Formula september
Рафоат Абдусаломова: Марги писарам маро бе корд кушт! (Видео)
7471

Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон 10-уми марти соли 1939 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1958 пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Наримонови шаҳри Конибодом ба факултаи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Соли 1963 донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, дар телевизиони Тоҷикистон ба кор медарояд. Дар телевизион зиёда аз 40 сол кор мекунад. Ӯ аз соли 1978 узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Корманди хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи «Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон» ва медали «Ветерани меҳнат», нишони «Аълочии телевизион ва радио»-и собиқ Кумитаи Телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Соҳиби ҳамсари мушфиқ ва се фарзанди баркамол: Адиба, Шуҳратҷон, Умеда ва 8 набераи дӯстрӯяк аст.

- Маълум аст, ки дар солҳои аввали ташкили телевизион, мисли имрӯз техника чандон тараққӣ накарда буд, ҳолатҳои ногуворе ҳам,албатта, пеш меомад.

- Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда хеле зиёданд. «Чароғаки солинавӣ» буд. Ҳангоми бурдани ин барнома, ки мустақим мерафт, дидам, ки дар эфир дигар чиз рафта истодаасту назди ман тамоман матни дигар аст. Ман, ки назди эфири оинаи нилгун нишастаам, наметавонистам, варақҳоро рӯгардон ва матни лозимро пайдо кунам. Хайрият, ки пеш аз ба эфир баромадан як-ду бор матни барномаро хонда, шинос мешудем. Ман ба экрани телевизион нигариста, аллакай медонистам, ки гап дар бораи чӣ меравад. Дарҳол илоҷе карда, матни он эпизоди нишондодаро шарҳ додам, ки ин кори хеле мушкил буд. Якбора, бидуни матн ҷумла сохтан ва ба тамошобинон расондани ахбор аз наттоқ дониши баланду зиракӣ ва маҳорати касбиро талаб мекард. Хушбахтона, дар вақти нутқи шарҳи ахбор бидуни коғаз дар ягон ҷой дар намонда, вазъиятро ба хубӣ ба даст гирифтам. Ҳарчанд ки тамошобинон ин асрорро пай набурданд, вале бо вуҷуди аз ин ҳолат ба хубӣ берун шудан, маро ҳаяҷону арақ зер карда буд. Ин ҳолатро ҳатто раҳбарияти телевизион ҳам ҳис накарда буданд. Воқеан, ин гуна ҳолатҳо ҳич гоҳе аз лавҳи хотирам зудуда намешаванд.

– Барои як духтари муштипаре мисли Рафоат аз як сӯ таҳсил дар донишгоҳ, кор дар телевизион ва ҳамзамон оила барпо кардан чӣ гуна даст медод?

– Дар курси сеюми таҳсил дар донишгоҳ издивоҷ кардам. То фарзанддор шудан, мушкилиро он қадар эҳсос намекардам. Баъди як соли арӯсӣ соҳиби писар шудем. Ба писарамон бо сад орзуву ҳавас Бахтиёр ном гузоштем. То ҳаштмоҳагӣ Бахтиёрҷонро парвариш додем. Модарҷонам диданд, ки хондану кор ва ҳам тарбияи фарзанд бароям мушкилӣ мекунад, дарҳол ба ёрии ман шитофтанд. Бахтиёрро бо худ ба шаҳри Конибодом бурданд. Вале афсӯс… Ки ишқ осон намуд аввал...

Дар чашмони Рафоатбонуи ҳамеша чеҳракушод ашк ҳалқа заду гиря гулӯгираш кард. Маълум шуд, ки баъди чор моҳи он сол аз беморӣ нахустписараш Бахтиёр мефавтад. Аз даргузашти ҷигарбандаш Бахтиёр солҳои зиёде гузаштаанду модар то имрӯз бо ҳасрат ӯро ба ёд оварда, ғам мехӯраду худро бахшида наметавонад, ки аз пушти кору омӯзиш шуда, нахустфарзандашро худаш парвариш надод. Рафоат бо ёди ҷигарбанди гумкардааш шеъре навишта ва онро дар саҳифаи Фейсбук коридааст, ки онро фейсбукиён истиқбол кардаанд: …
Ин ҳама аз дасти ғамҳои вай аст,
Он ки ҷонро доду рафт аз ин диёр,
Ай, ки мегӯӣ кӣ ҳаст он ғамфизо?
Бахтиёрам, Бахтиёрам, Бахтиёр!

– Узр, ки аламҳои дилатонро тоза кардам.

– На. Ин алам ҳамеша дар қалби ман аланга дорад. Аммо ин лаҳза ба ёдам як воқеа расид. Ҳамроҳи шавҳарам профессор Зариф Шариф, доктори илми кишоварзӣ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм истироҳат мекардем. Ҳамин вақт рафтори як ҷавоне, ки ҳамроҳи модари бемораш буд, маро ба худ ҷалб кард. Ҷавон нисбат ба модар чунон ғамхору меҳрубон буд, ки аз суханону рафтораш ҳаваси кас меомад. Ҳангоми аз зинаҳои осоишгоҳ баромадан, модар каме душворӣ кашид. Писараш мисли мурғи посӯхта дар атрофаш чарх мезаду аз модар хоҳиш мекард, ки иҷозат бидиҳад, то ӯро рӯи дастонаш бардошта боло бубарад. Модар аз ин кори писараш пеши одамон шояд хиҷолат дошт, ки гуфт: – Бахтиёрҷон, писарам, охир ман вазнин, зӯрат намерасад… Аз шунидани номи Бахтиёр дар баданам мурғак давид. Ба он ҷавону модараш нигариста, ашки чашмонамро дошта натавонистам. Дар дил гуфтам, ки агар Бахтиёри ман зинда мебуд, имрӯз мисли ин Бахтиёр ғамхору меҳрубон мешуд. Шояд аз ин ҳам бештар меҳрубонтар мешуд. Ман то имрӯз дар марги Бахтиёр ҳам худро гунаҳкор медонаму мегӯям: – Бахтиёрам маро мебахшида бошад?! Аз баҳри кору хондан ман ӯро аз худ ҷудо кардам. Баъди марги фарзанд ба хулосае омадам, ки аввал оилаву фарзанд ва баъд кор будааст.

– Авҷи шуҳрати наттоқи аввалину нотакрор Рафоат Абдусаломова кадом марҳиларо дар бар дорад?

– Ин аз соли 1959 то солҳои 90-ум буд.

– Воқеъае, ки аз шуниданаш ҳайрататон афзуда бошад?
– Ман фарзанди ягонаи аҳли ду оила будам ва намедонистам, ки модаре, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунам, холаи ман аст. Азбаски холаам Эргашбибӣ соҳиби фарзанд намешавад, модарам – Оимбону фарзанди якаву ягонааш, яъне манро таваллуд карда, ба хоҳари бузургаш медиҳад, ҳарчанд ки ман ҳардуро ҳам дӯст медоштаму модар ном мебурдам. Ҳангоми дар синфи ҳафтум таҳсил карданам фаҳмидам, ки модари воқеъиям Оимбону будааст. Ин рафтори модарам, ки аз дили бузург доштанаш шаҳодат медод, маро хеле мутаассир кард.

–Ҳоло шумо бознишастаед ва ба қавле давлати пирӣ меронед. Вақти бекории зиёд доред?

– Ман умуман вақти бекор надорам. Барои худ реҷаи корӣ тартиб дода, мувофиқи он амал мекунам.

– Агар махфӣ нест, чӣ гуна?

– Саҳар аз хоб бархоста, каме варзиш мекунам. Барои худ ва ҳамсарам субҳона омода месозам. Сипас, каме дар ҳавои тоза гардиш мекунам. Бо набераҳоям Сурушҷон, Ясминаву Сабурҷон, ки тез-тез ба наздам меоянд, машғул мешавам. Се соат аз Интернет, ба хусус Фейсбук истифода мекунам. Ахбор мехонам, аз ашъори классикон ва гоҳе ҳам аз худам матлабҳоеро, ки хусусияти тарбиявӣ, панду ахлоқӣ доранд, рӯйи сафҳа мегузорам. То ин ки кори хайру савобе барои худ кунам. Хелеҳо инро як бекоракорӣ медонанд. Аммо дар ҳар коре хайр ҳам ҳаст. Аз ҷавобҳои ба ман навишта маълум мешавад, ки корбарони фаҳмида ва донишманд ҳам дар Фейсбук кам набудаанд. Ба наздикӣ, як шеъри худро дар саҳифаи Фейсбук гузоштам, ба ин мазмун: Бирав бар боғи дониш умрҳо шин, Дар он як олами шоистаро бин, Агар дастат расад аз баҳри дониш, Барои зиндагӣ дурру гуҳар чин...

– Чеҳраи Шумо ҳамчун як бонуи зебову ҷаззоб ва наттоқи нотакрор дар зеҳнҳо нақш бастааст. Имрӯз ҳам чеҳраи зебои шумо қариб, ки тағйир наёфтааст. Барои ба кӯча баромадан чӣқадар вақти худро сарфи ороиш мекунед?

– Ман аслан аз ҷавонӣ ба рӯю абрӯвон ва чашмонам аз рангу бор ва ё ба қавле «косметика» истифода намебарам. Ҳарчанд ки ин кор дар телевизион маъмул аст. Танҳо мӯи дарозамро ороиш медоданд. Ҳамон ҳам дар лаҳзаҳои нахуст, ки бо мӯи бофтаву тоқӣ баромад мекардем. Баъдтар ба ороиши мӯям аҳамият медодам. Аммо ҳоло танҳо бо либоси ба бар кардаам аҳамият медиҳам, ки ягон ҷояш қату ғиҷим набошад. Зеро дар кӯча ҳоло ҳам ба ман аҳамият медиҳанд. Аз даҳ нафар одамон панҷ нафарашон маро мешиносанду салом дода, аҳволпурсӣ мекунанд. Ва баъзан бо якдигар мегӯянд, ки «ин кас наттоқ-Рафоат Абдусаломова ҳастанд».

– Муаллима чӣ сирре доред, ки ҳанӯз ҳамчунон нозуку зебоед ва қаду қомати расои худро то имрӯз нигаҳ дошта тавонистаед?

– Ман аз аввал хеле кам хӯрок мехӯрам, бо реҷа хӯрокҳои камравған, обпазу дар буғ пухтаро дӯст медорам. Ба ҷои чой, бештар аз гулу гиёҳҳои шифобахш истифода мебарам. Шояд сабаб дар ҳамин бошад.

–Мебинам, ки ҷевонҳои хонаатон пур аз китоб аст. То имрӯз чанд китоб мутолиа кардаед?

– Ростӣ, нашумурдаам, ки то имрӯз чанд китоб хондаам. Дар китобхонаам зиёда аз 3 ҳазор китоб аст, ки ҳамаи онро мутолиа кардаам. Ва ҳар моҳу сол сафи китобҳоямон зиёд мешавад, ки ҳамаи онро мехонам. То имрӯз аз китоб дурӣ надорам ва он аниси мост.

– Бештар мутолиаи асарҳои кадом адибон ба шумо писанд аст?
– Асарҳои классикон аз Рӯдакиву Фирдавсӣ,Ҷомию Ҳофиз, Саъдиву Хусрави Деҳлавию Бедил ва ғайра. Аз нависандагони муосир М.Турсунзода, Б. Раҳимзода, А.Лоҳутӣ, М. Миршакар, П.Сулаймонӣ, Баҳром Фирӯзу Меҳмон Бахтӣ. Қариб асарҳои ҳамаи шоиру нависандагонро мутолиа мекунам. Аз нависандаҳои русу хориҷӣ, бештар асарҳои нависандагон; Теодор Драйзер, Джон Голсуорси, Ҷек Лондонро дӯст медораму мутолиа мекунам.

– Миёни ҷавонони он солҳо ва имрӯз чӣ тафовуте мебинед?
– Оҳ, нагӯед, ки ин чиз маро бисёр вақт ғамгин мекунад. Ман ба рафтору гуфтори бархе аз наврасону ҷавонон нигариста, хеле озурда мешавам. Солҳои пеш наврасону ҷавонон либосҳои қиматбаҳо намепӯшиданд, ҳатто на ҳама ҷузвдонҳои мактабӣ доштанд, вале ҳама дилбастаи илму дониш буданд. Бештар китоб, рӯзномаву маҷалла мехонданд. Нисбат ба падару модар, калонсолон ҳурмату эҳтироми зиёд доштанд. Одоб дар ҷои аввал меистод. Ҳоло мебинем, ки аксарияти мактаббачагони синфҳои болоӣ бидуни ҷузвдон, дафтар ва китоб ба дарс мераванд. Чӣ тавр онҳо бе китобу дафтар дарс мехонанду дониш аз худ мекунанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо садои баланд гап зада механданд. Бо телефонҳои мобилӣ соатҳо бо садои баланд гуфтугӯ карда, ба иззати нафси дигарон мерасанд. Ва хеле кам одамоне пайдо мешаванд, ки чунин беадабонро накӯҳиш кунанд ва аз ин рафтори онҳо ҷилавгирӣ намоянд. Аз ҷанҷол тарсида, касе гап намезанаду хомӯширо заруртар медонанд, ки ин ҳам ба зарари ҷомеъаи солим аст. Ман гумон мекунам, ки агар фарзанд дар оилаи донишманду бофарҳанг ба воя бирасад ба чунин хатоҳои зиндагӣ роҳ намедиҳад. Одамон ҳам дар ҷамъият зиндагӣ карда, нисбат ба камбудиҳое, ки мешаваду мебинанд, бояд бетараф набошанд. Ҳамон вақт камбудиҳо ислоҳ шуда, ҷамъият пеш меравад, ки мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, муттаҳид шавем. Ватани соҳибистиқлоли худро муҳофиз бошем. Дар пешрафти ҷомеа, пеш аз ҳама, тамоми воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла телевизион – муқаддасгоҳи ман таъсиргузортар аст.
– Барои суҳбати самимӣ ташаккур! Аз китоби «Зиндагиафрӯз»-и Тоҷинисои Азиз

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД