Писарам имсол мактабро хатм мекунад, вале то ҳол дар симои зоҳирии ӯ ягон нишонаи мардӣ дида намешавад, ҳол он ки дар синну соли ӯ ман аллакай ришу мӯйлаб доштам ва духтарҳои зиёде аз пасам давида мегаштанд. Метарсам, ки писарам нармода набошад.
С., муштарии «Оила-ТЧ».
Посух
Инро дар илми тиб гипогонодизм (гипокам, гонода мазмуни ғадудҳои ҷинсиро дорад) мегўянд. Гипогонодизм, яъне инкишоф наёфтани узвҳои дохилӣ ва берунии дуюминдараҷа маъмулан бо сабаби бемории ғадудҳои эндокринӣ ба амал меояд. Гипогонодизми дуюминдараҷа дар натиҷаи тағйиротҳо дар ғадуди сипаршакл, ғадудҳои болои гурда, гипоталамус ба вуқўъ мепайвандад.
Маслиҳати мо ба шумо ҳамин аст, ки писаратонро ба назди духтур бурда, пурра аз ташхис гузаронед, чунки дар ин давра бояд аллакай нишонаҳои зоҳирии ҷавонмардӣ пайдо шуда бошанд.