Arzon march 2024
Фарзона шавҳарашро се талоқ кард
4550

Оё чӣ тавр футбол як оилаи тоҷикро вайрон намуд?   

Бегоҳ дар қаҳвахонаи назди фабрикаи “Ширин” қаҳва менӯшидем, ки бозии футбол сар шуд.

Тамоми мизоҷони қаҳвахона хурсанд шуда, аз пешхизмат хоҳиш намуданд, ки телевизорро баландтар кунад, вале чашмони духтараки зебое, ки дар паҳлуи ман нишаста буд, якбора пур аз об шуданд. Ман чанд сол боз Фарзонаро мешиносам, вале ягон бор гиря карданашро надида будам, аз ин рӯ ба ҳайрат афтида, сабаби оби дида рехтанашро пурсидам. Фарзона оҳи сард кашида гуфт:

-Зиндагиам аз пушти футболи зормонда вайрон шуд, барои ҳамин тобу тоқати дидани ин бозиро надорам. Хез, меравем!

Фарзонаро гусел карда дар ҳайрат будам, ки чӣ тавр футбол метавонад як оиларо вайрон созад, вале рӯзи дигар худи Фарзона занг зада, асрори зиндагиашро кушод....

Дарди дили ҳамшираи шафқат

Пас аз хатми мактаб дугонаҳоям як-як ба шавҳар баромаданд, вале ман ду поямро ба як мӯза андохта мегуфтам, ки то хонда соҳиби маълумоти олӣ нашавам, оиладор намешавам. Падару модарам аввал зид буданд, вале якравиамро дида, билохира сар фароварданд ва бо дуои нек маро ба шаҳр гусел карданд. Донишам, ки хуб буд, бе пулу бе “тағо” ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шудам ва онро аъло хатм намудам.

Талабгоронам дар омӯзишгоҳ аз мӯйи сарам зиёд буданд, аммо волидонам “мабодо духтарамон пирдухтар шуда намонад” гӯён, маро саросемавор ба як ҷавони бесавод ба шавҳар доданд.

Кайк дар ҷандаю ноз дар ганда

Домодро ягон бор надида бошам ҳам, гапи падару модарамро ду накарда розигӣ додам ва маро арӯс карда аз Норак ба Варзоб бурданд. Ҳар як духтар вақте духтар арӯс шуда ба хонаи бахташ қадам мегузорад, дар дил ҳазор орзуи ширин мепарварад, ман низ умед доштам, ки бо шавҳарам ҳаёти хушбахтона ба сар бурда, соҳиби фарзандони зебо мешавам ва зиндагии шоиста ба сар мебарам, вале хаёлам хом баромад...

Шавҳарам як йигити чорпаҳлӯи рустамбозу бошад ҳам, ягон зарра масъулият ҳис намекард. Парво надошт, ки дар хона ягон чизи хӯрданӣ ҳаст ё не, нону оши тайёрро мехӯрду дар назди телевизор ғел мезад ё рӯз то бегоҳ хуррос зада хоб мерафт. Чанд бор гуфтам, ки дар ягон ҷо ба кор дарояд, вале ӯ бо нияти коркобӣ пояшро аз по накашида ба сарам дод мезад, ки канӣ ҳамон кори лаънатӣ..

Зани баномус

Ба ҷойи шавҳарам ман шарм медоштам, ки ду одами ҷавон ба гардани як пиру кампир бор шуда, бо нафақаи хусуру хушдоманам зиндагӣ карда истодаем. Дидам, ки ҳамсарам аслан дилу нияти кор кардан надорад, аз хусурам иҷозат гирифта, баъди як моҳи тӯй ба кор баромадам. Маоши ҳамшираи шафқат чандон зиёд нест, аз ҳамин сабаб дар ду ҷо кор мекардам, то каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи зиндагӣ ба хусуру хушдоманам ёрӣ расонам, аммо...

Туҳмат

Ҳар рӯз соатҳои чори саҳар аз хоб хеста тамоми кору бори хонаро мекардаму баъд ба кор мерафтам, то дар ҳаққам ягон гап наёбанд, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан модару хоҳарони шавҳарам маро туҳмат карда, пичир-пичир мекарданд, ки гӯё худамро орову торо дода ба шаҳр ошиқбозӣ меравам. Хушдомани кӯрнамакам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, ҳамеша писарашро балво дода, моро бо ҳам мешӯронд. Шавҳарам ба гапҳои дурӯғи модару хоҳаронаш бовар карда, маро мурданивор лагадкӯб мекард. Бо тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯрдам, ки ин гапҳо дар ҳаққи ман туҳмат ҳастанд ва ба ғайр аз вай дигар ягон мард дастамро надоштааст, шавҳари бесаводам ба ман бовар накарда девонавор дод мезад, ки ту фоҳиша бо баҳонаи кор худатро хушрӯ карда, танфурӯшӣ меравӣ. Ин марди бе нангу бе номуси бекорхӯҷа тамоми ҳамшираҳои шафқатро ғару бероҳа номида, афсӯс мехӯрд, ки зани духтур гирифтааст...

Ошиқи футбол

Чемпионати Аврупо оид ба футбол сар шуду рӯзи бе ҳамин ҳам сиёҳи ман сиёҳтар гашт. Рӯзи дароз дар ҷойи кор давутоз карда, чунон монда мешудам, ки ногуфтанӣ, болои ин дар қадам кӯдак шуда, мадори роҳгардӣ надоштам, вале шавҳари бекорхӯҷаам шаби дароз футбол тамошо карда, мани дуҷонро то саҳар хоб рафтан намемонд. Чанд бор хоҳиш кардам, ки ақаллан овози телевизорро пасттар кунад, аммо вай “ту фоҳиша худат ки ҳастӣ, ки ба ман фармон медиҳӣ” гӯён, маро мурданивор мезад ва боз ҳамон корашро давом медод.

Нав ғанабам мебурд, ки шавҳари дар ишқи футбол девона шудаам “гооооллл” гӯён, бо тамоми овоз дод зада, рост-рост мепарид. Талхакаф шуда бедор мешудам ва дилам чунон ба ларза медаромад, ки хаёл мекардам ҳозир аз қафаси синаам зада мебарояд...

Ҳазле, ки бало овард

Ман одати хабаркашӣ надорам ва мисли дигар духтарҳо гапу кори дар хонаи хушдоманам мешударо ба падару модарам намерасондам. Шабе хоҳаронам дар хонаам меҳмон шуданд ва то саҳар аз гол гуфта, як қад-як қад паридани язнаашон мижа таҳ карда натавонистанд. Саҳар ҳангоми ношто хоҳари хурдиам ба шавҳарам нигариста шӯхиомез гуфт:

-Язна, ба фикрам футболро аз апаам зиёдтар дӯст медоред-а?!

Ин гап ба шавҳарам сахт расид ва дандонҳояшро ғиҷиррос занонда аз сари дастурхон бархост.

Меҳмонҳоро гусел карда ба кор рафтам. Бегоҳ шавҳарам маро бо қошу қавоқи гирифта истиқбол гирифт. Сабаби озурдагиашро пурсида ба балои бад гирифтор шудам. “Ту маймун шаб то саҳар маро бо хоҳарҳои аҷинаат ғайбат кардӣ, ки масхара мекунанд” гӯён, шавҳарам маро чунон бераҳмона лагадкӯб намуд, ки аз ҳуш рафтам.

Вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай дар беморхона будам. Табибон гуфтанд, ки бар асари мушту лагади шавҳарам тифлаки семоҳаи батнам афтидааст...

Хизматгори бе миннат

Чемпионат ба охир расиду ҷонам каме осуд. Шавҳарам акнун то саҳар дар назди телевизор нишаста бо доду войи аблаҳонааш асабҳои маро вайрон намекард. Зиндагӣ боз бо маҷрои пештарааш равон шуд. Тирамоҳ рафтуомад ба шаҳр душвор гашту аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки муваққатан ягон хонаро иҷора бигирем. Вай бо ҳамон шарт розӣ шуд, ки падару модар ва хоҳаронашро низ ҳамроҳи худ барем. Ночор дар маҳаллаи 33-юми пойтахт хонаеро иҷора гирифта, тамоми аҳли оиларо ба шаҳр кӯчондам. Пули иҷорахонаро бародарам медод, ман бошам мисли хари боркаш ҳар рӯз ба хона хӯрока мекашондам. Хусуру хушдоманам ба дараҷае аз худ рафта буданд, ки дигар ҳатто барои шиками худашон ду дона нон намехариданд. Аз картошкаю пиёзу шакару равған сар карда, то супурдани пули барқу об ҳама ба зиммаи ман буд, гӯё шавҳар нею зан гирифта бошам...

Гушнамаст

Бо ҳамин минвол чанд сол тоқат карда, мисли шавҳардори бе шавҳар зиндагӣ намудам. Ба номаш шӯ дошта бошам ҳам, тамоми вазнинии зиндагӣ ба гардани худам бор буд, вале бо ин ҳама ранҷу азоб пеши касе лаб ба шикоят намекушодам, то нагӯянд, ки ин занак коргару пулёб шуда, дигар шавҳарашро писанд намекунад. Душвор бошад ҳам, боз дар як ҷойи дигар кор ёфта, дар се баст кор мекардам, то пеши ягон кас муттаҳам ва муҳтоҷ нашавем. Марди дигар мебуд, чунин зани меҳнатиро тоҷи сар мекард, вале шавҳари бекорхӯҷа ва бесаводи ман баръакс маст шуда, торафт маро таги по мекардагӣ шуд. Дар ҷайбаш як тин пул надошта бошад ҳам, аз худаш бойбача метарошид ва арӯсбозӣ карда, шабҳо ба хона намеомад. Ин беҳаё заррае шарм надошта, баъзан маъшуқаҳояшро ба хона ҳам меовард...  

Падари фарзандкуш

Бозиҳои ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Русия сар шуду рӯзи ман боз сиёҳ шуд. Шавҳарам бо оғози чемпионати имсола нағмаҳои нав ба нав бароварда, ба қиморбозӣ гузашт. Вай шабҳо ба хонаи ҷӯраҳояш футбол тамошо мерафту саҳар ман ҳамёнамро холӣ меёфтам. Чанд бор пурсидам, ки пулҳои маро ӯ нагирифтааст, вале маро дузд мегирӣ гуфта ҷанҷол кард. Билохира фаҳмидам, ки шавҳарам бо ҷӯраҳои аблаҳаш футболро ба қиморбозӣ табдил додаанд. Ҳар кадомашон як дастаро интихоб карда пешгӯӣ мекардаанд, ки кадоме аз дастаҳо дар бозӣ ғолиб меояд ва маблағи муайянеро ба қимор мегузоштаанд. Пешгӯии касе, ки рост барояд, пулро ҳамон мегирифтааст, вале дастааш мағлуб шавад, кисаҳои он одамро холӣ мекардаанд.

Хулоса, як шом шавҳарамро дар болои дуздиаш доштам ва бо алам гуфтам:

-Ман зан шуда дар се ҷо хар барин кор мекунам, ки ба ягон кас муҳтоҷ нашавем. Шавҳар шуда то имрӯз ту ба ман ҳатто як ҷӯроб нахаридаӣ, ки дар поям пӯшам. Тамоми оилаи шуморо ман хӯронда истодаам. Ба ҷойи раҳмат гуфтан боз пулҳои маро медуздӣ? Мурдани ту барин мард сад бор беҳтар аст...

Шавҳарам ба ғазаб омад ва “ту фоҳиша аз худ рафтӣ-ку” гӯён, маро чунон лагадкӯб кард, ки хун ба банди поям шорида аз ҳуш рафтам. Дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор доштам, вале тифли батнам бар асари мушту лагади падари бераҳми бекорхӯҷаю қиморбозаш дар шикамам мурд. Бо аз даст додани фарзандам охирин шуълаи умед дар дилам хомӯш гашт...

Се талоқат кардам, мардак!

Аз таваллудхона бо дасти холию чашмони ашкбор баргашта, шавҳарамро боз дар назди телевизор дидам. Вай чашмашро аз экран наканда телевизор тамошо мекард ва ҳар гоҳ тӯб ба тӯри дарвоза бархӯрад, бо тамоми овоз “гооооллл” гӯён, мисли девонаҳо меҷаҳид. Рафтори аблаҳонаашро дида хун ба сарам зад ва аз гиребонаш гирифта гуфтам:

-Ту шӯйи ман не, шӯйи ҳамин телевизор ҳастӣ, чунин зиндагии аблаҳона ба дилам задааст, ҷавобамро деҳ, меравам.

-Ман зани сар медодагӣ надорам,-даст афшонд шавҳарам.

-Ту қудрати талоқ додан надошта бошӣ, ман худам туро талоқ медиҳам. Эй мардаки беномус, се талоқат кардам! Се талоқат кардам! Мешунавӣ, се талоқат кардам,-дод задам девонавор.

Шавҳарам мехост боз маро зери мушту лагад гирад, вале ман ҳам ин дафъа паст наомада, сару рӯяшро бо нохунҳоям канда гирифтам. Доду фиғони моро шунида тамоми ҳаққу ҳамсояҳо ба тамошо омаданд. Шавҳарам аз одамон шарм дошта “ман аз ин хел зани албастӣ безорам, оча талоқашро додам” гӯён, ҷавоби маро дод.

Хушдоманам ҳафт пушти маро дашномҳои қабеҳ дода ба падару модарам занг зад, ки омада духтари шаттоҳатонро баред, бачаамро қариб кушта буд...

Ба футбол нафрат дорам

Ҳамин тавр аз рӯи футбол оилаи мо вайрон шуд. Шавҳарам маро не, ман шавҳарамро талоқ додам, чунки бо чунин марди беномус зистан ба дилам зада буд. Ҳоло дар хонаи падару модарам зиндагӣ карда истодаам ва аз ягон чиз камбудӣ надорам. Бо хости худам аз шавҳарам ҷудо шуда бошам ҳам, дар дилам нисбати бозии футбол ҳисси нафрат пайдо шудааст. Футболро бинам, дилам ғаш мекунад...

Фарзона, аз шаҳри Норак

Таҳияи Нӯшин

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД