ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
216

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо комплиментҳои гуворо мешунавед, шахсе дар паҳлуи шумост, ки нисбататон бетафовут нест. Эҳтимол лозим шавад, ки дурӯғи маслиҳатомез бигӯед, аммо эҳтиёт шавед, шумо рӯи яхи борик қадам мегузоред. Коратон аз ҷониби ҳамкорон қадрдонӣ карда мешавад, сипосгузор буданро фаромӯш накунед. Дар масъалаҳои пулӣ шитоб накунед. Барои таҳкими иммунитет машқи бадан ё йога кумак мекунад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз фурсати хуб барои шиносоӣ ва муносибатҳои ошиқона аст, хусусан агар танҳо бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ баҳс накунед, оромӣ беҳтарин роҳи ҳалли масъалаҳост. Меҳнататон ба зудӣ қадр карда мешавад, вале баъди кор зиёд истироҳат кунед. Аз хариди беҳуда худдорӣ намоед. Саломатӣ хуб аст, метавонед иҷрои корҳои ба таъхиргузоштаро оғоз намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз асабҳо ҳассосанд, кӯшиш кунед ором бошед. Бо наздикон баҳс накунед, беҳтараш сукут намоед. Дар оилаатон нофаҳмиҳо эҳтимол доранд, вале сабр накунед. Нимаи аввали рӯз барои қабули қарорҳои муҳим мувофиқ нест. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед. Бо сабаби вазъи ҳаво дар буғумҳо дардро эҳсос мекунед, аз кори вазнин дурӣ ҷӯед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Ба маҳбуби худ дар бораи хатоҳои хурд нагӯед, муҳаббат аз бахшиш оғоз меёбад. Низоъ бо наздикон метавонад тӯлонӣ гардад, аз ин рӯ эҳтиёт шавед. Муваффақият ба далерии шумо вобаста аст, наҳаросед, агар мехоҳед ғолиб шавед. Дар масъалаи пул сарфакор бошед. Бори зиёди ҷисмонӣ ба сутунмӯҳра зарар мерасонад, машқи сабук ё масҳ кумак мекунад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо бо ҷазобияти табиии худ дилҳоро тасхир мекунед. Дар хонаатон бояд оромӣ бошад, ҳамсаратон ба сабр ниёз дорад. Эҳтимол вохӯрии ногаҳонӣ бо шарики нав рух диҳад. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед ва қарзҳоро зудтар пардохт кунед. Агар аз бемориҳои буғум ё устухон ранҷ мекашед, фишори ҷисмониро камтар кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Шахсе дар атрофи шумо нисбататон муҳаббат дорад. Аммо агар дар муносибати ҷиддӣ бошед, аз ишқбозӣ дурӣ ҷӯед. Эҳтимоли баҳс бо волидон ё калонсолон вуҷуд дорад, вале роҳи худро идома диҳед. Ҳасад аз тарафи ҳамкорон эҳсос мешавад. Имрӯз метавонед маблағи ғайричашмдошт гиред. Барои саломатӣ ва истироҳат вақт ҷудо кунед, зеро хатари гирифторӣ ба зуком вуҷуд дорад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз аз тағйироти шадид дар зиндагии шахсӣ худдорӣ кунед, онҳо шояд ба шумо писанд наоянд. Бо наздикон нобоварӣ эҳсос мешавад, вале сабр дошта бошед. Дар касбу кор боэҳтиёт бошед ва қоидаҳоро вайрон накунед. Аз ҳар даромад 15 фоиз пасандоз кунед, орзуятон зудтар амалӣ мешавад. Энергияи шумо аз рӯҳияатон вобаста аст, фикрҳои мусбат кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз сабру таҳаммулатон зиёдтар мешавад, ин ба равобити муҳими шумо кумак мекунад. Аз навоварӣ натарсед, зеро якрангӣ метавонад муносибатҳоро вайрон созад. Ҳодисаҳои зуд тағйирёбанда изтироб меоранд, аз фикрҳои зиёд худдорӣ кунед. Кӯшиши саривақтӣ вазъи молиявиро беҳтар мекунад. Аз фикрҳои манфӣ худро озод созед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Агар эҳсос кунед, ки шахси дӯстдошта камтар таваҷҷуҳ дорад, эҳтимол ӯ мушкили корӣ дорад. Дар оила сулҳу оромӣ эҳсос мешавад, аз ин лаҳзаҳо лаззат баред. Субҳро ба мулоқотҳои корӣ бахшед, аммо касбу коратонро иваз накунед. Имрӯз эҳтимоли талафоти молӣ вуҷуд дорад, вале баъзан барои наҷот аз зиёни калон бояд чизеро қурбон кард. Варзишу витаминҳо рӯҳатонро боло мебаранд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз имкони оғози муҳаббати нав вуҷуд дорад, агар худатон иқдом кунед. Ба фарзандони наврас таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Барои ислоҳи вазъ бо ҳамкорон рӯирост гуфтугӯ кунед. Китобҳои муфидро бештар мутолиа намуда, нақшаи пешрафти шахсиро тартиб диҳед. Беҳтараш танаффус гиред ва ба соҳили ягон дарё равед, ҳавои дарё ба шумо неруи тоза мебахшад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатонро ба дидор даъват кунед. Барои осудагӣ хатоҳои хурди дигаронро бубахшед. Дар касбу кор ба садои дил гӯш диҳед, ин калиди муваффақият аст. Имрӯз метавонед қарзҳоро пардохт кунед ва сабукӣ эҳсос намоед. Зеҳнатон фаъол мешавад, хотира беҳтар мегардад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз шиносоии ошиқона метавонад рух диҳад, аммо дар ҷои кор аз ишқбозӣ худдорӣ кунед. Рӯз бо нофаҳмӣ ё ҷанҷол оғоз ёбад ҳам, оромиро нигоҳ доред. Ба зудӣ касбу коратон рушд мекунад ва даромад меафзояд, танҳо эҳсоси ҳасади дигаронро нодида гиред. Имрӯз барои истироҳат, андеша ва таҷдиди неру беҳтарин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД