Formula september
Баландшавии фишори хуни зани ҳомила чӣ хатар дорад?
4035

 

 

Ҷавонзани 28- сола ва айни замон панҷмоҳа ҳомиладорам. Аз шумо хоҳиш менамоям дар бораи гипертонияи артериалӣ, ки вақти ҳомилагӣ ба вуқӯъ мепайвандад, маьлумот диҳед?

Барои чӣ табибони занона баланд шудани фишори хунро дар давраи ҳомиладорӣ хатарнок ҳисобида, дар таваллудхона бистарӣ гаштану ҷиддӣ табобат карданро аз мо, занҳои ҳомиладор талаб мекунанд. Суханони табибон дар бораи он ки баландшавии фишори хун ва варам кардани дасту пой метавонад боиси марги зани ҳомиладор гардад, ягон асос дорад ё воҳима мекунанд?

Сурайё, ш. Турсунзода.

Ҷавоб

Гипертонияи артериалӣ, ки дар вақти ҳомилагӣ ба вуқӯъ мепайвандад, хеле хавфнок буда, зани ҳомиларо зарур аст, ки ҳар гоҳ вақте назди табиб меояд, хоҳиш кунад, ки фишори артериалии ӯро чен намояд. Барои аниқ намудани миқдори сафедаи таркиби пешоб таҷзия (анализ) супоридан лозим аст. Духтур бояд назорат намояд, ки зани ҳомила гирифтори варами пой шудааст ё не. Дар натиҷаи ҳамин се аломат, яъне аз гипертонияи артериалӣ ба пешоб баромадани сафеда ва пайдо шудани варам преэклампения ба амал омада, метавонад барои ба таври ногаҳонӣ фавтидани зан ва ба саръ (эпилепсия) гирифтор шудани модаршаванда роҳ кушояд. Аз ҳамин сабаб, ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки суханони табибонро воҳима ҳисоб накарда, аз пайи табобат шавед.

Сурхпиёз пучакро мекафонад?

Дар дасти духтарчаам ҷароҳати фасоддор, ки онро бо забони одӣ пучак мегӯянд, пайдо шуд. Онро бо усули халқӣ табобат карданӣ шуда, гармӣ гузаронидем, ҳар хел гиёҳҳоро кӯфта бастам, вале ба ҷойи шифо ёфтан ҳоли фарзандам бадтар шуда, дар чанд ҷойи дигараш низ пучак баромад. Илтимос, дар бораи табобати пӯчак ба ман маслиҳат диҳед. Рост аст, ки ба болои пучак сурхпиёзро бандӣ, ба зудӣ пучакро мекафонад?

Моҳбибӣ, ш. Кӯлоб.

Посух:

 

Пӯсти кӯдакон бисёр нозук аст, аз ҳамин сабаб дар фасли тобистон дучори "касофат"-ҳои гуногун мешаванд. Яке аз инҳо фурункул, яъне шакли шадиди даммал маҳсуб меёбад. Ҷароҳати даммал (фурункул) дар ҳар ҷои бадан пайдо шуда метавонад. Фурункулро дар халқ пучак ҳам мегӯянд. Он бештар дар пойҳо, поёни шикам, паҳлӯи банди даст, қисми ақиби гардан пайдо мешавад. Даммал дарди шадид дорад ва он то фишурда баровардани фасод паст намешавад. Бадии кор дар он аст, ки аксаран баъди чанд рӯз ё ҳафтаи аз пучак халос шудан он дар ҷойи дигари бадан баромада метавонад. Даммали нав пайдошударо дарҳол фишурда, кӯшиши баровардани чирку зардобашро накунед. Баъди пухтани захм зардоби он ранги сафеди моил ба зардиро гирифта, нӯг пайдо мекунад. Маҳз дар ана ҳамин вақт чирку зардобро бароварда, пайи ҷароҳатро бо пахтаи ба спирт таркарда пок намудан лозим аст. Мабодо баъди баромадани чирку зардобаш ҳам, ҷароҳат сурх боқӣ монда варамаш нагардад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед, чунки даммал ба шакли шадид табдил ёбад, онро танҳо бо антибиотикҳо табобат намудан мумкин аст. Фаромӯш накунед, ки пучак ва дигар ҷароҳатҳои римдорро ба ҳеҷ ваҷҳ бо усули гармигузаронӣ табобат кардан мумкин нест. Гармбандӣ боиси дар бадан паҳн гаштани инфексия мешавад. Хусусан аз даммали дар наздикии рӯй пайдошуда эҳтиёт намудан зарур аст, чунки дар ин ҳолат сирояти бактерияҳои касалиовар (инфексия) бештар гардида, ҳатто мумкин аст одамро гирифтори илтиҳоби пардаҳои мағзи сар (менингит) созад.

Якчанд усулҳои зудтар пухта расонидани ҷароҳати даммал ва фишурда партофтани римро ба шумо мегӯям. Умедворам, ки ин давоҳо ҷони фарзанди шуморо аз дарди ҷонкоҳ халос мекунанд.

Нусхаи аввал

Собунро аз дандонаҳои хурди турбтарошак гузаронида, ба зарфе андозед ва аз болояш ду баробар зиёдтар шир рехта, дар болои оташ ҳамагӣ 1-2 дақиқа ҷӯшонед. Ин малҳамро баъди хунук шуданаш ба рӯйи ҷароҳат молед, ба зудтар пухта расидани пучак мусоидат мекунад.

Нусхаи дуюм

Пиёзи бехиро (сурхпиёз бошад, беҳтар аст) дар зери лахчаи оташдон пазед ва бо як пора собуни   майдакарда омехта намуда, ба ҷароҳат бандед. Шумо метавонед ҳамчунин пиёзро пухта, дар гармиаш ба рӯйи ҷароҳат бандед. Ин амалро баъди ҳар чор соат такрор кунед, пучак ба зудӣ пухта мекафад ва чирку зардобаш мебарояд.

Нусхаи сеюм

Картошкаи хомро аз турбтарошак гузаронед ва ба рӯйи ҷароҳат гузошта аз болояш тасмаи часпак (пластыр) часпонед. Бастаро баъди ҳар 3-4 соат иваз намудан лозим аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД