Дар озмуни “Дарвозабони беҳтарини Россия” Рустам Ятимов, дарвозабони овозадори тоҷик шумораи аз ҳама зиёди овозҳои мухлисони футболро ба даст оварда бошад ҳам, ҷоизаи ба номи Лев Яшинро соҳиб шуда натавонист.
Рустам Ятимов 39 729 овоз гирифта, дар овоздиҳӣ аз ҷониби мухлисон ғолиб дониста шуд, вале назари ҳакамон бо назари мухлисони футбол рост наомада, Станислав Агкацев, дарвозабони дастаи «Краснодар» -ро “Беҳтарин дарвозабони мавсими гузашта” эълон намуданд. Станислав Агкацев ҳамагӣ 18 766 овоз гирифтааст, вале ҳакамон ӯро ба хотири устувории равонӣ ва нақши калидиаш дар чемпионати «Краснодар» дарвозабони беҳтарини мавсим эълон карданд.
Зинаи сеюмро Евгений Латышонок бо 15 545 ишғол намудааст.
Ёдрас мешавем, ки Рустам Ятимов 13 июли соли 1998 дар Нижний Новгород ба дунё омада, дастпарвари клуби футболи «Волга» мебошад. Соли 2018 Ятимов ба Истиқлол» гузашта, дар ҳайъати ин даста 92 бозӣ анҷом дод.
Рустам Ятимов дар ҳайъати “Истиқлол” 6 маротиба Чемпиони Тоҷикистон гашта, 4 Ҷом ва Шоҳҷоизаи кишварро ба даст овардааст. Соли 2022 “Беҳтарин дарвозабони сол” ва соли 2023 “ Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” этироф гашта буд.
Аммо 1 июли солои 2024 Рустам Ятимов бо «Ростов» қарордод баста, ба ҳайъати ин даста гузашт ва тибқи он бояд то 30 июни соли 2029 дар ин тим бозӣ кунад.