1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2025
577

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар робита бо дӯстдоштаатон дағалӣ накунед. Ба дилатон нобовариву шубҳаро роҳ надиҳед. Зеро душманон метавонанд аз ин ҳолат истифода бурда, миёни шумо тухми низоъ пошида, муҳаббататонро заҳрнок созанд. Аз анҷоми корҳои таъмиру бинокорӣ дар манзил худдорӣ намоед, эҳтимоли гирифтани ҷароҳатҳои хурд зиёд аст. Каме сарфакор бошед: аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед ва танҳо ба корҳои аввалиндараҷа диққат диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои шумо рӯзест пур аз шодиву ташвиш. Занон мағрур аз таваҷҷуҳи зиёд хоҳанд буд, мардон низ камбуди муҳаббат эҳсос намекунанд. Наздикон ғамхории худро баён медоранд. Соатҳои холиро ба истироҳати ором бо аҳли хонавода бахшед ва аз интернет фосила гиред. Имкони беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва пешравӣ дар кор эҳтимол дорад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва ба мустаҳкамсозии масунияти бадан диққат диҳед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дили худро ба дӯстдоштаатон кушоеду эҳсосоти ҳақиқиро пинҳон накунед. Ростқавлӣ калиди муваффақият дар муҳаббат аст. Шояд хоҳиши тағйир додани муҳити хона бо чизе зебо ва тозаро эҳсос кунед. Дар кор беҳтараш ба таҷрибаи пешина такя намоед ва аз навовариҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ба худ ғамхорӣ намоед: бештар витаминҳо истеъмол кунед, дар ҳавои тоза сайр кунед ва аз стрессу баҳс дурӣ ҷӯед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шояд имрӯз вохӯрии ошиқонае дар шаҳр ё ҷойи дигар интизоратон бошад. Агар дар сафар ё сафари корӣ бошед, пас худро хушбахт шуморед. Имрӯз обрӯи шумо дар муҳити корӣ таҳким меёбад, рафтори дурусту масулиятнок ба натиҷаҳои нек оварда мерасонад. Шояд ба муҳаббати ҳақиқӣ рӯ ба рӯ шавед ё ба ҳадафи дерин бирасед. Варзиш, истироҳати фаъол ва мулоқоти дӯстона табъатонро болида мекунад ва ба тандурустӣ таъсири мусбат мерасонад.

Асад (23 июл-23 август)

Аз худписандӣ парҳез кунед ва бо талабҳои худ ба дигарон фишор наоред. Имрӯз харидории ҷиҳози рӯзгор тавсия дода мешавад, ин ашё метавонад барои шумо чун тӯмори нек хизмат кунад. Тағйироти ҷиддӣ дар кор намешавад, вале ҳар қадар бештар бо ҳамкорон ҳамкорӣ кунед, ҳамон қадар осонтар аз уҳдаи кор мебароед. Эҳтимоли чарх задани сар зиёд аст. Аз корҳои хатарнок, махсусан онҳое, ки касбу корашон ба баландӣ ва фаъолиятҳои хавфнок рабт доранд, дурӣ ҷӯед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ нофаҳмиҳо сар мезананд, вале бо сабру таҳаммул метавонед аз низоъҳо ҷилавгирӣ кунед. Имкони нишон додани маҳорату истеъдод дар ҳама соҳаҳо вуҷуд дорад, вале пеш аз ҳама доираи имкониятҳои худро аниқ муайян намоед. Сунбулаҳо зуд шифо меёбанд, вале ин маънои онро надорад, ки аз муоинаҳои тиббӣ сарфи назар бояд кард.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шоми имрӯз туҳфаҳои ошиқона аз ҷониби мухлисон эҳтимол дорад. Онҳоро бо табассум қабул намоед. Шомгоҳон хабаре дар бораи яке аз дӯстони наздикатон мешунавед, ки метавонад ба муносибатҳои шумо таъсир расонад. Имкони пайдо кардани ҷойи нави кор ба вуҷуд меояд. Аз мушкилиҳо наҳаросед, таҷрибаи шумо ёрӣ мерасонад. Дар масъалаҳои молӣ муваққатан мушкилот пеш меояд, вале он зуд бартараф мешавад. Агар ба бемории рагҳои хунгард гирифтор бошед, худро аз корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳтимол дорад бо рашки беасос рӯ ба рӯ шавед, ки метавонад муноқиша ба бор орад. Бахти худро ҳимоят кунед! Шоми худро ба аҳли оила бахшед, агар вақт надоштед, акнун лаҳзаи муносиб фаро расидааст. Рӯзи пурфайзу бобаракат аст: нерӯву қобилият зиёд буда, корҳо ба натиҷаи хуб мерасанд. Агар дар атрофи шумо бадхоҳон бошанд, дар наздиктарин фурсат онҳо фош хоҳанд шуд. Вазни бадан, холестерин ва сатҳи қанди хунро пайваста назорат кунед, то бемориҳои ҷиддиро пешгирӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз метавонед бо ҷозибаи худ нафареро ба худ ошиқ намоед. Ба маслиҳатҳои хешовандон гӯш надиҳед, онҳо метавонанд зиёне расонанд. Ба садои қалби худ такя намоед. Дар имзо гузоштан зери ҳуҷҷатҳо ва дар корҳои таълимӣ хатоҳо эҳтимол доранд. Хусусан кормандони соҳаи хидматрасонӣ бояд эҳтиёткор бошанд. Имрӯз ворид шудани пул, тӯҳфа ё ёрии ногаҳонӣ эҳтимол дорад. Баъзе мушкилоти кӯҳна роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз парҳезҳои сахт худдорӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз лаҳзаҳои хушро бо дӯстдоштаатон сипарӣ кунед. Сайру гашт, тамошои филм ё рафтан ба тарабхона рӯзатонро рангин хоҳад кард. Наздиконро шод гардонед, онҳо шукргузор хоҳанд буд. Рӯзи серташвиш аст. Танҳо чизҳои начандон муҳимро метавон ба таъхир гузошт. Муваффақияти шумо дар соддагист, аз мураккаб кардани корҳо ва нақшаҳои душвор худдорӣ намоед. Ғизои тез ва бирён зарар дорад, парҳезро бозбинӣ намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар танҳо бошед, имрӯз барои пайдо кардани дӯстдошта ва шиносоии нав рӯзи мусоид аст. Фурсатро аз даст надиҳед. Хешовандони худро хабар гиред, суҳбати самимӣ меҳрро зиёдтар мекунад. Шумо дар ҳолатҳои зарурӣ ҷасорат ва қувваи ирода зоҳир мекунед. Субҳро бо суҳбати дӯстон оғоз кунед, дар охири рӯз эҳсос мекунед, ки рӯҳу ҷисму зеҳн дар тавозунанд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз имкони ба худ ҷалб кардани шахси писандидаро доред. Бо самимият ва муҳаббат амал кунед. Рӯз барои иҷрои корҳои муҳим хуб аст, вале истироҳатро низ фаромӯш накунед. Фаъол бошед, хусусан агар фаъолияти шумо ба эҷодкорӣ иртибот дошта бошад, метавонед ба қуллаҳои нав бирасед. Хароҷоти ногаҳонӣ рух медиҳанд. Ба саломатии худ аҳамият диҳед, шабро бо китобу чойи гарм сипарӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД