Arzon march 2024
Шеърҳои беҳтарин дар ситоиш зан-модар
08.03.2023
ОИЛА
6851


                   ҲАШТУМИ МАРТ
Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.

                            Туӣ модар
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Чаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба руйи зиндагониям.
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омухтӣ, на дарси сарфу наҳв.
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

                      Модар фаришта буд...
Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳи зи пару боли хеш лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт.
Вақти ба ёди ҳадя фитодам ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Аз бас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фиришта буд,
Ҳатто ба душ болу паре ҳам агар надошт.
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост
Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост
Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост
Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост
Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост
Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост

                          Модар
Ба нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар!
Фақат модар ба ҳар гармову сармо,
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре занад бар пои фарзанд,
Дили модар шавад ғамгин муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯи сафедаш,
Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеч гаҳ тар

                           Иди модар
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.

                      Биҳишти мард
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагонӣ ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад, аз хирад бегона аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД