Arzon march 2024
ҶӮРАБЕК НАЗРИЕВ: ДУХТАРҲО БА ХОНААМ ХОСТГОРӢ МЕОМАДАНД
5828

 

Даричаи ошноӣ:
Олими намоён ва ҳунарманди шуҳратёри тоҷик Ҷӯрабек Назриев 23 июни соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

ДастпарвариУниверситети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ-и ҳозира), Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Дорандаи чандин унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ. Зиёда аз саду панҷоҳ мақолаю рисолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба чоп расондааст. Оиладор, падари чор фарзанд.

Устод, мардум дар бораи Шумо қиссаҳои гуногун нақл карда мегӯянд, ки дар вақташ яке аз серхаридортарин мардони Тоҷикистон Ҷӯрабеки Назрӣ буд...

Шукри Худо, имрӯз ҳам харидор дорам! (механдад) Ҳазл мекунам. Замони ишқу ошиқии мо гузашт, акнун навбати ҷавонон.

Рост аст, ки духтарҳои ошиқ аз паси шумо мисли соя мегаштанд?

Таъриф нашавад, йигити чор кас медидагӣ будем, ғайр аз ин, кам-кам ҳофизӣ, ки мекардам, дар байни мардум обрӯ доштам. Духтарҳо дар атрофам парвона буданд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, баъзеашон ҳатто ба хонаамон хостгорӣ меомаданд.

Дар интихоби арӯс саргум назадед?

Ишқ маро роҳнамо гашта, интихобро бароям осон намуд.

Янга ҳам мисли дигар духтарҳо аз пасатон давида мегаштанд?

Не, ман ба Мунира ошиқ шуда ҳамеша мисли соя ҳамроҳаш будам.

Бо ҳамсаратон чӣ хел шинос шудед?

Соли 1968 пас аз хатми факултаи филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон мо, як гурӯҳҳамкурсон дар донишгоҳ дар қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагон ба устодони донишгоҳ кумак мерасондем. Рӯзе даркомиссияи қабул нишаста будам, ки духтараки паричеҳрае пайдо шуда ҳуҷҷатҳояшро ба ман дароз кард. Ҳуҷҷатро аз дасти ин зебосанам гирифтаму дил ба кафаш ниҳодам.

Бо як нигоҳ ошиқ шудед?

Бале, ошиқ шудам, ошиқи зор ва «домони ту, эй бути ситамгар, сар медиҳаму намедиҳам сар» гӯён, дигар домони ӯро раҳо накардам.

Духтарҳое, ки ба Шумо ошиқи зор буданд, ба Мунира хуб ҳасад бурдагистанд?

Ин ҳасад бурданҳо балои ҷони Мунира гашта буд, баъзеашон ҳатто ӯро зери мушту лагад мегирифтанд, ки аз Ҷӯрабек дур гард.

Наход?!

Рӯзе аз назди хобгоҳи факултаи филология мегузаштаму ногоҳ чашмам ба ду духтар афтид, ки касеро дар девори бино зер карда, азоб медоданд. Наздиктар рафта бинам, зебосанами зери шиканҷа қарордошта Мунираи ман аст. Духтарҳои ин факулта ба ман ошиқ буданд, онҳо Мунираро танҳо дида, ҷазо доданӣ шудаанд. Бечораро ба девор зер карда, гулӯяшро бӯғикунон мегуфтанд: «Як бори дигар туро бо Ҷӯрабек бинем, мекушем!» Хайрият, ки сари вақт ба имдодаш расидам, вагарна ҳолаш чӣ мешуд, танҳо Худо медонад.

Мунирахон бисёр зани зебо ҳастанд, табиист, ки чунин ҳусну ҷамоли нотакрор харидорони зиёде дорад…

Мақсадатонро фаҳмидам. Барои Мунира ман бо баъзеҳо ҳатто даст ба гиребон ҳам шудаам.

Махфӣ набошад, бо кӣ?

Ман як бачаи куҳистонӣ будаму Мунира Самарқандӣ, як гурӯҳ ҳамшаҳриҳояш «ин бачаи бегона духтари моро аз худ мекунад» гӯён, маслиҳат кардаанд, ки маро дошта мезананд. Як рафиқам ин хабарро ба ман расонд. Саркарда­ашонро ёфта ҳамроҳаш як «суҳбати мардона» кардам, баъди ин чашми дигар бачаҳои самарқандии донишгоҳ тарсида дигар ба мо кордор нашуданд.

