Боздошт бо гумони дуздию қаллобӣ дар ниқоби корманди милитсия
66

Кормандони милитсия дар вилояти Хатлон мардеро боздошт намудаанд, ки худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, ба дуздию қаллобӣ машғул мешудааст.

Гуфта мешавад, ки боздоштшуда Яъқуб Бозоров сокини деҳаи Ғалабаи ноҳияи Панҷ буда, ба хонаи як зан, ки писараш дар маҳбас мебошад, даромада, худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо ваъдаи кумак кардан дар раҳоии фарзандаш аз зиндон аз ӯ 720 сомонӣ гирифтааст. Рӯзи 3-юми сентябр Бозоров телефони мобилии як сокини дигари ҳамин ноҳияро ба яғмо бурдааст.

Айни замон нисбати Яъқуб Бозоров, ки қаблан 3 маротиба барои қаллобӣ суд шудааст, бо қисми 1-и моддаи 247 ва қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад. Ба боздоштшуда ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД