Formula novemver 2024
РОҲҲОИ ПУЛ КОР КАРДАН БО КӯМАКИ ИНТЕРНЕТ
4098

Занҳои коргар ҳамеша аз он тарс доранд, ки агар хонашин шаванд, албатта бо мушкили бепулӣ рӯ ба рӯ гашта, сахт азоб мекашанд.

Шавҳарамро чи хел розӣ кунам, ки пули дӯхти куртаамро диҳад? Барои ба кошонаи ҳусн рафтан аз куҷо пул меёбам? Ягон пойафзоли нав харида диҳед гӯям, фиғони мардакам ба фалак мепечидагист? Худоё, бо кадом баҳона аз модарам пул гирам?-Ин саволҳоест, ки дар майнаи зани аз манбаи даромад маҳрум гашта ҳамеша давр мезананд. Магар зан метавонад дар хона нишастапул кор кунад? Албатта!

Замона пеш рафтааст ва имрӯз одамон, аз ҷумла бонувон низ аз манзили зисташон берун набаромада, маблағи хуб ба даст оварда метавонанд, агар ақлашонро кор фармуда, каме кӯшиш намоянд.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳҳои пул кор кардан дар хона маълумот медиҳем.

"Лайк" занро бой мекунад?

Лайку репост ва кликҳо роҳи осонтарини ба даст овардани маблағ барои онҳоест, ки мехоҳанд дар хона нишаста, пул кор кунанд. Барои ин хатм кардани курсҳои компютерӣ аслан зарурат надорад. Шумо метавонед аз худи ҳаимн рӯз ба пул кор карданбо кӯмаки интернет оғоз намоед. Рост аст, ки дар оғоз ба даромади хуб умед бастан душвор аст, вале ин амал барои шумо мисли Алифбо раҳнамо гашта, минбаъд оҳиста-оҳиста роҳу усулҳои нав ба нави бо кӯмаки интернет пул кор карданро ёд мегиред. Фаромӯш накунед, ки дар интернет пул ҳаст! Шуморо зарур аст, ки лайк гузоред ва бештар таблиғот тамошо карда, мактубҳои вордшударо пур намоед.

Бо як тир ду нишон

Имрӯз аксари занону духтарони тоҷик бо Мерикей, Феберлик, Орифлейм ва дигар ширкатҳои машҳуре, ки ба истеҳсоли маводи косметикӣ сару кор доранд, ҳамкорӣ менамоянд. Агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бшед, метавонед маҳсулоти худро дар интернет тарғиб намуда, бурди дукаракат кунед.

  1. Мизоҷони зиёде пайдо карда, молу маҳсулти худро ба зудӣ мефурӯшед.
  2. Аз шарҳҳои навишаатон низ пул ба даст меоред, агар сербаҳс шаванд.

Барои ин кофист, ки маҳсулоти худро ба гурӯҳҳо тақсим карда, дар бораи он каме маълумот нависед. Ҳар қадар дар бораи маҳсулоти шумо бештар хонанд, ҳамон қадар ба буҷҷаатон пул ворид мегардад.

Супориши оддӣ

Одамони серкор аксар вақт корҳои хурдро ба дигарон вогузор карда, бар ивазаш пул медиҳанд. Шумо метавонед вазифаҳои оддиро ба монанди занг задан ба мизоҷон, ҷустуҷӯи маълумот, ворид кардани маълумот ба гурӯҳи зарурӣ ва ғайраро анҷом дода, маблағи иловагӣ ба даст биёред.

Тарроҳӣ

Тарроҳӣ яке аз касбҳоест, ки даромади хеле хуб дода метавонад. Шахсоне, ки чӣ гуна коркард намудани аксҳоро медонанд, ҳамагӣ пас аз ду рӯзи омӯзиш метавонад аз тарҳҳои вебсайт маблағ ба даст оранд. Танҳо барои ҷо ба ҷо гузоштани суратҳо дар вебсайтҳои лозимӣ дар як моҳ то 3000 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар даромад гирифтан имкон дорад.

Блогер шудан мехоҳед?

Блогнависӣ-гуфтани чизе дар мавзӯи барои шумо ҷолиб, интиқоли дониши худ ба дигарон, мавзӯъро ба муҳокимаи хонандагонвогузор намудан ва навиштани ҷавоб ба шарҳҳороҳи хеле хуби маблағ ба даст овардан аст, вале дар ин самт вақти бештар сарф кардан лозим меояд.

Даромад аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ кайҳо боз ба макони муошират табдил ёфтаанд. Таблиғгарон ва дигар намояндаҳои тиҷорати воқеӣ дарк мекунанд, ки метавонанд дар ин ҷо бештар маҳсулоти худро фурӯшанд ва ин барои пул кор кардан имконияти хуберо фароҳам меорад. Шуморо зарур аст, ки ба Vkontakte, Instagram, Telegram ворид шуда, роҳҳои ҷалби муштариёнро омӯзед ва аз ин шабакаҳо истифода бурда, барои худ пул кор кунед.

Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба занони хонашин ёрӣ мерасонанд ва минбаъд интернетро ба манбаи даромади худ табдил медиҳанд. Саломат ва муваффақ бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Нигина 2023-06-05, 21:01
Бобоева
Посух
100 2023-10-05, 21:06
Хамту метед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Нигина 2023-06-05, 21:01
Бобоева
Посух
100 2023-10-05, 21:06
Хамту метед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД