Ҳамал (21 март-19 апрел)
Субҳи имрӯз ба шумо ҷасорату неру мебахшад. Ба осонӣ сари қарорҳои муҳим меоед ва пешниҳодҳои ғайричашмдошт низ муфид мешаванд. Дар касбу кор бояд зуд, вале бо андеша амал кунед. Дар муносибатҳои ошиқона самимият якдигарфаҳмиро осон мекунад. Як табассум ё каме меҳрубонӣ рӯзро зебо месозад. Варзиш ва ҳаракат руҳбаланд мекунад. Шомро беҳтар аст дар хона, бо мутолиаи китоб ё гӯш кардани мусиқӣ, оромона гузаронед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз корҳоятон сабр ва диққатнокиро талаб мекунанд. Агар оҳиста ва боэътимод пеш равед, натиҷа хуб мешавад. Масъалаҳои пулӣ мувофиқи нақша ҳал мешаванд, шитобкорӣ лозим нест. Каме меҳрубонии шумо боиси мустаҳкамии муносибатҳои ошиқона мегардад. Ихтилофҳоро оромона ҳал кунед. Саломатӣ ба хӯрок ва хоби дуруст вобаста аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз бо дӯстону ҳамкорон осонтар робита мекунед. Гуфтугуҳои корӣ муваффақ мешаванд, агар фикрҳоро равшан бигӯед ва ба гапи дигарон гӯш диҳед. Дар муҳаббат сабукӣ ва шӯхиву самимят пайдо мешавад. Қарорҳои муҳимро баъди андеша кардан қабул кунед, на дар сари эҳсосот. Шомро бо одамони илҳомбахш гузаронед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ҳиссиёт ва садои қалбатон қавӣ шуда, ба шумо дар қарорҳои душвор кумак мекунанд. Корҳои хона ва аҳли оила диққати шуморо талаб мекунанд. Каме ғамхорӣ кардан кифоя аст, ки дӯстдоштаатонро ошиқтар созед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ҳама гуна тафсилот диққат диҳед. Барои оромии асабҳо оббозӣ ё сайругашти ором муфид аст.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз энергияатон баланд аст, дилатон мехоҳад дар ҳама кор роҳбар бошед. Лоиҳаҳое, ки ҷасорат мехоҳанд, осон пеш мераванд. Дар ҷодаи муҳаббат аз ҷониби дӯстдоштаатон таваҷҷӯҳ ва қадрдонӣ бештар дида мешавад. Имкониятҳои ошиқона пайдо мешаванд, омода бошед. Варзиш ё корҳои эҷодӣ неруятонро баланд мекунанд. Пас аз рӯзи пурташвиш, каме истироҳат тавозунро бармегардонад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз агар дар ҳама кор бодиққат бошед, ба ягон хатоӣ роҳ намедиҳед. Маслиҳати ҳамкорон муфид хоҳад буд. Дар муҳаббат эътимод ва устуворӣ аз ҳама муҳим аст. Дар масъалаҳои молӣ дурандеш бошед, фикри ояндаро кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, ғизои дуруст ва реҷаи хуб фоида меоранд. Шомро барои тартиб додани нақшаҳо истифода баред.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз тамоми нофаҳмиву ихтилофҳоро оромона ҳал мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат хоҳиши ҳамдигарфаҳмӣ зиёд мешавад. Суҳбати самимӣ эътимодро мустаҳкам мекунад. Шиносоии нав метавонад имкониятҳои ҷолиб диҳад. Энергияи эҷодиятон баланд аст. Тавозуни дуруст байни истироҳат ва корро нигоҳ доред.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳсосотатон қавӣ мегардад. Худатон медонед, ки дар куҷо бояд ҷиддӣ амал кунед. Дар ҷодаи муҳаббат ростқавлӣ ва самимият ҳама чизро рӯшан мекунад. Суҳбатҳои душвор низ муносибатро беҳтар мекунанд. Ҳангоми сари қароре омадан, кӯшиш кунед, ки қаҳру ғазабро аз худ дур созед. Неруятон зиёд аст, вале истироҳат ва хоби хубро фаромӯш накунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯҳбаландӣ ва кунҷковӣ ба шумо эҳсоси хуб мебахшанд. Нақшаҳои ба сафар баромадан ё бо омӯзиш машғул шудан, амалӣ мешаванд. Дар кор ошкоргӯӣ ба пешниҳодҳои ҷолиб меорад. Муносибатҳои ошиқона бо суҳбат ва ханда қавитар мешаванд. Фаъолияти ҷисмонӣ ва муҳити нав кайфиятро баланд мекунанд. Шомро барои истироҳат ва машғулиятҳои сабук ҷудо кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз ҳадафмандӣ ва интизом ба шумо кумак мекунад. Агар пайдарпай амал кунед, ба ҳадаф мерасед. Дар ҷодаи муҳаббат эътимод ва дастгирии шумо аз ҷониби дӯстдоштаатон қадр мешавад. Дар сарф кардани пул ояндаро фикр кунед. Саломатӣ ба дуруст тақсим кардани қувва вобаста аст. Ба нафарони бегона бовар накунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз идеяҳои нав ва фикрҳои ғайриоддӣ ба шумо муваффақият меоранд. Дар муошират мехоҳед озод бошед ва суҳбатҳои ҷолиб дошта бошед. Шиносоии нав метавонад ба шумо илҳом бахшад. Муносибатҳои ошиқона бо корҳои муштарак беҳтар мешаванд. Шомро бо дӯстони наздик ё китобхонӣ гузаронед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҳиссиёти шумо қавӣ мешавад. Вазъияти ба саратон омадаро хеле хуб дарк мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат меҳрубонӣ ва шунидани фикри ҳамдигар муҳим аст. Дар масъалаҳои молӣ сабр ва диққат лозим аст. Барои барқарор кардани неру истироҳат, мусиқӣ ё сайр дар канори об муфид аст. Тоату ибодат ба шумо оромӣ мебахшанд.