Гуфтагӣ барин, мардуми куҳистон бо бегонаҳо қудо намешаванд,волидони шумо ба келин кардани духтари самарқандӣ розӣ шуданд?

Барои модарам фарқ надошт, ки ман киро ба занӣ мегирам, чунки он кас танҳо хушбахтии писарашонро мехос­танд, аммо дӯстону рафиқонам дар аввал ба зани самарқандӣ гирифтани ман чандон розӣ набуданд. Аз ҷумла, устод Зафар Нозим таъкид карда буданд, ки аз маҳалли худамон зан гирам, беҳтар аст, ҳурмату эҳтироми модарамро ба ҷо меорад. Росташро гӯям, ин маслиҳати устод маро дудила кард. Ба ҳар куҷое, ки мерафтам, дар симои духтарон арӯс мекофтам, вале аз Мунира беҳтарашро пайдо карда натавонистам.

Аксари келинҳо бо хушдоман муросо карда наметавонанд. Байниҳамсари шумо ва модаратон ҷангу ҷанҷол намешуд?

– Не, модари бузургворам Заҳрохон, ки хонандаи Қуръон буданд, аз келинашон розӣ буданд ва мудом дар ҳаққи Мунира дуои нек мекарданд.

Кадом хислатҳои ҳамсаратонро бештар меписандед?

Рафтору гуфтори нарм ва пиндори некашро.

Кадом хислаташон мақбули шумо нест?

Хислати бадашро намедонам.

Кадом хӯроки пухтаи янгаро баҳ-баҳгӯён мехӯред?

Мардуми Самарқанд ҳунарманданд ва ҳамсари ман низ истисно нест. Мунира бисёр таомҳои болаззат мепазад. Касе як маротиба маззаи лӯлакабоби пухтаашро чашад, умре лаззаташро фаромӯш намекунад.

Худи шумо кадом хӯрокро нағз мепазед?

(Механдад) Солҳои дар Ҷумҳурии Афғонистон буданам, Аҳмад Зоҳир меҳмони ман шуд. Бори аввал ҳамон рӯз хӯрок пухтам. Дегро болои оташ монда равған андохтам, вале намедонистам, ки аввал чиро ба дег андохтан лозим аст. Таваккал карда аввал гӯшт, баъд пиёз ва дигар сабзавотҳоро андохта зирбондам. Хӯроки пухтаи ман ҳама чиз дошт, вале ном надошт.

Аҳмад Зоҳир ба маҳорати ошпазиатон баҳои чанд гузошт?

Таоми пухтаи ман ғайримаъмулию бе ном бошад ҳам, бомазза буд. Аҳмад Зоҳир таърифкунон хӯрд. Пас аз ҳамон ҳодиса ба хулосае омадам, ки мард ҳам бояд аз уҳдаи пухтупаз барояд.

Ҷӯрабек Назриев ҳамчун олим, ҳунарманд ва як марди рӯзгордида ба ҷавонони навхонадор чӣ маслиҳат медиҳад?

–    Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

      Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

      Ҳамчу дарё в-аз накӯкорӣ

      Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Накӯкор, некрафтору некгуфтор бошанд, албатта, саодати зиндагӣ насибашон мегардад.

 

НИГОҲИ ҶӮРАБЕК МАРО АФСУН КАРД

Даричаи ошноӣ:

Мунира Ашӯрова, рӯзноманигор, ҳамсари олим ва ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Назирев, 14 феврали соли 1951 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Дар нашриётҳои «Ирфон» ва «Маориф» 17 сол кор кардааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд: Таманно, Шаҳриёр, Масрур, Шаҳноз ва 12 набера.

Мунирабону ба шумо чӣ тавр муяссар гашт, ки Ҷӯрабек барин домоди серхаридорро ба чанг оред?

Пас аз хатми мактаби миёна ман роҳи Донишгоҳи миллии ҳозираро, ки бисёр бонуфуз буд, пеш гирифтам. Ҷавони қоматбаланди зебое ҳуҷҷатҳоямро гирифта аз назар гузаронду дергоҳ ба ман нигарист.Нигоҳаш ким чӣ хел ба дилам кора кард.

Магар бо як нигоҳ одам ошиқ мешавад?

Медонед, он нигоҳ нигоҳи оддӣ набуд, ким-чихел мармуз, як ҷаҳон маънӣ дошт. Ӯ кӯшиш мекард, ки бо нигоҳаш маро дар назди даричаи ҳуҷҷатсупорӣ боздорад, вале азбаски ҷавонони зиёде дар навбат буданд, ноилоҷ ҷавобам дод. Ҷавобам дод, вале домонамро раҳо накард. «Дасти ману домони ту» гуфтагӣ барин, аз ҳамон рӯз эътиборан ин ҷавон маро як лаҳза ҳам ором нагузошт.

Ҷӯрабек ҳамчун аъзои комиссияи қабул ба дохил шуданатон мусоидат кардагистанд?

Не, дар ин масъала кӯмак накардаанд. Донишам хуб буд, имтиҳонро худам бо баҳои аъло супорида, донишҷӯй шудам.

Ҷӯрабек чанд курс аз Шумо болотар мехонданд?

Он кас донишгоҳро аллакай хатм карда буданд, вале тез-тез ба назди ман меомаданд.

Ба ғайр аз нигоҳ боз кадом хислати Ҷӯрабек писандатон омад?

Вай маро бо овози ширин, хушгуфторӣ ва сухандонию шеърхонияш асири доми ишқи худ гардонд.

Дарҳол хонадор шудед?

Не, пас аз чор соли ишқу ошиқӣ мо риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Тӯямон моҳи августи соли 1972 барпо гашт.

Бисёриҳо мегӯянд, ки бо марди ҳунарманд зиндагӣ кардан бисёр душвор аст. Шумо аз интихоби худ пушаймон нашудед?

Чаро пушаймон шавам?! Шавҳари меҳрубону ғамхор ва зиндагии ободу осуда дорам. Худоро шукр, соҳиби 4 фарзанду 12 набераи солиму дӯстрӯяк гаштем.

– Шудааст, ки гапатон бо шавҳаратонгурехта бошад?

Ба фикрам зиндагӣ бе ин намешавад. Пастиву баландиҳо дар ҳаёти ҳар оила вомехӯранд. Мешавад, ки баъзан гапамон мегурезад, вале мо аз ин фоҷиа намесозем. Ноҳақ бошам, ман дарҳол аз он кас бахшиш мепурсам, ноҳақӣ аз ҷониби шавҳарам гузашта бошад, он кас узру маънӣ пеш меоранд, бо ҳамин боз олам гулистон мешавад.

– Ҷӯрабек гуфтанд, ки бисёр рафиқонашон зани самарқандӣ гирифтани он касро намехостаанд…

– Бо вуҷуди бо ишқу муҳаббат хонадор шуданамон, ман ҳис мекардам, ки шавҳарам дар ҳарос аст, метарсад, ки оё эҳтироми пайвандон ва хешу ақрабояшро ба таври бояду шояд ба ҷо оварда метавонам ё не. Аниқ медонистам, ки Худо накарда нисбати модаршӯям ягон беэҳтиромӣ кунам, зиндагии мо ҳамон рӯз ба поён мерасад, бинобар ин, кӯшиш мекардам, ки хушдоманам ҳамеша аз ман розӣ бошанд.

– Мегӯянд, ки дили хушдоманро ёфтан душвор аст…

– Ин бофтаи келинҳоест, ки биниашон аз ғурур осмонро мехарошад. Ҷавондухтаре, ки келин шуда ба оилае меравад, бо сабру таҳаммул ва бо андеша бошад, албатта, дили хушдоманро меёбад. Дар ҷавонӣ ҳар кас хато мекунад, вале як калимаи сеҳрнок «мебахшед» ҳама гуна норозигиро дарҳол аз байн мебарад. Бо мебахшед гуфтани келин осмон омада ба замин намечаспад, вале аксари арӯсакон аз гуфтани ин калима ор мекунанд. Гунаҳкор бошанд ҳам, гуноҳашонро ба гардан гирифтан намехоҳанд. Носозию норозигии хушдоману келин аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ман ҳамчун як зани рӯзгордида ба ҷавонзанҳо маслиҳат медиҳам, ки аз“мебахшед” гуфтан ҳазар накунанд.

– Мунирабону, шумо зани босавод, журналист ҳастед, 17 сол собиқаи корӣ доштед, чӣ шуд, ки якбора хонашин шудед? Шавҳаратон иҷозати кор кардан надоданд?

– Не, ташвишҳои хонаи сермеҳмон, тарбияи фарзандон ва дур будани роҳ маро маҷбур кард, ки аз баҳри кор гузашта хонашиниро ихтиёр намоям.

– Кадом хислатҳои шавҳаратонро меписандед?

– Ҷӯрабек бисёр марди ғамхор, меҳрубон ва дурандеш аст. Шавҳарамро барои ҳамин сифатҳояш мепарастам.

– Хушбахт бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД