҳеҷ марди табъи диламро намеёфтам. Падарам аз нею нестон кардани ман ба дод омада, зорӣ кард, ки ба хостгори навбатӣ розигӣ диҳам, зеро марди ҳоҷӣ ва аз гӯру қиёмат бохабар аст. Шарт гузоштам, ки пеш аз никоҳ бояд як маротиба домодшавандаро дида, ҳамроҳаш суҳбат кунам, агар воқеан марди худоҷӯй бошад, риштаи тақдирамро бо ӯ мепайвандам, дар акси ҳол, маро ба ҳоли худам гузоред. Падарам розӣ шуда, ҳамон бегоҳ домодро ба хона даъват намуданд. Хостгор марди нуронӣ менамуд, синну солаш ҳам чандон калон набудааст, ҳангоми суҳбат худро одами шикастанафсу хоксор нишон дод. Тамоми шартҳои гузоштаамро дарҳол қабул кард. Бо ҳидояти модарам, ки “аз ин беҳтарашро намеёбӣ” гӯён, маро ба шавҳар кардан ба ҳамин мард талқин менамуданд, розигӣ додам.

Такудави тӯй сар шуд. Домод чизу чораи бисёр оварда, дар байни се рӯз маро ба никоҳи худ даровард. Гумон доштам, ки ба марди худошиносу худотарс ба шавҳар баромада, мани аз бахти аввал наосудаю дилшикаста ниҳоят бахти ҳақиқиро пайдо мекунам ва аз зиндагӣ танҳо осоишу роҳат мебинам, вале хаёлам хом баромад. Шавҳари ҳоҷии ман баъди никоҳ симои аслиашро нишон дода, чунон найрангу қилиқҳое баровард, ки ҳатто ҳамон майзада намекард. Дашному ҳақорат аз забони ин марди худошинос ва аз гӯру қиёмат бохабар мили селборони баҳорӣ беист меборид. Ҳафтаҳо бо ман қаҳрӣ шуда, дар дигар хона хоб мерафт. Духтарбоз буд, аксаран нимашаб ба хона бо тану бадану гардани сиёҳу кабуди “сагхоида”-и пур аз доғи бӯсаҳою изи дандони беваҳои кӯчагӣ меомад. Гап занам, дарҳол ба сарам мушт бардошта, чунон мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонд. Ба ҳамааш тоқат мекардам, то мардум нагӯянд, ки зани хуб мебуд, ақаллан бо шавҳари дуюмаш соз мегирифт. Умедвор будам, ки рӯзе ақлаш ба сараш зада, аз роҳи бади зинокорӣ мегардад, аммо сабру тоқати ман шавҳари зоҳиран худошинос, вале ботинан худобехабарамро торафт далертар карда, ба хона “арӯс” меовардагӣ шуд.

Косаи сабрам лабрез гашта, рӯзе аз гиребонаш гирифтам ва талаб намудам, ки талоқи маро диҳад. Ба рӯям шаппотии обдоре фароварда, “умедвор нашав, ки ҷавобатро медиҳам. Дониста бош, ки агар мурдаат аз ин дар набарояд, зиндаат аз ман халос намешавад” гуфт. Қаҳр карда ба хонаи падарам омадам. Дигар майли ба хонаи касофатбори ҳоҷӣ баргаштан надорам, вале падару модарам маро бо панду насиҳат дубора ба он ҷаҳаннам фиристодан мехоҳанд.

Сарамро ба кадом дар занам, намедонам. Ба ман маслиҳат диҳед!

РАЪНОГУЛ, сокини н. Ҷ. Балхӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД