Рӯзҳои 8-10-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор мегарданд.
Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ - Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, музокирот дар қолабҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд. Имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ низ пешбинӣ шудааст.
9-уми октябри соли 2025 президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия»-ро доир менамоянд. Зимни ҷаласа роҳбарони давлатҳо масоили васеи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ мекунанд.
10-уми октябри соли 2025 дар «Қасри миллат» таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои муҳимеро, ки барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин қолаби бисёрҷониба мусоидат менамоянд, имзо хоҳанд кард.