Салом хонандагони сомонаи дустдоштаам Oila.tj.
Ман як духтари 18 солаи бетақдире ҳастам, ки дар овони 18 солагиям зиндагӣ зарбаҳои пай дар пайро насибам гардонд. Бадбахтии имрӯз басарамомада маҷбурам кард, ки аламу дарди хешро бо хонандагон қисмат намоям.
Муддати як со аст, ки бо Фирӯз ном ҷавоне муносибати ошиқона дорам. Фирӯз дар яке аз Донишгоҳҳои бонуфӯзи ҷумҳурии Хитой таҳсил мекарду бо ҳамдигар тариқи шабакаҳои интернетӣ сӯҳбат мекардем. Баъди оне, ки дар Чин бемории Коронавирус пайдо шуд, дӯстдоштаи маро низ ба мисли дигар донишҷӯён ба ватан баргардонданд.
Баъд аз бозгашти Фирӯз мо ду ошиқи шайдо мисли гӯшту нохун ҳеҷ аз ҳам тобу тоқати ҷудо буданро надоштем. Он рӯз ҳаво сарду боронӣ буд. Фирӯз ҳангоми сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки бароям “сюрприз” омода намудаасту бояд соати шаши бегоҳ дар назди боғи Рӯдакӣ вохӯрем. Аз ҳаяҷони зиёд дар куртаам нағунҷида, зуд худро орову торо дода, ба ҷойи гуфтааш ҳозир шудам. Бо дидани ҳусну ҷамоли ман дӯстдоштаам мисли он, ки хун дар рагҳояш лаъл бастааст, чанд муддат беҳаракт бо даҳони воз аз нохуни пой то фарқи сар маро аз назар гузаронд. Дилрабо, ин қадар ту паричеҳраӣ! Ҳар бори дидан меҳрам нисбати ту меафзояд. Баъд ӯ аз дастам гирифта, маро ҳамроҳаш ба яке аз меҳмонхонаҳои наздикии хонаамон бурд. Дар аввал каме сӯҳбат кардем, вале баъди чанд дақиқа ӯ баногоҳ ба ман мисли дарранда дарафтода, либосҳоямро кашиду маҷбуран бо ман ҳамхоба шуд. Ҳарчанд дод задаму гиря кардам, ҳеҷ кас ба додам нарасид. Баъди анҷом додани кори ифлосаш ӯ маро таскин медод, ки падару модарашро ба хонаамон барои хостгорӣ мефиристад ва ҳатман маро ба занӣ мегирад.
МАФТУНА ПИСАРИ НИСОРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ
Инак, баъди як моҳ вазъи саломатиям куллат тағйир ёфт. Ҳеҷ аз хоб сер намешавам, сарам доимо чарх мезанад. Хӯроки лазизтару азизтар ба диламро бинам, дилам беҳузур мешавад. Аз духтур фаҳмидам ки ҳомиладорам. Ба Фирӯз занг зада, хабари ҳомиладор буданамро расондам ва хоҳиш кардам, то падару модарашро ҳарчӣ зудтар ба хостгорӣ фиристад. Ӯ бошад асабӣ шуда гуфт, ки ман ҳоло падар шудан намехоҳам ва ду рӯз мешавад маро маҷбур дорад, ки бо ӯ ба беморхона рафта, исқоти ҳамл кунам. Дилам хавотир шуд. Намехоҳам фарзанди дар батн будаамро бо дастони худам дидаю дониста бикушам. Аз тарафи дигар падару бародаронам агар бифаҳманд, сарамро аз танам ҷудо мекунанд. Тибқи анъана ба духтари мусалмон ин амал боиси нанг аст, вале сарнавиштам чунин будаст. Инчунин, дар интернет хондам, ки агар зан фарзанди аввалинашро ба қавле “аборт” кунад, дигар фарзанддор намешавад.Падару модарам дар ин бора чизе намедонанд.Метарсам,ки агар падарам аз ин кор хабардор шавад маро аввал оқ карда, баъдан мекушад. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам, чунки дар нимароҳ ҳайрону сарсон мондаам.