Салом ба аҳли эҷоди «Оила” ва табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоев! Ман ба дарде гирифторам, ки шояд гуфтанаш айб бошад, аммо рӯз то рӯз бадтар шудани ҳолам маро маҷбур намуд, ки ба шумо муроҷиат намоям.
Гап дар сари он аст, ки ман ба бемории прастатит гирифторам. Қатори дигар ҷавонмардони тоҷик ман ҳам солиёни зиёд дар Русия мардикорӣ мекардам. Сармои тоқатфарсои мулки рус ба саломатиам бе таъсир намонда дар 40-солагӣ ба ин дард гирифтор шудам. Илтимос, ягон роҳи осони табобати прасатитро бигӯед, зеро намехоҳам бармаҳал қувваи мардиамро аз даст дода, импотент шавам.
С. Д, н. Рӯдакӣ
Посух
Маъмулан мардҳо пас аз 50 солагӣ ба беморҳои ғадуди таносулӣ гирифтор мешаванд, аммо аҳён-аҳён ин дард ҷавононро низ домангир мегардад. Бо эҳсос кардани аввалин нишонаҳои беморӣ фавран ба духтур-уролог муроҷиат кардан лозим аст, зеро ин беморӣ метавонад боиси аз даст додани қувваи мардӣ ва гум шудани лаззати зиндагӣ барои мард бигардад. Духтур ба шумо мефармояд, ки пешоб супоред ва УЗИ кунед. Дар сурати чирк гирифтани ғадуди простата массаж аз роҳи маъқад зарур аст, то чирк хориҷ шавад, зеро бидуни ин амал табобат ягон суде надорад. Албатта дар баробари ин, роҳу воситаҳои табобати халқии ин беморӣ низ мавҷуданд ва ман чанд давои дар тӯли солҳо санҷидашударо ба шумо пешкаш менамоям.
Нусхаи аввал
3-4 дона анҷири хушкро бегоҳӣ дар оби ҷӯш тар карда, субҳ анҷирро хӯред ва баъдан обашро бинӯшед. Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд.
Ҳоло фасли тобистон аст ва меваю сабзавот дар ҳама ҷо фаровон. 3-4 дона анҷирро бегоҳ дар оби ҷӯш тар кунед. Субҳ баробари аз хоб бархостан анҷирҳоро аз даруни зарф гирифта бихӯред ва сипас обашро бинӯшед. Вақте ки бо анҷир табобат мекунед, дар як муддати кӯтоҳ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ меорад ва шумо эҳсос менамоед, ки чи гуна дар ҷисму ҷонатон қувваю дармони тоза пайдо мешавад.
Нусхаи дигар
Акнун дар мавриди табобати гиёҳии прастатит як нусхаи бисёр муассирро ва муфидро пешкашатон менамоем. Алафи газанда, раҳдавак, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, думи гов ва гули гандумро ба миқдори баробар гирифта, аз ин гиёҳҳо як таркиб созед, яъне ҳамашро омехта намоед. 2 қошуқи ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта аз болояш 400 гр., оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. Тахминан 1 соат пас гиёҳобро полонданд лозим аст. Аз ин даво рӯзе 4 маротиба ним истаконӣ пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед, дард ва дингар нороҳатиҳои прасатитро аз миён мебарад. Фақат фаромӯш накунед, ки табобатро то ҳосил шудани сиҳатии комил идома додан лозим аст. Ҳамчунин гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд.
Нусхаи сеюм
Боз як давои дарди шумо пиёзи оддие ҳаст, ки ҳамарӯза дар хӯрок меандозанд ва дар ҳар як хона фаровон аст. Тақрибан 50 гр., пӯсти пиёзи бехиро дар 700 гр., об ҳамагӣ 4-5 дақиқа ҷӯшондед, сипас оташро хомӯш кунед ва зарфро аз болои газ ё плита гирифта монед 1 соат истад. Ин обро полонда, рӯзе 1 пиёлагӣ пеш аз хӯрок ва баъди истеъмоли ғизо нӯши ҷон кардан лозим аст. Пиёз дар мавриди табобати прастатит хеле муассир буда, ба зудӣ нишонаҳои ин бемориро аз байн мебарад.
Саломат бошед!