ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1576

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои корҳои дастаҷамъона мусоид аст. Нерӯятон зиёд шуда, метавонед ҳар мушкилро ҳал кунед. Шояд баъзеҳо барои маслиҳат ба шумо муроҷиат кунанд. Агар роҳбар вазифаи иловагӣ диҳад, ҳақи хизмати худро ёдрас намоед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед, зеро ваъдаҳои дурӯғ ё фиреб хӯрданатон имкон дорад. Барои парҳез ва тоза кардани ҷисм рӯзи хеле мувофиқ аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо наздикон зиёд аст, бинобар ин баҳсҳоро кам кунед. Субҳ аз бахиливу ҳасад дур бошед. Дар ҷои кор фикри ҳамкоронро нодида нагиред. Вазъи молиявӣ устувор мемонад, вале аз қарз, кредити калон ва фиребгарон дурӣ ҷӯед. Ба варзиши хатарнок ё фаъолиятҳои нав машғул нашавед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Рӯзро ором ва боэҳтиёт гузаронед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои шиносоии нав мусоид аст, агар касе писандатон шавад, худатон гапро оғоз намоед. Робитаҳои хешутабориро барои манфиати шахсӣ истифода набаред. Шартномаҳо ва созишномаҳо фоида меоранд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, хатари гирифторшавӣ ба зуком вуҷуд дорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Кӯшиш кунед ба худ боварӣ дошта бошед ва муносибатҳои ошиқонаро душвор накунед. Аз шитобкорӣ дар хулосабарорӣ худдорӣ кунед. Агар рафтори наздикон шуморо асабонӣ кунад, бо оромӣ суҳбат кунед. Имрӯз нерӯи шумо зиёд шуда, масъалаҳои корӣ осонтар ҳал мегарданд. Пешниҳодҳои молиявии шубҳанокро қабул накунед. Барои мулоқотҳои корӣ рӯзи мусоид аст. Шояд каме дарди миёнро эҳсос кунед, вале он гузаранда аст.

Асад (23 июл-22 август)

Барои истироҳат бо наздикон, рафтан ба қаҳвахона ё сайругашт рӯзи мувофиқ аст. Ба шубҳа ва ранҷиши беасос роҳ надиҳед. Дар касбу кор муошират муҳим аст, фикратонро равшан баён кунед ва ба гапи дигарон гӯш диҳед. Аз бемориҳои роҳҳои нафас эҳтиёт кунед ва ба саломатӣ аҳамият диҳед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ҳамсар ё дӯстатон метавонад нисбат ба шумо шубҳа пайдо кунад. Бештар дар байни одамон бошед ва даъватҳоро рад накунед. Аз шахсоне, ки ба саратон зӯрӣ мекунанд, дурӣ ҷӯед ва худатон низ дигаронро зери фишор нагузоред. Қобилияти корӣ зиёд мешавад ва ин ба вазъи молӣ таъсири хуб мекунад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз бо худ ва дӯстдоштаатон ростқавл бошед. Шояд сирри пинҳонӣ шуморо нороҳат намояд. Хешу табор аз шумо диққати зиёд талаб мекунанд, ба ин чиз оромона назар кунед. Бо роҳбар баҳс накунед, оқибаташ бад аст. Қарз гирифтан тавсия дода намешавад. Агар сабурӣ ва дурандеширо пеша намоед, ҳам кори худро пеш мебареду ҳам имкони беҳтари пулкоркунӣ пайдо мекунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Кӯшиш кунед барои шахси наздик такягоҳ бошед. Агар бахти худро наёфта бошед, фаъолтар амал кунед. Барои хатогиҳои ночиз наздиконро сахт танқид накунед. Идеяҳои зиёд доред, вале на ҳамаи онҳоро якбора иҷро кардан мумкин аст. Имрӯз барои мулоқотҳо, корҳои тиҷоратӣ ва тамоси нав рӯз мувофиқ аст. Аз асабоният ва хастагӣ эҳтиёт кунед, истироҳат ба шумо хеле лозим аст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар ҷои кор эҳтимоли ишқбозии муваққат вуҷуд дорад, вале одатан ба муносибати ҷиддӣ намерасад. Имрӯз ба осонӣ шиносоӣ ва дӯстӣ пайдо мекунед. Дар давоми рӯз тағйироти гуногун рух дода, корҳоятон парешон мешаванд. Агар нақшаҳо иҷро нашаванд, рӯҳафтода нашавед, ин муваққатист. Каме хавфи аз даст додани маблағ ҳаст. Саломатиро эҳтиёт кунед ва аз бардоштани борҳои вазнин худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар муносибатҳои ошиқонаро аз сари нав ва бо оромӣ оғоз кардан хоҳед, аз танқид кардани худ даст кашед. Дар хона уҳдадориҳоро байни якдигар тақсим мекунед. Имрӯз ба касе ваъдаҳои калон надиҳед, зеро иҷрояшон мушкил мешавад. Бо одамони ношинос кори муштарак оғоз накунед. Заҳмат кашида, муваффақ мегардед. Саломатии дил ва асабро эҳтиёт намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз ба ҳаёти худ каме романтика ворид кунед ва танҳо фикри пулро накунед. Дар оила нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, шояд маслиҳати равоншинос кумак кунад. Дар касбу кор рақобат зиёд мешавад, оқилона амал кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худро канор гиред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз имкони шиносоии хуб доред, махсусан агар дар ҷустуҷӯи ҷуфт бошед. Дар оила баҳсҳои молӣ ба миён меоянд, вале агар дуруст рафтор кунед, ҷангу ҷанҷол намешавад. Ба кор машғул шуда наметавонед, чун атрофиён шуморо парешон мекунанд. Пешниҳоди ҷолибе мегиред, онро аз даст надиҳед. Барои беҳдошти саломатӣ ба табиат равед, варзиши табъи дил ба шумо фоида меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД