Arzon march 2024
ЛУТФУЛЛО ДАВЛАТОВ:  ЗАНАМ РАШК МЕКАРД, ВАЛЕ…
5465

 

Даричаи ошноӣ:
Ҳунарманди шуҳратёр, Директори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Лутфулло Давлатов 2 апрели соли 1958 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст.


Пас аз хатми мактаби миёнаи №17-и деҳа, соли 1975 ба Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 1979 шуъбаи актёрӣ, драма ва кинои донишгоҳи мазкурро бомуваффақият хатм намудааст. Лутфуллои Давлат ба фарҳангу ҳунари тоҷик хизматҳои шоиста намуда, зиёда аз 20 сол дар театри академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст. Солҳои 2004-2009 дар вазифаҳои пурмасъулияти сармуҳаррири шуъбаи мусиқии телевизиони тоҷик, муовини аввали директори телевизиони «Баҳористон» ва Директори генералии «Тоҷикфилм» кор кард. Соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов Директори муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» таъйин гардид. Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста». Оиладор, соҳиби 5 фарзанд ва 18 набера.

 Солҳои 80-ум нав ба Театри Лоҳутӣ ба кор омада будам, – ба ёд меорад Лутфулло, – ҳамроҳи ҳунармандони театр бо намоишномаи «Ҷияни хира» ба ноҳияи Фархор сафар кардем. Ману Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдуллои Раҷаб дар як ҳуҷраи меҳмонхонаи якқабата ҷой гирифтем. Бегоҳиҳо намоишномаро дар ҳудуди ноҳия намоиш дода, хеле дер ба меҳмонхона бармегаштем. Ба бевақтии шаб нигоҳ накарда, акаи Убайдулло ба назди рафиқони ҳамсину соли худашон рафта шоҳмотбозӣ мекарданд. Як рӯз гуфтам, ки ака, шумо куҷо меравед, суҳбат карда хоб равем намешавад?» Акаи Убайдулло ба ман синчакорона нигарис­та гуфтанд: «Метарсӣ?» Иқрор шудам, ки дар танҳоӣ диламро ваҳм зер мекунад. Он кас ҷиддӣ ба ман нигоҳ карда гуфтанд: «Чароғро хомӯш карда, хоб рав, фақат рӯятро тарафи девор гардон. Мабодо ба тиреза нигоҳ накунӣ-а!» Ин гапро шунида ҳамон шаб умуман хобам набурд. Гумон кардам, ки акои Убайдулло ҷиддӣ мегӯяд. Имрӯз он лаҳзаро ба хотир оварда ба содагиям хандаам меояд.

Лаҳзаи дигаре, ки ҳеҷ аз лавҳи хотирам намеравад, сафари ҳунариамон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аст. Саҳна тайёр, толор пур аз тамошобинон, бояд баъди чанд дақиқа намоиш оғоз шавад. Ҳамин вақт костюмери театр, апаи Шарофат бо садои баланд кадом ҳунармандро ном гирифта фарёд кард. Овозаш чунон баланд буд, ки ҳатто диққати дар толор нишастагонро ба худ кашид. Ба апаи Шарофат гуфтам, ки каме оҳиста, бо садои паст гап занед, одами калонсол бояд хирадманд бошад. Ортиқи Қодир, ки он ҷо буд, бадоҳатан гуфт: «Ҳай, ҳай, Лутфулло, ту чӣ гуфта истодаӣ?! Ҳамин апаи Шарофат, як занаки каппа-калонро ҳақорат дода, хирадманд гуфтӣ, хафа мекунӣ-а? Ин корат нағз не, ҷӯра!» Апаи Шарофат, ки миллаташ ӯзбек буду забони тоҷикиро хуб намедонист, бо шунидани ин гап ба ғазаб омада бо ситеза ба ман нигариста «очат хирадманд, падарат хирадманд, худат хирадманд…» гӯён, инони гиряро сар дод. Ҳунармандон аз ин рафтори Шарофатапа завқ бурда, механдиданд. Ортиқи Қодир, ки аз маънии калимаи «хирадманд» бехабар будани костюмерамонро хуб медонистааст, аз ханда қариб рӯдакан шуда буд.

– Лутфулло, шумо дар намоишномаи телевизионии «Зани оҳанин» нақши олими навовареро мебозед, ки зани оҳанин сохтааст. Мақсади ин намоишнома чӣ буд: танҳо ҳазл ё инъикоси мушкилоти зан дар қолаби мазҳака?

– Ҳадаф нишон додани зиндагии душвори зани тоҷик буд. Дар он солҳо ошкоро инъикос намудани мушкилоти зиндагӣ бисёр душвор буд, барои ҳамин, мо бо роҳи мазҳака то чӣ андоза тоқатфарсо будани ҳаёти занонро дар деҳот нишон додем. Бубинед, ки ҳатто зани оҳанин ба кори душ­вори саҳро тоб наоварда об мешавад! Пас, садҳо офарин бояд хонд ба модарони мо, ки иродаи оҳанин доранд.

Умуман, зан аз нигоҳи шумо бояд чӣ гуна бошад?

Гул барин зебову нозукандом. Мо, мардон бояд хонумҳоро эҳтиёт кунем, зеро вақте гулро нағз нигоҳубин мекунӣ, дергоҳ тару тозаву хушбӯю ботароват мемонад. Занҳоро Худованд ҳамсони гул офаридааст, онҳо ба муҳаббат, дӯстдорӣ ва нигоҳубин сахт ниёз доранд.

Дар зан чиро мепарастед: доноӣ, дороӣ, зебоӣ…?

Шарму ҳаё ва ақлу фаросатро! Зан дар кадом зинае, ки набошад, бояд ҳеҷ гоҳ зан буданашро фаромӯш накунад. Занҳоеро медонам, ки ман коргараму аз шавҳарам зиёд маош мегирам гӯён, падари фарзандонашонро ба як пули пучак намегиранд. Зане, ки дар оила худро аз мард боло мегирад, оқибат танҳо мемонад ё бадбахт мешавад. Мард ҳеҷ гоҳ занеро, ки шаъну шарафи мардии ӯро паст мезанад ва эҳтиромашро ба ҷо намеорад, дӯст дошта наметавонад. Зане, ки хушбахтӣ мехоҳад, бояд пеш аз ҳама эҳтироми шавҳар ва пайвандонашро ба ҷо биёрад ва нармдилу нармгуфтору меҳрубон бошад.

Ҳамсаратон ин хислатҳоро доранд?

– Бале, ҳамсари ман як зани биҳиштӣ аст. Мо бо дӯстдорӣ, бо муҳаббат оила барпо кардем. Шукри Худо, зиндагии тинҷу осуда дорем. Панҷ фарзанди хубро тарбия карда ба воя расондем. Ду духтарам соҳиби хонаи обод, писаронам маълумоти олӣ гирифта дар хизмати халқу ватананд.

Шумо марди зебо ҳастед, бо занҳои зиёде дар саҳнаи театру кино нақш офаридаед. Янга рашк намекунанд?

Аввалҳо рашк мебурд, ҳоло не.

Росташро гӯед, маъшуқабозӣ мекардед?

Аз ҷавонон покдоманӣ тамаъ кардан хатост,

Дар баҳорон обҳо дар ҷӯйборон соф нест.

Ҷавонӣ ҳам мисли баҳор аст. Пурҷӯшу хурӯш, пурғав­ғову тезгузар. Кӣ дар ҷавонӣ гуноҳ ё хатто намекунад?!

Лутфулло аз уҳдаи пухтани хӯрок баромада метавонад?

Росташро гӯям, ман умуман хӯрок пухта наметавонам. Ҳангоми дар «Тоҷиккино» кор карданам маро ба барномаи «Лаззат»-и телевизиони «Сафина» даъват карданд. Ҳама чизро ба дег андохта хӯрок пухтам, вале худам намедонистам, ки чӣ мепазам. Вақте номи таоми пухтаамро пурсиданд, барои аз вазъият баромадан «фантазия» гуфтам.

«Фантазия»-атон хуш омад?

Бале, бисёр бомаза буд!

Хӯроке, ки Лутфулло аз хурданаш ҳаловат мебарад?

Солҳои наврасӣ, ҳамроҳи бобоям ба подабонӣ мерафтем. Бо худ нон мегирифтем. Дар кӯҳу пуштаҳо аз қафои пода давида гурусна мемондему баъзан раҳораҳ нон мехӯр­дем. Бобоям мегуфтанд, ки нонро ин хел нахӯрем, нонро бо қанд хӯрдан даркор. Ба худ мегуфтам, ки мо қанд надорему чаро бобоям мегӯяд, ки ҳоло истед, нонро бо қанд мехӯред? Баъд подаро чаронда ба лаби чашмаи деҳа меомадему бобоям мегуфтанд: «ана, ҷонакои бобо, нонҳоятонро ба оби чашма тар кунед, қанд барин ширин мешавад!» Дар ҳақи­қат, лаззати он ноне, ки дар оби чашма тар карда мехӯрдем, то ҳанӯз аз даҳонам нарафтааст, ҳарчанд ки хӯрдани оши паловро хело дӯст медорам.

Иборат Мирзоева:САБР КАРДАМ, БУРД КАРДАМ

 Даричаи ошноӣ:
Иборат Мирзоева ҳамсари ҳунарманди машҳур Лутфулло Давлатов. Хонашин. Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар деҳааш гирифтааст.

Модари панҷ фарзанд: Хусрав, Фарзона, Рухшона, Шаҳриёр, Шаҳром ва бибии ҷавону меҳрубони 18 набера.

 – Иборатхон, шавҳари ҳунармандатон гуфтанд, ки шумо бо муҳаббат хонадор шудаед. Агар махфӣ набошад, чӣ тавр шинос шуданатонро нақл мекардед?

Ману Лутфулло дар як деҳа ба дунё омада ба воя расидаем. Ҳарду дар як мактаб мехондем. Ман дар синфи 9-ум мехондаму ӯ дар синфи 10.

Ҳангоми дар курси сеюми донишгоҳ хондани Лутфулло, тобистони ҳамон соли 1978 тӯйи арӯсиамон барпо гашт.

– Лутфулло гуфтанд, ки занони худхоҳу мағрурро дӯст намедоранд, маълум мешавад, ки ҳокими хонадони шумо шавҳаратон аст…

Мард бояд мард бошад. Ҳамеша аз зан боло истад, то зан ҳис кунад, ки дар зиндагӣ саробон, такягоҳ дорад.

Лутфулло дар оила чӣ гуна мард аст?

Нисбати зану фарзандон ғамхору меҳрубон ва бисёр ҷиддӣ аст. Ман аз рӯзе, ки ба шавҳар баромадам, танҳо ба кори хонаву тарбияи фарзандон ва эҳтироми шавҳарам бандам. Тамоми таъминоти оила бар дӯши шавҳарам аст. Ман танҳо кӯшиш мекунам, ки хароҷотҳои кардаи шавҳарамро сарфакорона ва бомаънӣ истифода барам. Кӯшиш мекунам, ки барои ҳамсару фарзандонам таомҳои болаззат тайёр кунам, то аз кор баргашта, дар хона ба маънии томаш роҳат кунанду хастагиашон барояд. Шукри Худо, ки меҳнатҳоям барабас нарафтаанд. Фарзандони хубу солим тарбия карда ба воя расондам, ки дар пешрафти Ватан ҳиссагузоранд.

Зани ҳунарманд будан душвор нест?

Албатта, зани марди ҳунарманд будан душвор аст. Зан пурсабру ботамкин бошад, бурд мекунад, дар акси ҳол оила вайрон мешавад.

Шавҳаратон марди ниҳоят зебо ва бар замми ин, машҳур аст. Талабгорони чунин марди хушсалиқа зиёд будагистанд…?

Аввалҳо занону духтарони ношиноси зиёде ба хонаамон занг зада, маро хеле асабӣ мекарданд. Албатта, қаҳру рашкам меомад, вале худдорӣ мекардам Шавҳарамро, ки бо ҷону дил дӯст медоштам, ба ҳамааш сабру тоқат мекардам, зеро медидам, ки мардакам доим дар пешаму мисли ҳамешагӣ меҳрубон аст. Аз пурсабрӣ дар ҳаёт бурд кардам.

– Ба духтароне, ки нав хонадор мешаванд, чӣ маслиҳат медиҳед?

– Якдигарро дӯст дошта хонадор шудан ва босабру таҳаммул буданро таъкид мекардам, зеро муҳаббат, эҳтиром ва тамкину сабр пояи устувори оила аст.

– Хушбахт бошед!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД