«Фарзанди фаромӯшшуда» (ҚИСМИ 1)
274

Наврӯз ҳануз 19-сола буд, ки дар солҳои сахти ҳаёти мардум барои пайдо кардани ризқи ҳалол роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт. Бо дили пур аз орзуҳои ҷавонӣ ба Русия омад, аммо намедонист, ки тақдир барояш имтиҳоне омода кардааст, ки тамоми умр дилашро месӯзонад.

Дар Маскав ӯ бо духтари рус бо номи Елена ошно мешавад. Муҳаббати онҳо мисли оташ зуд аланга мегирад. Онҳо бо якдигар ахду паймон баста, никоҳ мекунанд ва зиндагии ширинашон оғоз мегардад.

Дере нагузашта Худо ба онҳо фарзанд ато мекунад. Онҳо писарро Алексей ном мемонанд. Аммо Наврӯз ӯро Асламҷон мегуфт. Чашмони тифл дунёи Наврӯзро равшан мекарданд. Елена бо дили пур аз муҳаббат мегуфт:

- Наврӯз, ваъда деҳ, ки ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунӣ.

Наврӯз ҷавоб медод:

- Ман ҳамеша бо ту хоҳам буд.

Аммо тақдирро тадбир нест.

Аз Тоҷикистон нома меояд: модараш бемор аст. Наврӯз маҷбур мешавад ба ватан баргардад. Ашки Елена рӯяшро месӯзонад. Ӯ кӯдакро ба оғӯш гирифта, зорӣ мекунад:

- Нарав, шояд дигар барнагардӣ.

Вале ӯ мегӯяд:

- Модарам ки сиҳат шуд, бармегардам.

Вақте қатора ҳаракат мекунад, кӯдаки хурд бо дасти ларзон ба шишаи тиреза мезанад, вале падар аллакай дур мешавад.

Солҳо мегузаранд. Наврӯз дар Тоҷикистон зиндагии нав месозад, бо зани дигар издивоҷ мекунад ва соҳиби фарзандон мешавад. Вале дар дили ӯ ҳамеша як ишқи ниҳонӣ мемонад, як хотираи сӯзанда, ки ҳатто дар шабҳои ором оромаш намегузорад. Елена бошад, танҳо бо писар дар Русия мемонад. Ӯ тамоми сахтиҳоро ба дӯш мегирад, барои Алексей ҳам падар мешавад, ҳам модар, вале дилаш аз хиёнати зиндагӣ шикастааст. Алексей бе падар калон мешавад ва дар дилаш ҳамеша холигие боқӣ мемонад.

Солҳо сипарӣ мешаванд ва Наврӯз ба синни пирӣ мерасад. Дар 57-солагӣ боз ба муҳоҷират меравад, зеро зиндагӣ маҷбур мекунад. Ӯ дигар марди ҷавон нест, вале қалбаш ҳамон гуна бо дард пур аст. Дар Маскав кор меёбад, дар як корхонаи калон ва нохост рӯ ба рӯи роҳбари он мешавад - ҷавоне бо чеҳраи ҷиддӣ, қадамҳои устувор ва чашмоне, ки ба дилаш тир мезананд. Наврӯз ҳайрон мемонад: ин чашмонро куҷо дида буд? Дилаш ба ларза меафтад. Дар дохили утоқ, ҷавон бо овози сахт мепурсад:

- Номи шумо?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД