Formula novemver 2024
Шири шутур ба кадом дардҳо давост?
5219


Дар ҷамоати наздисарҳадии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аҳли як хонавода муддати 6 сол боз бо шутурпарварӣ машғуланд. Султонбой Султонов бо зану фарзандонаш дар хона 6 уштур парвариш менамоянд.

Ин марди уштурпарвар мегӯяд, шири шутур дар баробари серғизо буданаш, боз дорӯ низ ҳаст ва худи ӯ 3 аъзои оилаашро аз бемории зардпарвин бо шири шутур табобат кардааст.
“ 7 сол пеш ду фарзанди ман ва писарчаи додарамякбора ба касалии зарда (зардпарвин) гирифтор шуданд. Ранги рӯйи кӯдакон мисли заъфарон зард шуда, рӯз то рӯз беҳолу бемадор ва лоғар мешуданд. Иштиҳояшон тамоман гум шуд.

Фарзандонамонро мо дар беморхонаи сироятии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳатто дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем, аммо осори дард монд. Дӯстон тавсия доданд, ки дар ноҳияи Спитамен (пештара Нов) шири шутур мефурӯшанд ва давои дарди зардпарвин ҳамин шир аст. Ману додарам рафта аз Нов ҳамагӣ 1 литр шири шутурро ба 50 сомонӣ харида овардем. Хулоса, ҳамон як литр шири шутурро ба се кӯдаки бемор рӯзе чанд маротиба кам-кам мехӯрондем. Дар байни ду-се рӯз ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дилгарм шуда боз барои харидани шири шутур ба Нов рафтем. Ҳамин тавр кӯдакони худро танҳо бо шири шутур табобат намуда, мо шоҳиди он гаштем, ки чи тавр зардии пӯсташон оҳиста-ҳиста гум шуда, ба рӯяшон сурхӣ дамид ва дубора иштиҳо пайдо карданд.

Таъминан як моҳ пас дубора ҳарсеяшонро ба духтур бурда аз ташхис гузаронидем. Духтурҳо гуфтанд, ки кӯдакон ба пуррагӣ шияо ёфтаанд. Ҳамин ҳдиса маро ба парвариши уштур шавқманд гардонд”-қисса мекунад акои Султонбой.

Шутурҳоро аз Қазоқистон овардему...

Ба гуфти худи Султонбой Султонов азбаски дар кишвари мо уштур намефурушанд, маҷбур шудаанд, ки барои харидани шутур ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Қазоқистон раванд. Ҳамин тавр дар ин хонавода 6 уштур пайдо шуд, ки сетояшон ҷӯшоӣ мебошанд. Як литр шири шутур 50 сомонӣ ва қумрон (ҷурғот)-и он 30 сомонӣ нарх дорад.
Хӯроки шутур асосан янтоқ мебошад, ки аз шаҳри Конибодом ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод дастрас мекунанд. Барои сокинони ин минтақа мисли дигар минтақаҳо шутур ҳайвони аҷоибу ҷолиб нест, чунки ҳар рӯз Султоновҳо шутурҳоро ба кӯча мебароранд ва мардуми маҳалла ин ҷонваронро табъи дил тамошо мекунанд.

Ба гуфти Султонбой Султонов шири шутур танҳо ба касалии зардпарвин не, балки ба дигар бемориҳо, аз ҷумла ба баъзе намудҳои бемориҳои анкологӣ низ фоида дорад, бинобар ин, аҳли оилаи Султоновҳо ният доранд, ки дар оянда як фермаи шутурпарварӣ таъсис диҳанд.
Албатта ҳар кор мушкили худро дорад ва шутурпарварӣ ҳам мушкилоти зиёде дорад. Ин ҳайвонҳои азимҷусса ба кӯдакон то имрӯз зарра нарасонидаанд, вале ба ҳар ҳол, хавфу бими зарар расониданашон вуҷуд дорад. Акои Султонбой мегӯяд, агар одам ба уштур маъқул нашавад, ба рӯяш тӯф мекунад.

Як сол дар батни модар

Маъмулан чорпёни бордор дар муддати шаш моҳ-нӯҳ моҳ таваллуд мекунанд, вале давраи ҳомиладории уштур 13-14 моҳ тӯл мекашад. Вақте таваллуд кардани уштурмодар наздик шуд, аҳли оила гӯшу ҳуш шуда, мудом уштури модаро назорат карда меистанд, чунки шутур мисли модагов фарзандашро худаш ӯҳда карда наметавонад. Барои он ки уштурбача ва модараш ягон осеб набинад, уштурбон бояд хеле эҳтиёткор бошад.


Аз шири шутур чиҳо тайёр мекунанд?

Уштурҳо таърихи аҷибе доранд. Ҳанӯз ду ҳазор сол пеш одам хислати ин ҷнварро омӯхта, онро ба худ ром карданро омӯхт. Азбаски шутур ба хушксолӣ тобовар аст, онро ба корвон ҳамроҳ намуда, ҳамчун воситаи боркашонӣ дар сафарҳои дур низ истифода мебурданд. Дар саҳрову биёбон шутурҳо асосан алаф мехӯрдан ва сабаби шифобахш шудани ширашон маҳз ҳамин аст. Алафу гиёҳҳо дорои миқдори зиёди минералҳо ва моддаҳои биологиянд, ки ба таркиби шири уштур мегузарад. Мувофиқи маълумотҳо дар Швейтсария шири уштурро барои тайёр кардани шоколади асили болаззат истифода мебаранд.

Дар Арабистон аз шири шутур какао ва дар Ҳиндустон яхмос тайёр мекунанд. Шири уштур аз витаминҳои В1, В2, оҳан, фосфор, сулфур ва калсий бой аст. Аз ҷумла, витаминҳои C ва D дар шири уштур нисбат ба шири гов се маротиба зиёданд. Иммунитети бемор (муқовимати бадан ба бемориҳо) паст бошад, бояд ҳар рӯз 0,5 литр шири навдӯшидаи шутур нӯшад.

Шири шутурро дар шиками гурусна нӯшидан лозим аст. Вақте ки бо мақсади табобат шири шутур менӯшад, бемор бояд аз хӯрокҳои талх, шӯр, дуддодашуда ва консервҳои гуногун, инчунин аз нӯшидани машрубот ва тамокукашӣ худдорӣ намояд, зеро парҳез таъсири шифобахшии шири шутурро зиёдтар мегардонад.
Аммо шири уштур ба одамоне, ки аз ҳама гуна маҳсулоти ширӣ аллергия доранд, зарар дорад ва тавсия дода намешавад.

Шири шутур ва хуч маро аз гепатит наҷот дод

Нигора Шукурова сокини ноҳияи Деваштич буда, 3 сол пеш ба гепатити А гирифтор шудааст. Ӯ ҳамшираи тиб шуда кор мекард ва ба ин беморӣ гирифтор шуданашро зимни ташхиси тиббие, ки тамоми кормандони тиб дар шаш моҳ як маротиба мегузаранд, фаҳмидааст. Нигора мегӯяд:
“Вақте ки гепатити А дштанам маълум шуд, маро аз кор ҷавоб доданд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, оилаам ҳам бо сабаби ҳаимн беморӣ вайрон шуд...”
Азбакси шавҳараш марди дурандеш набуд, бо шунидани он ки Нигора гепатити А дорад, ба таҳлука афтида “ба ман зани вирусдор даркор нест” гӯён, ҳамсарашро ба хонаи падару модараш овардамепартояд.

Нигораи бемор дар як муддати кӯтоҳ ҳам саломатӣ, ҳам бахт ва ҳам ҷойи корашро аз даст дода, аз зиндагӣ тамоман навмед гашта буд, вале падараш барои дубора ба ҳаёт дилгарм шудани ӯ тамоми корро кард. Вақте ба ӯ тавсия доданд, ки як моҳ шири шутур нӯшад, шифо меёбад, тамоман боварӣ надошт, ки ин маслиҳат ба ӯ ягон зарра суд расонида метавонад, вале бо исрори падар ба нӯшидани шири шутур сар кард.
“Ман дар як рӯз 3 литр оби хуч, оби лаблабӯи сурх, шири шутур ва танҳо ним косагӣ шӯрбои обҷӯш мехӯрдаму халос.

Беш аз як моҳ ба ғайр аз оби хучу шири уштур ва лаблабӯи ҷӯшонидашуда дигар чизе нахӯрда, ба худ омадам. Вақте ки дубора барои ташхис рафтам, гуфтанд, ки комилан солимам. Шукр, ҳоло аз чизе шикоят надорам, саломатиат хуб аст, маро дубора ба кор гирифтанд, вале аз он афсӯс мехӯрам, ки бо сабаби беморӣ оилаам пош хӯрда, фарзандонам зиндаятим гаштанд”-мегӯяд Нигора.

Табиат худ табиб аст

Мувофиқи маълумотҳои олимони Донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шири шутур аз инсулин бой буда, имкон медиҳад, ки он дар duodenum хуб ҷаббида шавад ва дар хун миқдори кофии инсулин ҳосил шавад. Шири шутур ҳамчунин фаъолияти ғадуди зери меъдаро беҳтар мегардонад, аз ҳамин хотир онро ба одамоне, ки ба диабети қанд гирифторанд, тавсия медиҳанд. Шири шутур миқдори зиёди протеини ба инсулин монанд дорад. Ин сафеда ба паст шудани сатҳи қанд дар хун мусоидат менамояд. Аммо дар ёд дошта бошед, ки шири шутурро барои табобати бемориҳо танҳо бо машварати табибон нӯшидан мумкин аст.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД