arzon replenishment
Мафтуна писари Нисоро ба дарё партофт
2674

 Ташнаи писар

Саидҷону Нисо бо ишқу муҳаббат хонадор шуда, соҳиби чор духтарчаи гул барин зебо гаштанд. Солҳои аввали хонадориашон онҳо мисли Лайлию Маҷнун ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон буданд. Ҳамсояҳо ва хешу табор ҳаёти хуррамона ва ободу осудаи онҳоро дида, ҳавас мекарданд, аммо баъди таваллуди духтарчаи сеюмашон муносибати Саидҷон нисбати ҳамсараш кам-кам сард шудан гирифт. “Ҷӯраҳоям, маззаат набудааст, занат фақат духтар мезояд” гуфта маро мазоқу масхара мекунанд,- норозиёна ғур-ғур мекард ин марди замоне бисёр меҳрубону зиндадил. Мафтунаи бечора гунаҳкорона сар ба зер афканда пичиррос мезад: “Фарзанд доди Худо аст, дадаҷонаш, оилаҳое ҳастанд, ки ба нохуни пойи духтар ҳам зоранд, вале Худованд нахли умрашонро мисли арча бе ҳосил гардонида, як пора гӯштро ҳеҷ лоиқашон намебинад. Фарзандонамон духтар бошанд ҳам, ягон айбу иллат надоранд, гул барин зебоянд, ношукрӣ накунед...”

Ношукрӣ
Нисои аз ғур-ғури шавҳар ба ҷон расида духтарчаи сеюмашро Басгул ном ниҳод, то духтарзоияш бас шуда, соҳиби писар гардад, вале фарзанди чорумашон низ духтарча ба дунё омад. Саид “занаки беақл боз духтар зоида, забони маро кӯтоҳ кард” гӯён, аз ғазаб ҳатто ба таваллудхона барои овардани зану фарзандаш нарафт. Нисоро модараш бо таксӣ ба хона овард. Шавҳари ранҷидааш барои навзод ҳатто як куртачаи нав ҳам нахарид. Рафтори Саид Нисоро ҷигархун мекард. “Зан мисли замин аст, мард бошад, деҳқон. Деҳқон дар замин чизе бикорад, ҳамонро медаравад, пас чаро мардҳо танҳо занро дар духтарзойӣ гунаҳкор мекунанд?!” мегуфт худ ба худ ҷавонзан ва оҳи сард кашида, духтарчаи бетақдирашро, ки падараш ҳатто рӯйи ӯро дидан намехост, ба оғӯш гирифта, гиря мекард.

Шарти шавҳар
Пас аз як сол Нисо боз ҳомиладор шуда бошад ҳам, аз тарси он ки Саид “ту боз духтар мезоӣ” гуфта, ӯро ба исқоти ҳамл маҷбур накунад, то шашмоҳа шудани тифли батнаш ҳомиладориашро пинҳон дошта, ҳатто як бор ҳам ба назди духтур нарафт. Вақте шиками дамидааш сирри ӯро фош кард, шавҳараш аз китфаш кашолакунон Нисоро ба мошин шинонд ва раҳораҳ таъкид кард: “Занак, гапамро дар гӯшат ҳалқа карда гир, агар ин дафъа ҳам духтар таваллуд кунӣ, дигар пою қадаматро ба дари хонаи ман намегузорӣ! Духтарҳоятро гиру ба куҷое, ки мехоҳӣ, бирав. Чор тарафат қибла!”
Ин шарти шавҳар аз ҷавшани ҷони Нисо гузашта бошад ҳам, дар ҷавоб чизе нагуфт. Раҳораҳ ҷавонзан ғарқи андеша буд ва дар дил Худоро тавалло мекард, ки тифлаки батнаш писар бошаду зиндагиаш вайрон нашавад. Саргарми фикру андешаҳои мағшуш чӣ хел ба беморхона расиданд, худаш ҳам нафаҳмида монд. Саид бо қошу қавоқи гирифта занашро аз мошин фароварда, шарти ҷонгудозашро бори дигар таъкид карду Нисо бо чашмони ашкбор ва табъи хира ба назди духтури занона даромад. Духтурзан ӯро барои ташхис ба утоқи УЗИ фиристод. Вақте табиби дар сари компютер нишаста ҷинси тифлаки батнашро гуфт, Нисо аз ҳуш рафт. Табибон ба рӯяш об пошида ӯро ба ҳуш оварданд. “Шумо чӣ гуфтед, писар аст? Фарзанди дар батни ман буда писар аст?!” ҳанӯз нобоварона мепурсид ҷавонзан. “Бале, писар аст. Шумо писарча тавалуд мекунед” такрор кард духтурзан бо чеҳраи шукуфон. Нисо боз бо чашмони ашколуд ба назди мошин баромад, вале ин ашкҳо ашки шодӣ буданд. Ҷавонзан аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки ниҳоят писар таваллуд карда аз ғурбати шавҳар ва хушдоману хоҳаршӯйҳояш халос мешавад, вале...


Писар таваллуд карду...
Саид аз рӯзе, ки хабари писар будани тифлаки батни ҳамсарашро шунид, намемонд, ки Нисо дасташро ба оби хунук занад. Акнун вай ҳамсарашро мисли гавҳараки чашмонаш эҳтиёт мекард, то писарчааш солиму бардам ба дунё омада, забони ӯро дар назди ёру дӯстонаш дароз гардонад. Ниҳоят нуҳ моҳу нуҳ рӯз аз байн гузашту Нисоро дарди зодан гирифт. Саид сурудеро зери лаб замзамакунон ҳамсарашро ба таваллудхона бурд. Нисо дуру дароз дард накашида баъди як соат шоҳписар таваллуд кард. Навзод қариб чор кило вазн дошт ва чеҳрааш мисли Юсуф зебо буд. Нисо аз шодии тавлиди писар тамоми дарду ранҷашро фаромӯш карда, Худоро сад бор шукр мегуфт, ки ӯро навмеду хонавайрон накард, Саид бошад аз сари духтурҳо пул пошид.

Нахли зино
Нисоро ба палата гузарониданд. Ҳамроҳаш боз се зани дигар низ буданд, ду нафарашон тақрибан ҳамсоли Нисою сеюмӣ духтари ҷавони 17-18- сола. Ба аёдати модарони хушбахт тез-тез хешу табор ва шавҳару пайвандонашон меомаданд, вале аз чӣ бошад, ки духтараки бори аввал таваллудкарда-Мафтунаро касе хабар намегирифт. Нисою занҳои дигар ба наздашон овардани тифлаконашонро бесаброна интизорӣ кашида, бо муҳаббат ҷигарбандонашонро мемакониданд, Мафтуна бошад, натанҳо кӯдакашро шир намедод, балки ба сӯяш ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда, рӯяшро ҷониби девор мегардонду зор-зор гиря мекард. Рафтораш баёнгари он буд, ки фарзанди Мафтуна самари зино аст ва ҳама пайвандонаш барои кӯдаки ҳаромӣ зоиданаш аз вай рӯй гардонидаанд. Занҳои дигар рӯяшонро бо нафрат аз Мафтуна мегардониданд, вале Нисо, ки табиатан ҷавонзани раҳмдилу меҳрубон буд, аз хӯроку ширинӣ ва наботи худ ба ин духтараки гумроҳ медод, то азоби гуруснагӣ накашад.


САИДА ШАВҲАРИ САЁҲАТРО ҶОДУ КАРД


 Некии тақдирсӯз

Мафтунаю Нисоро дар як рӯз аз таваллудхона ҷавоб доданд. Мафтуна пуле надошт, ки барои тифлакаш ҳатто як парпеч харад. Дили Нисо ба ҳоли зори духтараки бе касу кӯй монда сӯхту аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ба хотири писарчаашон барои кӯдаки Мафтуна низ ягон либос ва парпеч харида биёрад. Саид аз писардор шуданаш чунон хурсанд буд, ки чизеро напурсида ба бозор шитофт ва ду баста либосу парпечҳои якхелаи бисёр зебои гаронбаҳо овард. Духтурҳо кӯдаконро парпеч карда ба дасти модаронашон доданд ва онҳоро гусел карданд. Саид ҳамсару писарчаашро ба мошин шинонда муҳаррикро ба кор даровард, вале ҳамин дам чашмаш ба ҳампалатаи занаш-Мафтуна афтид, ки тифл дар даст ҳанӯз дар саҳни бинои таваллудхона рост истода ҳаросон ба чор тараф менигарист. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки ҷавонзани дар чорсӯйи зиндагӣ танҳомонда ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонад. “Рав, вай дугонаатро ҳам биёр, мошинамон холӣ ку, то ҷои лозимӣ бурда мемонем” рӯяшро ҷониби Нисо гардонида гуфт шавҳараш. Нисо тифлакашро боэҳтиёт дар болои нишастгоҳ ниҳода аз мошин фаромад ва ба назди Мафтуна рафта тифлакашро аз дасти ӯ гирифту дубора ҷониби мошини шавҳараш равон шуд. Модарон паҳлӯи ҳам нишаста кӯдаконро паҳлӯ ба паҳлӯ дар нишастгоҳ хобонданд. “Бигзор паҳлӯи ҳам хобидан гиранд, кӣ медонад, шояд баъди чанд сол сари ҳардуяшонро ҷуфт карда, ҳардуямон қудо мешавем” шӯхӣ кард Нисо дили Мафтунаро бардоштанӣ шуда, вале ӯ ғарқи фикру хаёл дар ҷавоб чизе нагуфт. Мошин қариб ним соат роҳ паймуда масофаи муайянеро тай кард. Вақте аз болои пул мегузаштанд, Мафтуна, ки тули роҳ ҳатто як калима ҳам ба забон наоварда буд, якбора нидо кард: “Илтимос, мошинро дар ҳамин ҷо нигоҳ доред!” Саид ҳайрон шуд, ки ҷавонзан чӣ мехоста бошад, вале чизе напурсида, мошинро канортар гирифт ва баъди аз пул гузаштан тормозро пахш кард. Баробари истодани мошин Мафтуна осемасар тифлакашро ба даст гирифт ва ҳатто хайрухуш карданро нася гузошта бошитоб ҷониби пул равон шуд. “Аҷиб, куҷо мерафта бошад?” пурсид Саид аз занаш. Нисо ҳанӯз фурсати лаб кушодан наёфта ҳодисаи даҳшатноке рӯй дод, ки зану шавҳар онро ҳеҷ интизор набуданд. Мафтуна худро ҳамроҳи тифлакаш ба дарё партофт. Саид осемасар ҷониби пул давид, вале амвоҷи пуртуғёни дарё аллакай ҷавонзани роҳгумзада ва фарзанди бетақдирашро ба коми худ печонида буду мисли аждар, ки сайдашро аз даст додан намехоҳад, онҳоро дигар раҳо кардан намехост. Талошҳои Саид барои наҷот додани Мафтунаю тифлакаш натиҷа надоданд, дарё он ду бадбахтро дар як дам дар қаъри худ ниҳон кард. Ҷавонмард кормандони милисаро аз ҳодиса огоҳ намуд ва бо табъи хира ба сари чанбараки мошин нишаста ҳамсару фарзандашро ба хонааш бурд.

Тӯй ба азо табдил ёфт
Саиду Нисо бо ранги паридаю табъи нохуш ба хона баргаштанд. Хушдоманаш ба шарафи соҳиби набераписар гаштан гӯсфанд кушта, мардумро ба тӯй таклиф карда буд. Модари хушбахтро бо пойандози махмалин пешвоз гирифта, ба сари ӯву тифлаки парпечаш ширинӣ пошиданд, то ҳамеша ширинком бошанд, вале...
Тақрибан як соат пас кӯдак ғаш карда ба гиря даромад. Бо гумони он ки навзод тар кардааст, Нисо тифлакашро ба оғӯш гирифта ба хонаи дигар даромад, то парпечашро иваз намояд. Баробари кушодани парпеч ҷавонзан чунон фиғони талхе кашид, ки хона ба ларза даромад. Меҳмонҳо ба ташвиш афтида шитобон ба хонае, ки Нисо бо тифлакаш даромада буд, давиданд. Ҷавонзан дар рӯйи қолин беҳушу беёд мехобид, тифлак бошад, дасту по зада гиря мекард. Хушдомани Нисо барои ором кардани наберааш ӯро ба даст гирифту якбора ҳангу мангаш канда, пичиррос зад: “О, ин духтарча-ку!”
Баъди ба ҳуш омадан Нисо қиссаи ҷавонзани роҳгумзадаи ҳампалатаашро нақл кард. Маълум шуд, ки Мафтунаи ташнаи марг саросема шуда, ба ҷойи кӯдаки худаш аз мошин писарчаи Нисоро ба бағал гирифта, ҳамроҳи худ ба коми дарёи хунхор партофтааст.
Ана ҳамин тавр Худованд ба Нисо писар дод, вале аз рӯйи ношукрӣ ва шарти тақдирсӯзи Саид дубора онро гирифт, то одамони бидонанд, ки ҳама чиз дар дасти Парвардигор аст, хоҳад духтар медиҳад, хоҳад писар, хоҳад неъмати додаашро дубора мегирад. Аз дасти одамизод чизе намеояд, ҷуз гиряву нола ва гиребони тавба доштан....

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД