Sebiston new 2024 october
Хонаи сарди бефарзанд (Қисми 1)
7578

Панҷ сол шуд аҳвол ҳамин. Кай соҳиби фарзанд мешавӣ? Келини нозой, ҳаёти писарамро сӯзондӣ... Ҷодугаааар... Ту нобакор фарзандамро фиреб карда, бар ман зид кардӣ. Писарам аз ту ҷудо шуда зани дигар мегирифт, ҳоло оғӯшаш аз фарзанд пур мешуд…

Содиқ аз овози баланди модараш тарсида хеста аз тиреза нигоҳ кард. Модараш. ки солҳо бз ба набера зор аст аз алами зиёд ба сари келинаш Зарифа дод мезад.

Содиқ ин ҳолро дида дили бе ин ҳам захминаш захмитар шуд, вале бо овози нарм гуфт:

   -Чаро ӯро ҷанг мекунед, модарҷон? Вай чӣ айб дорад?! Худованд як рӯз не, як рӯз ба мо ҳам фарзанд медодагист, охир баъзеҳо даҳ-пнздаҳ сол пас бачадр мешаванд-ку!

Эее ту ҳам худро мард меҳисобӣ?! Аз бародарат ибрат гирӣ намешавад. Вайро бин аз ҳамсараш ҷудо шуду соҳиби фарзанд гашт... Дар асл ман ҳамин занатро аз аввал маъқул накарда будам, агар ду поятро ба як мӯза андохта ҳаминро мегирам намегуфтӣ, духтари Холидаро келин мекардам. Ҳамин қадар сол тоқат кардам, бас аст! Тамом! Ҷудо мешавӣ! Ба ман келини фарзандкун лозим, нозой не!

-Модарҷон, ман занамро дӯст медорам, бароям ғайр аз ӯ дигар ягон кас даркор нест. Барои хушбахтии мо фарзанд ин қадар зарур бошад, аз хонаи бачаҳо кӯдак мегирам, аммо аз Зарифа ҷудо намешавам!

-Номаъқул кардӣ! Ба ман бача-пачаи каси дигар золим нест. Набера бошад, аз хуни худам бошад. Ҷудо мешавӣ гуфтам, ҷудо мешавӣ! – дод зад модараш.

Содиқ як ба модараш ва як ба занаш нигоҳ карду гуфт:

-Зарифа, чизу чораатро ғундор, ба хонаи модарат рав!

Зарифа аз қарори ногаҳониӣ шавҳараш ба ҳайрат афтод. Хушдоманаш қаноатмандона ба Содиқ нигоҳ карда гуфт:

-Акнун чашмонат кушода шуд. Ҷавобашро деҳ, мон равад.

-Модарҷон, ман нагуфтам, ки ҷавобашро медиҳам. Танҳо гуфтам, ки ба хонаи модарат рав. Он ҷо то хонаи алоҳида ёфтани ман зиндагӣ карда меистад. Баъди он ки хона ёфтам, ҳардуямон якҷоя зиндагӣ мекунем. Ман ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки ба шумо танҳо дар дар ҳолати соҳиби фарзанд шудан лозимем. Худванд, агар насиб кунаду ягон вақт бачадор шавем, бармегардем,- гуфт бо ситеза Содиқ дар ҷавоби модар.

Холаи Карима аз ин қарори ногаҳониӣ писараш асабонӣ шуда - Хуб мебинем. Бо ин арӯси нозой ту чихел ва кай фарзандор мешавӣ?! Дониста мон, хонаи бефарзанд монанди лаҳад тангу тор аст. Вақте ки хонаат ҳамин гуна тангу тор мешавад, ана баъд мефаҳмӣ... Ва он замон ба наздам гирякунон меоиву "модарҷон маро бубахшед, Шумо ҳақ будаед" мегӯӣ. Ман ана ҳамон вақт саломат медиҳам.

Модар ин суханонро ба забн оварда, хуну борон гиря кард ва баъди он ки дилаш холӣ шуд, ашкҳояшро ба гӯшаи рӯймолаш пок карда ба келину фарзандаш нигаристу гуфт:

-Ҳардуятон аз хонаам баромада равед!. Дигар барнагард....

     Содиқ бо қалби ҳазин ҳамсарашро ба хонаи хушдоманаш бурда монду худаш ба кор рафт.

“ Ин ҳолат пеш ҳам рух дода буд, минбаъд ҳам мешавад, охир мо айб надорем -ку. Худо надиҳад, чӣ кор кунем?! Шояд Худованд моро имтиҳон дорад”-андеша мекард раҳораҳ ҷавон.

Чеҳраи ғамангез Содиқро дида ҳамкораш Одил пурсид:

Содиқҷон чӣ гап шуд? Ин қадар ба фикрухаёл фурӯ рафтаӣ? Аз омаданат ин тараф назора мекунам, ки аз чизе сахт ғамгинӣ. Тинҷи аст?

-Одилҷон, ҳамааш хуб аст, танҳо рӯзҳои охир бисёр дар гирдоби мушкилот ғарқам. Намедонам, ин ҳама кай ҳалли худро меёфта бошад. Эҳҳ, Одил, Одил ба ман аҳамият надиҳед.

- Ғам нахӯр Содиқ, ҳоло ҳамааш хуб мешавад.

- Одил Шумо ягон хонаи холиро намедонед, ки ба иҷора медода бошанд? Як муддат то хона хариданам зиндагӣ карда меистодам.

- Ҳаст Содиқҷон, ҳаст. Дар охири деҳа як замини калон аст. Он ҷо як кулбае ҳаст, аммо, касе зиндагӣ намекунад лекин дар он ҳодисаҳои ғайриоддӣ бисёр рух медиҳад...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД