Formula novemver 2024
Кай бояд ҳомиладор шуд?
11275

Дар фикри ҳомиладор шудан бошед, пас ин мавод барои шумост. Имрӯз мо ба хонумҳое, ки дар орзуи модар шудан ҳастанд, дар бораи рӯзҳое маълумот медиҳем, ки нахли умри зан ба осонӣ бор мегирад.


Тибқи тадқиқотҳои гузаронидаи ташкилоти Child Trends, 66 % ҷавонмардон ва бонувон намедонанд, ки дар кадом марҳила зан метавонад ҳомиладор шавад ва ин давра чӣ қадар давом мекунад. Дар 20 % ҳолатҳое, ки зану шавҳар фарзанддор намешаванд, сабаб дар нодуруст интихоб кардани давраи ҳамхобагӣ аст.
Шумо нияти фарзанддор шуданро доред ё не, ба ҳар сурат донистани он ки кадом рӯзҳо зан метавонад ҳомила шавад, барои ҳар инсон зарур аст. Дар сурати донистани ин рӯзҳо шумо метавонед ҳомиладории бемаҳалро пешгирӣ намоед ё баръакс тавлиди тифлаки деринтизоратонро тезонед. Инак, агар шумо ҳомиладор шудан хоҳед.

1. Кай бояд ишқварзӣ кард?
Аксарият бар онанд, ки барои ҳомиладор шудан ҳар рӯз мубошират кардан лозим аст, вале мутахассисон чунин ҷидду ҷаҳдро бар зарар мешуморанд. Барои он ки ҷисми мард миқдори кофии нутфаро ҷамъ намояд, аз 36 то 48 соат лозим аст. Мубоширати мунтазам боиси он гашта метавонад, ки дар давраи омодаи ҳамл шудани тухмаи зан нутфаи мард барои ҳомиладоршавӣ камӣ мекунад. Табибон тавсия медиҳанд, ки дар сурати ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ як рӯз пас ишқварзӣ намоед.

2. Ҷавонӣ-баҳори умр
Ҳар моҳ имкони ҳомиладоршавӣ баробари 10–15 % аст, агар ҳам зан ва ҳам мард солим ва аз 35-сола калон набошанд. Дар 88 % -и ҳолатҳо чунин оилаҳо дар давоми як сол ба мақсад мерасанд, 95 % ҷуфтҳо дар давоми ду сол. Аз рӯйи ҳисоби миёна барои зану шавҳари то 30-сола ним сол ва барои 35-солаҳо нуҳ моҳ лозим меояд, ки нахли умрашон бор оварад.

3. Саломатӣ муҳим аст
Худдорӣ аз машрубот ва қаҳва имкони ҳомиладоршавиро зиёд мегардонад. Собит гардидааст, ки моддаҳои кимиёвии таркиби дуди сигор, коркарди эстрогенро, ки барои пухтани тухмҳуҷайра зарур аст, кам мегардонанд. Харобии аз ҳад зиёд ва фарбеҳӣ низ ба сатҳи ҳормонҳо ва ҳомиладоршавӣ чандон таъсири хуб намерасонанд.

4. Агар давраи ҳайз тағйир ёбад…
Давомнокии давраи ҳайз аз моҳ ба моҳ тағйир меёбад, вале ин ба ҳомиладоршавӣ ягон таъсир намерасонад. Танҳо дар он ҳолат ба табибон муроҷиат намудан лозим аст, ки давраи ҳайз аз 21 рӯз кам ё аз 35 рӯз зиёд гардад. Тағйирёбии ранги ҳайз нишонаи беморист.

5. Давраи мусоид кай аст?
Танҳо дар давраи омодаи ҳамл шудани тухмаи зан ҳомиладоршавӣ ба вуқуъ меояд, ки он аз 12 то 24 соат давом мекунад. Азбаски давомнокии давраи ҳайз аз моҳ ба моҳ тағйир меёбад, пас ду рӯз қабл аз саршавии гулдоманӣ ва ду рӯз баъди он ҳушёриро пеша намоед, зеро нутфа ба ҷисми зан ворид гашта, метавонад то рӯзи омодаи ҳамл шудани тухмаи зан истад.

6. Нишонаҳои омодаи ҳамл шудани тухма
Дар давоми 2–4 рӯз қабл аз пухтани тумҳуҷайраҳо тарашшуҳоти бачадон зиёд мегардад. «Тарашшуҳоти зан дар ин давра ба сафедии тухм монанд мешавад. Ҳангоми омодаи ҳамл шудани тухма ва баъди он, вақте тухмҳуҷайра нобуд мешавад, тарашшуҳот ғафстар шуда, шумо онро намебинед. Боз як нишонаи саршавии омодаи ҳамл шудани тухма дарди яке аз тухмдонҳо аст (он маънои онро дорад, ки тухмҳуҷайра омодаи баромадан аст).

7. Қатъшавии ҳайз кафолат нест
Новобаста ба сабабҳои номунтазамии давраи ҳайз — харобии зиёд ё стресс, агар зан ҳомиладор шудан нахоҳад, бояд ҳамлро пешгирӣ намояд, зеро ҳар лаҳза тухма метавонад омодаи ҳамл гардад. Харобак бошед, ҳатто як килограмм фарбеҳ шуданатон боиси омодаи ҳамл гаштани тухма мегардад.

8. Доруи зидди ҳамл бефоида аст?
Дорувориҳои зидди ҳамлро бояд аз рӯйи нақша истеъмол намуд. Дорувории якуми доруқуттӣ ё охиринашро фаромӯш кардан бисёр хатарнок аст. Фаромӯшхотирии шумо ва танафусс байни истеъмоли доруворӣ боиси он мегардад, ки сатҳи ҳормонҳо барқарор гашта, тухма омодаи ҳамл гардад.

9. Пешгирии ҳамл муҳим аст
Бори дигар такрор мекунем: бо вуҷуди ҳисобу китоб кардану муайян намудани он ки кадом рӯзҳо шумо имкони ҳомиладор шуданро дореду кадом рӯзҳо не, агар айни замон нақшаи тавлиди фарзандро надошта бошед, ҳатман аз воситаҳои пешгирикунандаи ҳамл истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нозанин 2023-03-29, 11:15
Агар зан кудаги ширмак доштабошад хомиладор мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нозанин 2023-03-29, 11:15
Агар зан кудаги ширмак доштабошад хомиладор мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД