Imon Credit
АЗ КЕЛИНКОБӢ БЕЗОР ШУДАМ!
9905

 

"Гармиро гармиву хунукиро сардӣ нагуфта, 3 сол мешавад, ки дар ба дари духтардорон гашта, барои писарам келин мекобам" , - мегӯяд апаи Райҳона.

"Тамоми кӯчаҳои шаҳрамонро гаштам. Ҳатто ба як кӯча 2 ва ё 3 бор ҳам рафтам, аммо ҳамаашон бе натиҷа шуданд. Бовар мекунед, ки шарм мекунам дигар дари ягон хонаро кӯбам. Барои писарам шуда, ба ҳамаи кор розиам. Ҳатто дар паси дари муллоҳо соатҳо интизорӣ мекашидам, ки давои дарди писрамро чӣ мегӯянд.

Моҳи шарифи Рамазон буд. Писарам гуфт, ки "оча, хез дар фалон кӯча духтари фалонӣ ҳаст. Канӣ як бор рафта бин. Ҷӯраам суроға дод". Фикр кардам, ки ин дафъа ӯ аниқ зангир аст. Барои ҳамин дар ин гармӣ маро ба дари хонаи мардум фиристод. Баъди рафта омадан вақте сурати духтарро нишонаш додам, гуфт, ки ина қадаш пасти фарбеҳ, боз рӯймол надорад". Дилам аз зангириву зиндагии ӯ хунук шуд".

Бино ба нақли ӯ я мулло барояш гуфта будааст, ки "писаратро кадом бевадухтар муллогӣ кардааст", аммо апа бовараш накарда буд. Он вақт ҳамаи корро кард, ки писараш зуд хонадор шавад, аммо фоида накард.

"Як ҳафта пеш духтари ҳамсоя омада гуфт, ки "хола, худатро ғам надеҳ. Писарат 2 сол боз бо як духтар мисли зану шавҳаранд. Он духтарак таваллуди 1981 буда, аз писари шумо 9 сол калон ҳаст ва ҳатто 2 бор шавҳар кардааст". Ростӣ, ҳайрон мондам. Таваллуди писари ман 1990 аст ва то ҳол безан мегардад".

Ҳамсоядухтар инчунин илова кардааст, ки писараш гӯё ба он духтари дӯстдораш гуфтааст, ки "ман ба хотири падару модарам оиладор мешавам, лекин баъд аз ҳафта талоқашро дода, туро ба занӣ мегирам"

"Чун ин гапҳои духтари ҳамсояро аз писарам пурсидам, “оча, ҳамааш рост аст”, - гуфта, қоил шуд. “Агар ханадор шуданӣ бошам, танҳо Фарзонаро мегирам, дигар ба ман ягон кас даркор нест”, гуфту аз хона баромад".

Апаи Райҳона баъди ин писараш боз як бачаи дигар дорад. Ҳоло ӯ дар шаҳри Сангпетербурги Русия кор мекунаду барои тӯяш пул ҷамъ карда истодааст. Заншавандааш аллакай тайёр аст. "Баъди ин гапи писари калониам ба додараш занг зада гуфтам, ки биё аввал туро хонадор кунам. Аммо ӯ “боз акаам аз ман наранҷанд”, - гуфта, розӣ нашуд".

"Шабу рӯз дар рӯи ҷойнамоз дуо мекунам, ки дари бахти фарзандам зудтар кушода шаваду мо ҳам тӯйро бинем", - мегӯяд ин модар.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Шодмони 2020-07-27, 22:23
Локин шахри Сангпетербургро бори аввал шунидам. 😂🤪
Посух
Джамшкд 2020-08-06, 18:00
Добрый день уважаемые OILA.TJ пожалуйста сделайте на вашем сайте. САЙТ ЗНАКОМСТВО для серьёзных отношение
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Шодмони 2020-07-27, 22:23
Локин шахри Сангпетербургро бори аввал шунидам. 😂🤪
Посух
Джамшкд 2020-08-06, 18:00
Добрый день уважаемые OILA.TJ пожалуйста сделайте на вашем сайте. САЙТ ЗНАКОМСТВО для серьёзных отношение
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2