Gazprom july 2025
Ишқи алфонс (ҚИСМИ 1)
1457

Чанд вақт боз мехоҳам қиссаи талхи сарнавишти холаамро нависам, вале боз андеша мекардам. Чанде пеш холаам меҳмонам шуду мо то дер суҳбат кардем ва чун мақсадамро ба ӯ гуфтам, розигӣ дод, то ба бонувони дигар дарси ибрат шавад...

Зан чу бозорӣ шавад…

Холаи ман бонуи ниҳоят зебо, соҳиби шавҳар, хонаю дар, чор духтару ду писар, келину домоду набера буду 45 сол дошт. Язнаам, марди зебо, доро ва инсони ба дараҷаи олӣ буд. Мо ҳама дар хонаи ӯ зиндагӣ карда, хондаву донишҷӯ шудем ва мисли падар дӯсташ медоштем. Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ холаам хост даст ба тиҷорат занад, ҳарчанд тағоҳоям зид буданд, аммо язнаам розигӣ дод. Худаш дар ҷойи сердаромаде кор кунад ҳам, бо холаам маслиҳат карданд, ки бигузор ба тиҷорат сарукор гиранду фарзандонро низ ба ин роҳ ҳидоят кунанд, зеро соҳиби диплом шавӣ ҳам, ҷойи кори хуб намеёбӣ. Ҳамин тавр холаам тоҷир шуду ба Дубаю Ҳиндустон, Хитою Эрон, Туркия, хулоса ҳар канори дунё рафта меомад. Акнун холаи маро шинохта намешуд, ӯ аз як зани хонанишин ба бизнес-ледӣ табдил ёфта буд. Мошинҳои гаронбаҳо зери по, мерафту меомад, молҳои овардаашро дар бозорҳо тақсим мекарду фоидаи гирифтаашро боз ривоҷ медод. Язнаам чун фаҳмид, ки лаҷоми занаш суст шудааст, дигар ӯро ба хориҷа рафтан намонда, гуфт:

- Занак, ту корҳои ҳамин ҷоро иҷро кун, барои бор бачаҳо мераванд.

Аммо язнаам хато мекард, лаҷоми холаам аз дасти ӯ кайҳо раҳо ёфта буд…

Додархонд

Холаам дар як сафараш бо ҷавонмарди варзишгар, ё ба қавли маъмул «ситораи варзиш» шинос мешавад. Ин ҷавон аз холаам бист сол хурд бошад ҳам, мисли кана ба ӯ часпида буд. Аввал холаам ӯро чун додархонд ба аҳли оила ва хешу табор шиносонд, баъдҳо муҳофизаш гирифт. Мо ҳамагӣ хурсанду хушнуд будем, ки чунин як ҷавони «ситора» хеши мо шудаасту додархонди холаам аст, хосса писарони холааму додарони ман ӯро хеле эҳтиром мекарданд, охир ӯ кумирашон буд. Шавҳари холаам низ бо ӯ муносибати хеле хуб дошт, шояд ҷавонмардии зиёдаш имкон намедод, ки ӯро бо занаш рашк кунад? Зеро байни ӯ ва холаам аҳди хоҳарию додарӣ баста шудаву вай ҳамсоли писари калонияшон буд, ҷавонони авлод тағояш мегуфтанд. Аз ин муносибат танҳо модари ман ризо набуд, ӯ ҳамеша холаамро ҷанг мекард, ки чаро марди бегонаро дар паҳлуят гирифта мегардӣ? Холаам бошад, гапи модарамро писанд накарда, “ту қишлоқӣ, чиро мефаҳмӣ?” гӯён моҳҳо ҳамроҳаш гап намезад.

Сирри нангин

Холаам як хона дошт, ки он ҷо борҳояшро мемонд. Як шаб холаам “ба деҳа меравам” гӯён, дар ҳамон хона бо додархондаш мемонад ва шавҳару писараш бо чӣ коре он ҷо рафта, ду касро урён дар бистари хоб меёбанд. Ҷангу ҷанҷол як моҳ давом кард, язнаам аз хонаи солҳо бунёд намудааш як хас ҳам нагирифта ба хонаи иҷора рафт ва ҳама фарзандонаш аз қафояш рафтанд. Акнун холаам медонисту дави аспаш, ӯ ҳавлии бошукӯҳи сеошёна, панҷ квартираи чорхонагию сехонагӣ, ду бӯстонсарояшро фурӯхта, сарфи ёри «ситорааш» намуд. Аз хешу табор касе бо ӯ гап намезад, фарзандонаш ӯро дидан намехостанд, тиҷораташ аз равнақ монд, шавҳари шуҳратёру ҷавонаш чор мағозаашро низ фурӯхт, акнун ӯ як зани муфлису ба варзишгар нодаркор шуда монда буд. Чун ман бо ёрии ӯ соҳиби маълумоти олӣ шуда будаму холаамро бо ҳама саҳву хатояш дӯст медоштам, пинҳон аз ҳама зангаш мезадам, ӯ низ гоҳ-гоҳе либоси гарм ё ягон чизи дигар пурсида ба наздам меомад. Пинҳонӣ аз шавҳарам ёрияш мерасонидам, зеро шавҳарам гап задани маро бо ӯ қатъиян манъ карда буд. Ин манъ карданҳову бадномии холаам низ пеши роҳамро намегирифт, зеро дилам ба ӯ чун ба як зани гумроҳ сахт месӯхт...

(Давом дорад)

САЛОҲАТ,

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД