📍 МАРҲИЛАИ 1: ФАРҚИЯТРО ЁБ
Вазифа:
Шумо 3 мафҳум доред:
- Бизнес.
- Кор дар ташкилот (бо маош).
- Худмуздурӣ (фриланс, хизматрасонии шахсӣ).
Савол: Онҳо бо чӣ фарқ мекунанд? Кадоме озодтар аст? Кадоме хавфноктар? Кадомаш метавонад васеъ шавад?
💡 Ишора:
Бизнес на танҳо усули даромад аст - ин сохтани арзиш ва низоме аст, ки бе иштироки ту ҳам метавонад фаъол бимонад.
📍 МАРҲИЛАИ 2: ФОРМУЛАИ БИЗНЕСРО БИФАҲМ
Вазифа:
Шумо ин унсурҳоро доред:
• Ҳадаф;
• Маҳсулот / Хизмат;
• Мизоҷон;
• Даста;
• Захираҳо;
• Фоида;
• Арзиш (арзиши воқеии он ба ҷомеа).
Талаб:
- Ба тартиби афзалият гузоред - аввал кадомаш, охир кадом?
- Ядро ё маркази бизнесро ёбед - бе кадомаш ҳамааш мешиканад?
📌 Хулоса:
Бизнес аз пул оғоз намешавад - аз арзише оғоз мешавад, ки ба дигарон пешниҳод мекунӣ.
📍 МАРҲИЛАИ 3: МУАММОИ БИЗНЕСРО ҲАЛ НАМО
Сенария:
Мехоҳӣ дар маҳали зисти худ хидмати расонидани хӯрокро оғоз намоӣ.
Аввалин коре, ки мекунӣ:
а) Сармоягузор меёбӣ;
б) Мошин мехарӣ;
в) Мефаҳмӣ, ки киҳо инро мехоҳанд ва мушкилашон дар чист.
✅ Ҷавоби дуруст:
в) Агар мушкилоти мизоҷонро нафаҳмӣ, бизнес кор намекунад.
📍 МАРҲИЛАИ 4: ПАЗЛИ БИЗНЕСРО ҶАМЪ НАМО
Вазифа:
Ҳар гурӯҳ як корти намунавии бизнес мегирад (масалан қаҳвахона, курси онлайн, барномаи мобилӣ, бренд бо миссияи экологӣ ва ғ.).
Тасаввур кунед:
• Мизоҷ кист?
• Арзиш дар чӣ аст?
• Аз куҷо пул меояд?
• Чӣ захираҳо лозим?
• Заифтарин нуқтааш дар куҷост?
Презентатсия кунед ва натиҷаро ба гурӯҳҳо шарҳ диҳед.
🎯 ҶАМЪБАСТ:
Агар ҳама марҳиларо гузаштед, акнун шумо фаҳмидед:
Бизнес - на дар бораи «зуд пул ёфтан», балки дар бораи
дидани мушкилот, пешниҳоди арзиш ва тағйир додани воқеият аст.
📌 ХУЛОСА: ЧИРО ДАР БИЗНЕС ДИДАН ЛОЗИМ?
- 📍 Бозори ту куҷост? - маҳаллӣ, миллӣ ё ҷаҳонӣ?
- 📍 Мизоҷ кист? - чӣ мехоҳад ва ту чӣ гуна ёриаш мекунӣ?
- 📍 Рақибонат кистанд? - чӣ тавр беҳтар бошӣ, на танҳо баландтар?
- 📍 Фарқи ту дар чист? - чаро бояд туро интихоб кунанд?
- 📍 Рушди ту аз чӣ вобаста аст? - равандҳо, технология, арзишҳо?
✊ Инро ба харитаи шахсии бизнес табдил деҳ.
Чун бе харита - танҳо шиноварӣ мекунӣ.
Бо харита - хатсайр месозӣ.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#