Arzon april 2022
Аловиддин Абдуллоев аз олам даргузашт!
9215

ыы

Боз як ахтари дурахшон аз осмони санъати тоҷик канда шуд
Боз як чароғи фурӯзони ҳунар аз тундбоди қисмат якбора хомӯш гашт
Боз як офтоби тобон, ки саропо нӯр ва рӯшноӣ буд, ғуруб намуд Ғуруби абадӣ!
Боз як ҳунарманди нотакрор аз ин даҳри дудар рахти сафар баст.

фф
Хуршеди тобоне, ки моро абадан тарк гуфт, ҳунарманди асил ва яке аз сутунҳои устувори ҳаҷви тоҷик Аловиддин Абдуллоев буд, ки субҳи имрӯз хабари ҷигарсӯзи марги нобаҳангомаш дар сомонаву расона ва шабакаҳои иҷимоӣ паҳн гашта, дили тамоми мухлисони санъати асилро ба дарду сӯзиш овард.

оли
Бо шунидани хабари марги ин марди бузург забонам лол гаша, ҳуш аз сарам парид. Ақлу дилам намехост бовар кунад, ки риштаи умри ин абармарди санъати тоҷик, ки вуҷудаш сар то ба по аз гили ҳунар сиришта шудааст, якбора канда шуда, дигар ҳаргиз аз шӯхиҳои намакинаш лаззат бурда наметавонем. Худ ба худ зери лаб мегуфтам, ки на, набояд чунин бошад, охир ӯ ҳанӯз ҷавон буд, хеле ҷавон буд...


“Бачаҳо дурусттар бинед, ба дигар сомонаҳо ворид шуда дурустии ин хабарро санҷед, шояд касе ҳазли хунук карда, чунин хабари шумро паҳн намуда бошад ё шӯхии нави худи Алвиддин Абдуллоев аст,”-супориш додам ба кормандони сомона ва дар дил аз худованд зорӣ намудем, ки илоҳо ин хабари шум дурӯғ бошад, аммо...
“Раёсати Вазорати фарҳанг ба аҳли оилаашон таъзия баён намудааст”-бо шунидани ин хабар аз забони Маҳинаи Давлат тарбузи умед аз бағалам афид ва дар чашмонам беихтиёр қатраҳои ашк ҳалқа заданд...
Пас рост аст, ки ӯ рафт! Ана ҳамин хел ногаҳонӣ, мисли ситораи дурахшоне, ки якбора аз осмон канда шуда, дар як чашмак задан нопадид мегардад, аз олами ҳастӣ нопадид гашта ин марди азим.
Дареғу дод аз дасти аждари марг,ки касеро амон намедиҳад!, Ҳунарманди асил ва нотакроре, ки бо маҳорату ҳунари бепаҳнояш дар санъати тоҷик равияи нав кушода буд, мисли ашки сари мижгон дар фосилаи як мижа задан аз ин дунё рахти сафар баст..
Марде, ки ба танҳоӣ чанд нақшро иҷро карда, бо ҳазлҳои намакинаш ба мардуми тоҷик як ҷаҳон шодиву фараҳ мебахшид, ана ҳамин хел, якбора, бе ягон падруду видоъ моро тарк гуфт!
Навиштан, сутудан, васф кардани ҳунари Аловиддин Абдуллоев корест сангин ва дандоншикан. Барои тасвири вижагиҳои ҳунари Аловиддин Абдуллоев ва нақши ӯ ҳамчун ҳунарманд дар рушду нумӯъи санъати тоҷик ба мисли худи Аловиддин дарку ҷаҳонбинии фарох ва ҳунару маҳорати нотакрор мебояд дошт. Аз ҳамин хотир мо ин рисолатро бар дӯши санъатшносон вогузор намуда, танҳо мегӯем: Ёдат ба хайр бод, эй ҳунарманди асил! Ҷоят то абад дар дилу дидаи мо, мухлисону ҳаводоронат холӣ мемонад, вале худро бо он тасаллӣ хоҳем дод, ки шояд худи Худованадро аз чунин инсони фариштахисол хуш омадаву туро дар фирдавси барин ҳамнишини хеш гардонидааст. Ҷоят ҳамеша ҷаннати ҷовидон бошад, акаи Аловиддин!
Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ, аҷал май,
Халиқ боданӯши маҷлиси вай,
Халосӣ нест дар дунё касеро,
Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май!
Ф. Сатторӣ

 

https://oila.tj/news/aloviddin-abdulloev-maro-modaram-dar-sana-zodaast

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД