arzon replenishment
Шираи камол-давои зардпарвин?
132899

 

Духта солаам ба касалии зардпарвин гирифтор шудааст. Шунидам, ки дар табобати ин беморӣ дар баробари дорую дармон аз гиёҳҳо истифода бурдан низ муфид аст. Шумо ҳамчун табиби халқӣ ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Зайнаб, н. Ҳамадонӣ

Посух

Тибби мардумӣ хазинаи бебаҳоест, ки мардум ҳазорсолаҳо аз он истифода бурда, самарашро дар тану ҷони худ санҷида дидаанд. Албатта дар ин хазона барои зардпарвин ҳам давоҳои бемисл зиёданд. Аз ҷумла решаи дарахти зирк (барбарис) зардпарвинро хеле хуб муолиҷа мекунад. Боз чанд гиёҳи дигар вуҷуд доранд, ки ба дарди фарзанди шумо даво шуда метавонанд ва ман тарзи истифодаи баъзеи ин гиёҳҳоро ба шумо мефаҳмонам.

Нусхаи аввал

Шилм ё шираи камол дар табобати зардпарвин таъсири бисёр хуб мерасонад. Шилми камолро ба андозаи як донаи нахӯд дар байни дилаи нон гузошта ба духтаратон хӯронед.

Нусхаи дигар

Як қошуқ реша ё пӯсти майдакардаи зелолро дар 200 грамм об ҷӯшонда гиёҳобро дар давоми рӯз кам-кам ба бемор диҳед, то бинӯшад.

Нусхаи сеюм

Бемор бояд ҳар рӯз се дона бодоми талхро бо асал бихӯрад. Аз ин миқдор зиёдтараш заҳрнок аст.

Тавсия

Хӯрдани оби сабзӣ, анор, лиму, гашнич, турб, каду ва мош барои беморони зардпарвин муфид мебошад. 

Парҳез

Касоне, ки ба касалии зардпарвин гирифторанд, бояд аз хӯрдани ғизоҳои тез, тунд, хӯрокҳои бирёнӣ, сахт, дерҳазмшаванда, ҳамчунин равғани ҳайвонот ва консерва парҳез намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Якубов Бахтиёр 2019-10-05, 22:39
Истаравшан
Посух
баха 2019-10-05, 22:42
Зардпарвин б табобат мешавад ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Якубов Бахтиёр 2019-10-05, 22:39
Истаравшан
Посух
баха 2019-10-05, 22:42
Зардпарвин б табобат мешавад ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД