Хушбахтии оилавӣ аз ишқ ва меҳру муҳаббати тарафайн сарчашма мегирад. Оилае, ки дар асоси муҳаббат ташкил меёбад, пойдортару устувор аст. Муҳаббати заношӯӣ дар баъзе афрод қабл аз оиладорӣ ва бархеи дигар пас аз оиладор шудан ташаккул меёбад. Аммо нигоҳ доштану зиёд кардани меҳру муҳаббати ҳамдигар масъулият мехоҳад.
Бисёр вақт одамон муҳаббатро танҳо эҳсоси гарм мешуморанд, вале муҳаббат дар асл масъулият аст. Ҳангоми дурӣ аз ҳамсар, фарзанд ва ё падару модар ин масъулият бештар мешавад. Бо як сухани нарм, бо як паёми пурмеҳр, бо як занг метавон меҳру муҳаббатро байни ҳам афзуд.
Имрӯзҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, саёҳат, таҳсил, тиҷорат ва ё табобат марду зан ба хориҷа мераванд. Дар натича ҳафтаҳо, моҳҳо ва ҳатто солҳо аз оила дур мемонанд. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани муҳаббати ҳақиқӣ ва афзудани он якчанд корҳоро бояд анҷом дод.
Муоширати пайваста
Дар замони муосир василаи тамос зиёд аст. Шумо метавонед ба ҳамқадами оилавиятон занг занед, паём нависед ва ё суҳбати видеоӣ кунед. Муҳоҷир бояд ҳар рӯз ё як рӯз пас бо оилааш дар тамос бошад. Як ҷумлаи соддаи "ман шуморо дӯст медорам, пазмон шудам" метавонад меҳру муҳаббатро афзун созад. Падар ё модари муҳоҷир бояд кӯшиш кунад аз ҳолу аҳволи фарзандон, дарси онҳо, машғулиятҳои баъдидарсии онҳо бохабар бошад, меҳри падарӣ ва модарии худро ба фарзанд нишон диҳад.
Эътимоди тарафайн
Дурӣ аз зан, шавҳар ва дар умум аз хонавода дар аксар маврид нофаҳмиро ба вуҷуд меорад. Ба қавли баъзе, мардон ё занони "рашкин" ба ҳамдигар рашки беасос карда, решаҳои муҳаббатро заиф ва дар оқибат хушк месозанд. Дуруст, рашк аз нишонаҳои муҳаббат аст, вале дар ҳама кор андоза нигоҳ доштан ба манфиати кор аст. Барои ҳамин, ҳамсарону фарзандон бояд ба ҳамдигар итминон дошта бошанд. Яъне эътимоди тарафайн барои мустаҳкамии оила ва афзудани муҳаббат мусоидат мекунад.
Сабр ва мақсад
Сабрро калиди хушбахтӣ медонанд. Бояд дар зиндагӣ инсон сабур ва таҳаммулпазир бошад. Таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ низ метавонад муҳаббатро афзун созад. Аз тарафи дигар, мақсади ягонаи ҳамсарон масалан барои сохтани хона, таҳсили фарзанд, зиндагии ором муҳаббатро қавитар мегардонад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