Sebiston new 2024 october
Марям Исоева: Ман хонаи дардам!
11876

 

«Фарзандони ман миллат, оилаи ман давлат аст, - мегӯяд Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар арафаи 80 солагии мавлудаш»

Марям Исоева… вақте ин номро ба забон меорем, пеши назарамон симои модар ҷилвагар мешавад, зеро ӯ солҳост дар саҳнаи театр ва экрани кинову телевизион нақши модарро меофарад. Инак, модари саҳна Марям Исоева ба синни мубораки 83 қадам гузоштанд, аммо ҳанӯз ҳам пешорӯйи тамошобин зебову пурҷозиба ҷилва мекунанд…

-Муаллима, мехостам суҳбатамонро аз оғози фаъолияти эҷодиатон шурӯъ кунем, зеро шумо бо ҳамкурсонатон аввалин гурӯҳе ҳастед, ки баъди хатми Донишкадаи театрии шаҳри Маскав ба санъати тоҷик бо диди нав ва касбияти хоса ворид шудед…

-Дуруст қайд кардед, студияи мо, ки аз 22 нафар иборат буд, аз мактаби бузурги устодони машҳури санъат Б. Бибиков ва О. Пижова гузашта, ба Тоҷикистон омад. Ман, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Қошқарӣ Мирзоев, Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, Фотима Ғуломова, Тӯрахон Аҳмадхонов ва дигарон, ки қариб ҳама, ҳунармандони халқии Тоҷикистон гашта, дар рушди санъати тоҷик то ҳол саҳм гузошта истодаем. Вақте ки мо ба театр омадем, дар саҳна машқи намоишномаи «Отелло» мерафт. Ефим Исаевич Мителман, ки омадани гурӯҳи моро мунтазир буд, нақши Отеллоро ба Ҳабибулло Абдураззоқов, Эмиллиоро ба ман, Касиоро ба Маҳмудҷон Воҳидов дод. Дар ин намоишнома ҳамроҳи мо фақат ҳунармандони касбӣ нақш меофариданд. Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов, Артисти халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов, Артисти халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова, мо дар паҳлӯи ин устодон сабзида, устодони саҳна гаштем. Мителман пеш аз намоишнома ҳамеша ба ман як ҳарф мегуфт: “Марям, саҳна барою таркон!” Ин як ҷумла ҳунармандро оташ медиҳад. 57 сол мешавад, ки ман рӯйи саҳна ҳастам, агар дар бораи ҳар нақши офаридаам ва ҳамаи бузургоне, ки бо онҳо кор кардаам, нақл кунам, чанд китоб мешавад, ки бояд навишт…

-Воқеан, ман китобҳои шуморо мутолиа кардаам. Дар китоби «Дасти дуои модар» чандин мақолаву очеркҳои шумо гирд оварда шудааст. Қаламатон равон, сабкатон дилнишин аст, ман ба шумо тавсия медодам, ки навиштанро идома диҳед ва дар бораи устодони саҳна хотираву ёддошт нависед…

-Ташаккур. Ман дар тӯли фаъолияти эҷодиам бо ҳамаи бузургони адабиёту санъат ва ходимони давлатӣ кор кардаам. Устод Айниро борҳо дидаву бо эшон мулоқотҳо доштам. Бо устод Турсунзода якҷо аъзои ҳаракати сулҳ будем. Икромӣ, Улуғзода, Лоҳутӣ ва қариб ҳамаи ҳунармандони насли худамонро аз наздик мешинохтам ва дар бораашон хотираҳои зиёде дорам, агар умр вафо кунаду имконият даст диҳад, дар бораашон менависам.

-83 барои як инсон умри кам нест. Дар ин синну сол дар чӣ хусус фикр мекунед, чӣ рӯзгор доред?

-Ман азобҳои зиёде кашидаам. Фарзандамро куштанд, хонаамро ғорат карданд, маркази маънавиёти «Гули умед»-ро аз ман кашида гирифта барҳам доданд, аммо бо ин ҳама шикастанҳо ман шикаст нахӯрдам. Ман ҳанӯз ҳамон Маряме ҳастам, ки 30, 40, 50 сол пеш будам. Ҳанӯз ҳам дар сарам идеяҳои зиёд дорам. Шукр, ҳазорон шукр…

-Дар бораи марги духтаратон гуфтед. Аз он ҳодисаи нангин солҳо гузашт, аммо ҳанӯз бадард сухан мегӯед, маълум, ки он захм аз қалбатон нарафтааст… Қотилони духтаратон пайдо шуданд?

-Шумо маро аз шох қапидед… Барзагов ё бузи куҳиро мағлуб кардан хоҳанд, аввал аз шохаш меқапанд, то ӯро ба осонӣ афтонанд. Шумо айнан чунин карда, маро аз ҷойи сустам доштед. Магар модар метавонад марги фарзандашро фаромӯш кунад?! Симои духтарам Гулнозҷон, домодам ва набераам, ки ноҷавонмардона дар солҳои ҷанги бародаркушӣ кушта шуданд, то ҳол аз пеши рӯйи ман дур нарафтааст. Мутаассифона, гунаҳкорони ин ҳодиса пайдо нашуданд. Хайр, чӣ илоҷ, он солҳои мудҳиш дар ҷумҳурии мо ахлоқи мардум коста гашта, касеро ба касе раҳму шафқат намонда буд. Куштору ғорат, таҷовузу бадкирдориҳо хеле зиёд буданд, ҳатто як маротиба худи маро қасди таҷовуз карданд.

-Наход, чӣ тавр?

-Дар рӯйи ҳавлиам, ки дар 9-ум километри шаҳри Душанбе воқеъ буд, кор мекардам. Ҷавони ришдоре аз назди ҳавлиам гузашта истода «хаста набошед, муаллима кӯмак кунам?» гуфта, ёрӣ пешниҳод кард. Ман розӣ шудам. Ҷавон дар рӯйи ҳавлӣ кор мекард, ман аз пайи густурдани дастурхон ва кашидани хӯрок шудам. Дастурхон партофта ба хона хӯроккашӣ даромадам. Рӯям ҷониби плита буд, ки касе якбора аз қафо маро оғӯш карда, қасди ба замин афтонидан кард… Ин ҳамон ҷавон буд, ки мани шояд ҳамсоли модарашро мехост таҷовуз намояд. Дод задам ва ӯро тела дода аз худам дур кардам. Хайрият, ки ҳамсояамон Иван Иванович фиғони маро шунида бел дар даст давида омаду он ҷавон тарсида рӯ ба гурез ниҳод…


Вақте ки мошини ёрии таъҷилӣ омаду духтурон мурдаҳоро аз он фаровардан гирифтанд, пойҳоям ба ларза афтоданд. Дар як рӯз шаш ҷасад вориди бинои МОРГ шуд.

 


-Маркази маънавиёти кӯдакон ва наврасон «Гули умед», ки шумо бунёд кардед, баъди фаъолияти чандинсола барҳам дода шуд. Сабаб чӣ буд?

-«Гули умед»… Шумо ба захмҳои куҳнаи дили ман намак мепошед. Ин аввалин мактаби театрии кӯдакону наврасон буд, ки баъдан маркази маънавиёти кӯдакон ва наврасон ном гирифт. Дар ин марказ даҳҳо кӯдакони ятим, нимятим, маъюб ва хизматчиёни давлатӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд. Падару модарон аз маркази мо розӣ буданд. Кӯдакони синни томактабиро дар муҳити фарҳангӣ тарбият мекардем. Аз маданияти театр, фарҳанг ва се забони хориҷӣ ба бачаҳо дарс дода, ният доштам, ки забонҳои дигарро ҳам ҷорӣ кунам. Муаллими йога овардам, ки кӯдакон машқ кунанду солим бошанд. Вақте биноро гирифтем, хароба буд, мисли биноҳое, ки имрӯз дар Сурия ва Украинаи ҷангзада ҳастанд. Биноро ба пуррагӣ таъмир карда, гулу дарахтони зиёде шинондем, гӯшаи ҳайвонот бунёд кардем. «Санта Барбараи хурдакаки Тоҷикистон» номаш ниҳода хурсанд будем, ки фаъолияти марказ хуб пеш меравад, аммо бар ивази ин ҳама хизматҳоям маро фақат шикаст доданду шикаст доданду шикаст. Марказро кашида гирифтанд, аризаҳоям бе ҷавоб монданд, маро қабул намекарданд…

-Дар кадом асос «Гули умед» барҳам дода шуд?

- Дар асоси фиреб. Бо роҳи фиреб имзои маро гирифта марказро кашида гирифтанд. Зимистони қаҳратуни моҳи декабр ҳамаи ҷиҳозҳои марказро ба болои барф бароварда партофтанд ва бо ин корашон маро бори дигар кушта, кӯдаконро ноумед ва «Гули умед»-ро каллакан карданд…

-Олами санъат пур аз зиддияту ихтилоф ва рақобат аст, мисли деги ҷӯшон. Шумо дар ин олами пурталотум дар кадом нақш ҳастед, ҷабрдида, мағлуб, ғолиб ва ё?..

-Ман ҷабрдидаи ғолибам, ки зиддиятҳо ва шикастдоданҳоро мардона пушти сар кардаам. Намоишномаи «Эдип»-и Софоклро ба саҳна мемондем. Дар он асар ману як шогирдам нақши Маликаро якҷоя тамрин кардем, аммо қарор шуд, ки дар нахустнамоиш ман бозӣ мекунам. Нақши Эдипро Ҳошим Гадоев бозӣ мекард ва ӯ дар маҷлис гуфта буд, ки агар ҷуз Марям касе ба саҳна барояд, шикамашро бо теғ пора мекунад. Ҳамин тавр намоишнома оғоз ёфт. Ман дар пушти парда мунтазири ишора будам, аммо чанд лаҳза пеш аз ишора аз толор садоҳо шунида шуд. Шогирдам худсарона либос пӯшида аз толор ба саҳна баромадааст. Ҳошими бағазабомада сархам истода аз ҷояш намеҷунбид. Ин манзараро дида ман як лаҳза аз ҳуш рафтаам. Маро бардошта ба ошёнаи 2-юм ба пардозхона баровардаанд. Баробари ба худ омадан ба балкон баромадам, то бинам, ки дар саҳна чӣ гап аст. Ҳанӯз пауза идома дошт ва Ҳошим сарашро набардошт. Гумонам ин дарозтарин пауза дар таърихи тамоми театрҳои ҷаҳон буд. Ниҳоят Ҳошим сарашро бардошту намоишнома идома ёфт, вале баъд он шогирди хиёнаткори маро барои худсариаш аз театр ронданд. Дар ҳаёти ман чунин ҳодисаҳо кам набуданд. Вақте режиссёр аз Ленинград омада, хост «Медея»-ро ба саҳна гузорад, маро дар нақши асосӣ интихоб кард, аммо 6 нафари дигар барои иҷрои ин нақш ариза пешниҳод карданд. Режиссёр дар маҷлис ошкоро гуфт: « 6 нафар мехоҳанд, ки Медеяро бозӣ кунанд, аммо Медея яктост – Марям! Танҳо ба хотири ӯ ман ин спектаклро мемонам». Бо вуҷуди ин, маро бо гострол ба Бадахшон «бадарға» карданд. Улфатшоев, ки роҳбари мо буд, ин бозиҳоро фаҳмида, маро пеш аз муҳлат ба театр фиристод, то машқи Медеяро ба охир расонам. Вақте ба Душанбе омадам, то намоиш ҳамагӣ як ҳафта вақт монда буд. Дар намоиши таҷрибавӣ маро неву дублёрамро бароварданд, вале намоиш аз шӯрои бадеӣ нагузашт. Пагоҳаш ман баромадам ва намоиш қабул шуд.

-Ҳаёти оилавии ҳунармандон барои хонандагон аҷиб аст. Шумо чанд фарзанду набера доред?

-Се фарзанд, панҷ набера ва шаш абераи дӯстрӯ дорам.

-Бори дигар шуморо ба ҷашни мавлуд табрик мегӯям ва ба шумо барору комёбӣ хоҳонам!

Мусоҳиб ОДИЛ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД